logo

сиёсат

"УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ". КИТОБИ ТОЗАНАШРИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУАРРИФӢ ШУД

Асари гаронбаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои  Истиқлол» бозгӯкунандаи бурду бохт ва комёбиву дастовардҳои кишварамон дар чоряк асри Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Дар он Пешвои муаззами миллат ҳосили ранҷи андешаҳову пажӯҳишҳо, натиҷаи мулоқот, мушкилот, дар маҷмӯъ, давра ба давра саҳифаҳои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо дид ва нигоҳи нав инъикос намудаанд.
Ин нуктаро Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, дар мизи мудавваре, ки таҳти  унвони «Нақши Иттифоқҳои касаба дар татбиқи сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муаррифии китоби тозанашри «Уфуқҳои Истиқлол», ки бо ташаббуси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гашт, қайд кард.
Зикр гардид, ки асарҳои таълифнамудаи  Пешвои миллат муҳтавои гаронбаҳо дошта, барои имрӯзу фардои миллати тоҷик ҳамчун дастури роҳнамо ба ҳисоб мераванд. Асари мазкур дар баланд бардоштани ғурури миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихормандӣ аз кишвари маҳбуб - Тоҷикистон нақши муассир мегузорад.
Абдуҷаббор Раҳмонзода афзуд, ки китоби «Уфуқҳои Истиқлол» аз сарсухан, панҷ боб ва охирсухан иборат аст.
Дар боби аввали китоб, ки  «Истиқлолияти давлатӣ - марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон» ном гирифтааст, Роҳбари давлат аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлати тоҷикон, зина ба зина ва марҳала ба марҳала эҳё шудани давлати миллӣ ва таҳкими он диққати махсус додаанд.
«Рушди иқтисоди Тоҷикистон ва дурнамои стратегии он» унвони боби дуюм  буда, дар он оид ба масоили иқтисодӣ ва стратегияи ояндаи Тоҷикистон сухан меравад.
Дар боби сеюм масъалаи сиёсати иҷтимоӣ ва натиҷаҳои он мавриди таҳлил қарор гирифта, Сарвари давлат аз дастовардҳои илм, маориф, тандурустӣ, муҳоҷират ва танзими он изҳори ақида намуданд.
Боби панҷум дарбаргирандаи масъалаи манфиатҳои миллӣ ва сиёсати хориҷӣ, мақом ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир аст.
Дар охирсухан бошад, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фардои дурахшони Тоҷикистон назар дӯхтаанд.
«Акнун давраи гузариш ба анҷом расид ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳалаи эҳёву барқарорсозӣ ба марҳалаи рушди устувор қадам гузоштааст. Албатта, дар ин марҳала низ мушкилоти ҷиддие пешорӯи мо хоҳад буд, вале, бо вуҷуди ин, мо тамоми шароит ва имкониятро барои ҳаракат ба сӯйи рушди устувор дорем. Муҳимтар аз ҳама, барои оғози чунин марҳалаи  тақдирсоз ба боварӣ, эътимод ва иродаи қавии мардуми шарифи Тоҷикистони азиз такя менамоем», - омадааст дар охирсухани китоби «Уфуқҳои Истиқлол»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон .
Маҳмуд БАҲРОМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.12.2018    №: 260    Мутолиа карданд: 406
05.12.2020


 СААД ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ИДМ, СҲШ, САҲА, НАТО ВА ИТТИҲОДИ АВРУПОРО ПЕШНИҲОД НАМУД

 ДАР ДУНЁ МОҲЕ 30 МИЛЛИОН ВОЯИ «СПУТНИК V» МЕБАРОРАНД

ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДИИ ЧИН ВА РОССИЯ БА ЗАРБАИ ПАНДЕМИЯ ТОБ ОВАРД

БАЛАНДТАРИН МАНОРАИ "АБУ-ДАБИ ПЛАЗА" - РО "ҚАЗОҚИСТОН" МЕНОМАНД

 ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед