logo

сиёсат

СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ

29 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар ҷараёни суҳбат, ки дар фазои дӯстонаи барои муносибатҳои мутақобилаи ҷонибҳо хос сурат гирифт, сарони давлатҳо ба муносибати Соли нави 2019 табодули табрикот ва таманниёти нек намуданд.
Пешвои миллат ба мардуми дӯсти Россия дар фарорасии Соли нав сулҳ, комёбӣ ва шукуфоии минбаъда таманно намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назарраси шахсии Владимир Путинро дар рушду таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ зикр намуданд.
Таъкид гардид, ки фаъолияти муштараки минбаъдаи мақсаддор дар самти таҳкими он ба манфиатҳои бунёдии халқҳои ҳар ду кишвар ҷавобгӯ буда, омили муҳими суботу амният дар минтақа мебошад.
Ҷонибҳо доир ба минбаъд низ нигоҳ доштани ҷараёни баланди рушди ҳамгироии Тоҷикистону Россия дар ҳама ҷанбаҳои ҳамкорӣ ибрози андеша намуданд. 
Ҷонибҳо доир ба як қатор масъалаҳои муҳими дорои хусусияти дуҷониба ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мубодилаи афкор намуданд.
* * *
28 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат дар фазои дӯстона табодули табрикоти самимии солинавӣ ва таманниёти неки муваффақият, сулҳ ва шукуфоӣ барои мардумони тоҷику ӯзбек намуданд.
Сарони давлатҳо суръати баланди рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли сипаришаванда, инчунин, падидаи мусбат дар соҳаи шарикии минтақавӣ, ки мутобиқ ба манфиатҳои бунёдии халқҳои тамоми Осиёи Марказӣ мундариҷаи нави амалиро фаро мегирад, бо қаноатмандӣ зикр намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назарраси шахсии Сарвари давлати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро дар рушди ин равандҳои созанда таъкид намуданд.
Ҷонибҳо ба идомаи ҳамкории дарозмуҳлати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамаи самтҳо дар сиғаи шарикии стратегии ҳар ду кишвар изҳори итминон намуданд.
Сарони давлатҳо, ҳамчунин, як қатор масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи мутақобиларо баррасӣ намуданд.
* * *
28 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбат, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, сарони ду давлат ба муносибати фарорасии Соли нав табодули табрикоти самимӣ карданд.
Президентҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карда, аз ҷараёни рушди муносибатҳои ҳар ду давлат дар самти шарикии стратегӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Сарони давлатҳо зарурати идома додани ҳамкории муштаракро оид ба пешбурди минбаъдаи шарикии созанда ба манфиати умумии ҳар ду кишвар ва тамоми минтақа таъкид карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатӣ комёбиҳои нав, ба мардуми дӯсти Қазоқистон сулҳ, некуаҳволӣ ва шукуфоии минбаъда таманно намуданд.
* * *
28 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарони давлатҳо ҳамдигарро ба муносибати фарорасии Соли нав табрику таҳният гуфта, ба унвони мардуми ду кишвар табодули таманниёти нек намуданд.
Таъкид гардид, ки дар соли сипаришуда ҳамгироии дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои мухталиф дар маҷрои мусбат рушд кард.
Дар ин замина аҳамияти татбиқи мунтазами тавофуқҳое, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон моҳи феврали соли равон, инчунин, дар дигар вохӯриҳои кории роҳбарони ду давлат ба миён омадаанд, зикр гардид.
Президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон доир ба талошҳои муштараки минбаъда дар самти татбиқи амалии иқтидори бузурги созандаи муносибатҳои дӯстона, ҳамҷавории нек ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Қирғизистон ибрози андеша намуданд.
Зимни суҳбат, ҳамчунин, доир ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Суҳбати телефонӣ дар фазои самимият, дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.12.2018    №: 260    Мутолиа карданд: 267

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед