logo

сиёсат

НАВГОНИҲОИ ДУШАНБЕ

Туҳфаҳои раиси шаҳр ба хонаи кӯдакони № 1
Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, дар остонаи Соли нави мелодӣ раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ дар доираи амалисозии сиёсати иҷтимоӣ ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони синни томактабии № 1-и шаҳри Душанбе» ташриф оварда, кӯдакону мураббиёнро бо фарорасии Соли нав табрик гуфт ва туҳфаҳои солинавӣ – либоси гарми зимистона, бозичаҳо ва шириниҳо тақдим кард. Ҳамчунин, барои тарбиятгирандагон аз номи раиси шаҳр зиёфати солинавӣ ороста шуд. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти муассиса Рустами Эмомалӣ ба масъулони соҳа дастур дод, ки таваҷҷуҳи асосиро ба беҳтар намудани шароити таълиму тарбия равона сохта, барои ин кор тадбирҳои судманд андешанд.
Ёдрас месозем, ки соли 2018 бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хонаи кӯдакони синни томактабии № 1 пурра таъмиру азнавсозӣ гардид.
Дар остонаи Соли нав, ҳамчунин, муассисаҳои дигари пойтахт, ки самти фаъолияташон ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманд мебошад, аз кумаки раиси шаҳр баҳравар шуданд.

Фестивали ҷумҳуриявии сайёҳӣ
Дар доираи тадбирҳо оид ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 30 декабр дар пойтахти мамлакат бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии сайёҳӣ бо номи «Марҳабо ба Душанбе!» оғоз гардид. Он ду рӯз идома ёфт.
 Рӯзи аввал беш аз 100 нафар намояндагони касбу кори гуногуни шаҳру навоҳии мамлакат бо тарзи хизматрасонӣ ба сайёҳон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, фаъолияти шуъбаи Академияи байналмилалии Кембриҷ дар пойтахт ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос гардиданд. Ҳамчунин, шиносоӣ бо меҳмонхона, боғҳои фарҳангӣ - истироҳатӣ ва мавзеъҳои диданбоби сайёҳии шаҳр баргузор шуд. Ширкати вакилони Фестивали ҷумҳуриявии сайёҳӣ дар ҳамоиши ҷумҳуриявии «Ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом доштани солҳои 2019-2021 кафили рушди устувор аст», ки бо иштироки аъзои Маҷлиси миллию вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, вазорату идораҳои дахлдор ва меҳмонон аз тамоми манотиқи мамлакат баргузор гардид.

«Шаҳри орзуҳо»
Дар остонаи Соли нави мелодӣ дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барои кӯдакон барномаи фарҳангию фароғатӣ ва дилхушии «Шаҳри орзуҳо» доир гардид, ки ба он беш аз 2000 нафар кӯдаки бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманд ҷалб шуд. Барнома, ки аз намоиши театришуда, шеъру сурудхонию рақс дар гирди арчаи зебо ороёфтаи солинавӣ ва саҳначаҳои шавқовару рангин иборат буд, аз ҷониби тамошобинони хурдсол бо шодию фараҳ истиқбол ёфт. Ин хурсандиро туҳфаҳои солинавӣ, ки аз номи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ҳамаи иштирокчиёни барномаи солинавии  «Шаҳри орзуҳо» тақдим карда шуданд, дучанд намуд.
С. АЗИЗӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2019    №: 1    Мутолиа карданд: 464
25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед