logo

сиёсат

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ

Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон:
- Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ давоми мантиқии паёмҳои қаблии Сардори давлат буда, дар он тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Президенти кишвар, аз ҷумла таъкид намуданд, ки шиддат, хатар ва таҳдидҳои ҷаҳонии терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир мунтазам боло мераванд. Дар ин замина ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ супориш дода шуд, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир, муборизаро бар зидди терроризму экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд.
Пешвои миллат махсус таъкид намуданд, ки пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ асос меёбад. Аз ин лиҳоз, тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. 
   

Бахтовар САФАРЗОДА,
вакил ва раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ:
- Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон далолат ба рушди минбаъдаи ҷомеаи имрӯзаи кишварамон мекунад. Дар ҳақиқат, имрӯз Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун як кишвари рушдкунанда ва пешсаф эътироф шудааст, ки боиси ифтихору сарфарозии мост.
Аз ҷониби дигар, Паёми имсолаи Пешвои миллат хусусияти инсонмеҳварӣ дорад. Дар он таъмин намудани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як тоҷикистонӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Мақсади эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Азбаски аксари аҳолии кишварамон дар деҳот ба сар мебаранд, пешниҳоди ин ташаббус саривақтӣ ва хеле муҳим мебошад. Мақсади Пешвои миллат ин аст, ки мо ба муваффақиятҳое, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ноил гаштем, қонеъ нашуда, дар баробари такон бахшидани ин соҳаҳо, инчунин, рушди деҳотро таъмин созем.
Дар умум бояд гуфт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат чун паёмҳои пешин саросар ба беҳбудбахшии шароити зиндагӣ, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд нигаронда шудааст.


Сангин ГУЛОВ, 
мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ:
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷатест, ки ҷомеаи моро ба фардои нек роҳнамоӣ мекунад. Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон дар пайванди мантиқӣ бо шароити ҷаҳони муосир мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Агар ба муҳтавои Паём эътибор диҳем, мебинем, ки дар он ба ҳар як бахши ҳаёти ҷомеа қисмате ҷудо гардида, муҳимтарин самтҳои фаъолияти бахш барои ояндаи наздик вазифагузорӣ шудаанд. Паём бори дигар Пешвои миллати моро ҳамчун як сиёсатмадори борикбин, сиёсатмадоре, ки такя ба воқеият мекунад, нишон дод. Дар баробари се ҳадафи стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ барои амалишавӣ ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатисозии босуръати кишвар гузошта шуд, ки тақозои замон аст. Имрӯз барои амалишавии ин стратегия дар кишвар тамоми заминаҳо, чи ҳуқуқӣ ва чи иқтисодиву истеҳсолӣ мавҷуданд. Бовар дорам, ки ин нияти неки Пешвои миллат низ чун дигар нақшаҳои қаблӣ амалӣ мегардад ва Тоҷикистон дар қатори кишварҳои саноатӣ-аграрӣ қарор мегирад.
Ҳамчун омӯзгор дар Паём таваҷҷуҳи маро, пеш аз ҳама, бахши мактабу маориф ҷалб кард. Ба шарофати сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ соҳа ба дастовардҳои камназир ноил  гардид. Дар Паёми навбатӣ таваҷҷуҳи бештар  ба сатҳу сифати таълим равона шудааст. Пайдост, ки пояи ҳамаи зинаҳои таҳсилот аз тарбияи томактабӣ оғоз мешавад. Президент дастур доданд, ки солҳои наздик фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 30 дарсад расонда шавад. Чунин масъалагузорӣ кардани Пешвои миллат низ бархоста аз талабот ва воқеияти имрӯзаи кишвар аст. Бо амалишавии ин вазифа бовар дорам, ки сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот беҳтару хубтар мегардад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.01.2019    №: 2    Мутолиа карданд: 619
05.12.2020


 СААД ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ИДМ, СҲШ, САҲА, НАТО ВА ИТТИҲОДИ АВРУПОРО ПЕШНИҲОД НАМУД

 ДАР ДУНЁ МОҲЕ 30 МИЛЛИОН ВОЯИ «СПУТНИК V» МЕБАРОРАНД

ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДИИ ЧИН ВА РОССИЯ БА ЗАРБАИ ПАНДЕМИЯ ТОБ ОВАРД

БАЛАНДТАРИН МАНОРАИ "АБУ-ДАБИ ПЛАЗА" - РО "ҚАЗОҚИСТОН" МЕНОМАНД

 ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед