logo

илм

Иқлим тағйир меёбад. Чӣ бояд кард?

Маърифати экологии аҳолӣ яке аз асосҳои ташаккулёбии шакли ҳаёти инсон ба ҳисоб рафта, ба таъмини рушди устувори кишвар равона карда шудааст.
Муҳимияти ин масъаларо ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ чораҳои мушаххасеро амалӣ менамояд. Бо ин мақсад  «Барномаи давлатӣ оид ба маърифати экологӣ ва тарбияи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2000-2010» қабул гардида, амалӣ шуда истодааст. Инчунин  бо дастгирии Барномаи Рушди СММ ва Хазинаи глобалии экологӣ дар Тоҷикистон лоиҳаи «Баланд бардоштани маърифати экологӣ ва иштироки тарафҳои дахлдор ҳамчун усулҳои таъсири глобалии экологӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатии мардум» амалӣ мешавад, ки мақсади он асосан аз баланд бардоштани савияи маърифати экологӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва донишгоҳҳо  иборат аст.
Дар солҳои охир проблемаи тағйирёбии глобалии иқлим дар маркази диққати  ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад ва мавриди муҳокимаи васеи байналмилалӣ мегардад. Тағйирёбии глобалии иқлим ба вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолии сайёра таъсири манфӣ дошта, боиси боло рафтани сатҳи камбизоатӣ мегардад. 
Тоҷикистон ҳамчун мамлакати кӯҳсор дорои шароитҳои хоси табиӣ-иқлимӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳудуди Осиёи Марказӣ мавқеи муҳими ҷуғрофиро ишғол менамояд. Шароити табиии кишвар на танҳо хусусиятҳои иқлимии мамлакат, балки дар маҷмӯъ иқлими минтақаро муайян месозанд. Дар Тоҷикистон экосистемаҳои кӯҳӣ мавқеи ҳукмфарморо ишғол менамоянд ва онҳо 80%-и тамоми гуногунии набототу ҳайвонотро фаро мегиранд. Экосистемаҳои кӯҳӣ аз нозуктарин экосистемаҳои сайёра ба ҳисоб мераванд ва ба  тағйирёбии иқлим хеле ҳассос мебошанд.
Тағйирёбии иқлим ба вазъи солимии ҷомеа таъсири манфӣ дорад. Дар натиҷаи гармшавии иқлим барои паҳншавии як қатор касалиҳои сирояткунанда шароити мусоид фароҳам меояд. Зимни гармшавии иқлим паҳнкунандагон ва барангезандагони бисёр бемориҳои сироятӣ хурӯҷ менамояд. Масалан, дар солҳои охир дар Тоҷикистон намуди тропикии касалии вараҷа ба қайд гирифта шудааст, ки пеш мавҷуд набуд. Илова ба ин ҳудуди паҳншавии бемории вараҷа дар минтақаҳои кӯҳӣ то баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр боло рафтааст.  Дар натиҷаи гармшавии иқлим барои паҳншавӣ ва афзоиши хомӯшакҳои вараҷа, ки бемории вараҷаро паҳн мекунанд,  шароити мусоид муҳайё мегардад.
Таъсири номатлуби тағйирёбии иқлимро ба экосистемаҳои кӯҳӣ ва мавҷудоти зиндаи онҳо баъзе мисолҳо собит месозанд. Таҳти таъсири гармшавии иқлим ва маҳдуд гардидани масоҳати пиряхҳо дар вақтҳои охир масоҳати 6 кӯли Помир (Тузкӯл, Шоркӯл, Рангкӯл, Учкӯл, Булункӯл, Аждаркӯл) торафт маҳдуд мегардад. Масалан таи чанд соли охир Шоркӯл, ки дар қисмати шарқии Помир ҷойгир аст,  қариб тамоман хушк гардидааст. Маҳдуд гардидани масоҳати кӯлҳои Помир ба мавзеъҳои зисти парандагони наздиобӣ ва дар об шинокунанда таъсири манфӣ мерасонад. То ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар Рангкӯл ва Шоркӯл ғози ҳиндӣ, ки парандаи нодир ва эндемики минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, лона гузошта афзоиш менамуд. Бо сабаби  маҳдуд гардидани муҳити зист алҳол ғози ҳиндӣ дар Шоркӯл ва Рангкӯл дигар лона намегузорад.
 Тағйирёбии иқлим ба намуди ҳайвоноте, ки ба ғизои  гиёҳҳои сабз эҳтиёҷ дорад,  ҳайвоноти обӣ, аз ҷумла моҳиён, таъсири амиқ дошта,  боиси афзоиши шумораи баъзе намудҳои ҳашароти зараррасони зироатҳои кишоварзӣ мегардад. Тӯли солҳои охир дар шароити Тоҷикистон пай дар пай афзоиш ёфтани малах, кирми ғӯза, тортанаккана, шапалаки туркистонӣ, гамбуски лалмӣ ва ғайра, ки ба зироатҳои кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳанда ва чарогоҳҳо зиёни калони иқтисодӣ мерасонанд, ба қайд гирифта шудааст.
Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол солҳои охир дар баррасии  масъалаҳои ҳалталаби экологӣ, аз ҷумла  тағйирёбии иқлим, иштироки фаъолона дорад. Соли 1998 аз ҷониби Ҳукумати кишвар Конвенсияи  тағйирёбии иқлим ба тасвиб расидааст ва дар асоси талаботи ин Конвенсия оид ба паст намудани шиддати таъсири  тағйирёбии иқлим як қатор тадбирҳо андешида шудааст. Аз ҷониби Муассисаи давлатии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби васеи коршиносон ду Ахбороти миллӣ оид ба тағйирёбии иқлим таҳия шуд, ки дар онҳо маълумотҳои мавҷуда оид ба  тағйирёбии иқлим таҳлил ва ҷамъбаст гардидаанд. Аз ҷониби Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷабҳаҳои гуногуни ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла масъалаҳои тағйирёбии иқлим, оби тоза, гидроэнергетика, дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ ташаббусу пешниҳодҳои  мушаххас ироа гаштаанд, ки онҳо ба беҳдошти вазъи экологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ равона гардидаанд.  3 сентябри соли ҷорӣ Президенти кишвар, мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба тағйирёбии глобалии иқлим, ки дар Женева баргузор гардид, суханронӣ карда,  вазъи тағйирёбии иқлимро дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҳлили амиқ намуд. Дар маърӯзаи Президенти кишвар проблемаи нигаҳдории пиряхҳо ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ таҳлил шуда, махсус зикр гардид, ки ҳалли самараноки ин проблема ба кӯшиши якҷояи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ вобастагӣ дорад  ва яке аз роҳҳои паст намудани шиддати тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ инкишофи гидроэнергетика ба ҳисоб меравад. Истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар муқобили энергияи сӯзишворӣ метавонад партовҳои газҳои гармиро ба атмосфера маҳдуд созад ва таъсири номатлуби тағйирёбии иқлимро то андозае паст намояд.
Мутобиқшавӣ ба шароити тағйирёбандаи иқлим тақозо менамояд, ки сатҳи фаҳмиши мардум оид ба ин масъала баланд бардошта шавад.

А. САИДОВ,
Н. САИДОВ,
номзадҳои илмҳои биологӣ,
Ҳ. ГУЛАҲМАДОВ,
 номзади илмҳои
техникӣ.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2417
14.08.2020


САНГВОР. ДЕҲАҲО ТАРОВАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

ВАҲДАТ. ЭҲСОСИ ШУКӮҲИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ДАЪВАТИ СММ АЗ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ҶАҲОН – 2022. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ИНТИХОБӢ СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕШАВАНД

12.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 39 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ВИДЕОКОНФРОНСИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ЯПОНИЯ”

ВОХӮРИИ МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО МУҲАММАД ЗОҲИР АҒБАР

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФОСИЛАВИИ «ТОЗАГӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ»

ЛИГАИ АВРУПО. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМНИҲОӢ МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед