logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚИСМИ II

Моддаи 1.  Ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми II, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 323; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 170; с. 2006, № 4, мод. 194; с. 2009, № 12, мод. 821; с. 2010, № 7, мод. 540; с. 2012, № 7, мод. 699; с. 2013, № 7, мод. 505), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 527 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 527.  Нигоҳ доштани ҳуқуқи моликиятии фурӯшанда
1.  Агар дар шартномаи хариду фурӯш нигоҳдории ҳуқуқи моликият ба мол ба фурӯшанда то пардохти он ё фарорасии дигар ҳолатҳо пешбинӣ шуда бошад, харидор ҳуқуқ дорад, ки танҳо ҳамон қисми арзиши молро, ки аз бақияи нархи ба фурӯшанда пардохтшаванда зиёд аст, фурӯшад, ба гарав гузорад ё ба тарзи дигар ихтиёрдорӣ намояд.  Харидор аз лаҳзаи гирифтани мол таваккали тасодуфан нобуд шудан ё зарар дидани он, масъулият оид  ба  нигоҳдорӣ, таъмир ва дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳои моликро ба ӯҳда дорад.
Агар дар қонун дигар ҳолат пешбинӣ нашуда бошад, маҳсулот, самара ва дигар даромадҳое, ки харидор дар натиҷаи истифодаи моли гирифташуда ба даст овардааст, мавзӯи гарав вобаста ба таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои ӯ аз ҷониби харидор дар назди фурӯшанда оид ба пардохти мол мебошад. 
2.  Дар ҳолатҳои дар мӯҳлати пешбининамудаи шартнома пардохт нагардидани моли додашуда ё фаро нарасидани ҳолатҳои дигари гузариши ҳуқуқи моликият ба харидор фурӯшанда ҳуқуқ дорад аз харидор баргардонидани молро талаб намояд ё молро бо тартиби барои фурӯши мавзӯи гарав пешбинишуда фурӯшад.  Дар ин ҳолат маблағҳои аз фурӯши мол бадастомада бо тартиби барои фурӯши мавзӯи гарав муқаррарнамудаи қонун тақсим карда мешаванд.
3.  Фурӯшанда нисбати харидори моли фурӯхташуда кредитори таъминшуда мебошад. 
4.  Харидор ҳуқуқ дорад то фурӯши мол ӯҳдадориҳоро оид ба пардохти арзиши мол ё ҳамон қисме, ки иҷрои он ба таъхир гузошта шудааст, иҷро намуда, рӯёндан аз ҳисоби онро қатъ намояд.  Созишномае, ки ин ҳуқуқро маҳдуд менамояд, эътибор надорад. ».
2.  Ба моддаи 645 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5.  Ба муносибатҳои тарафҳо оид ба шартномаи харида гирифтани молу мулки ба кироя гирифташуда қоидаҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ), ба истиснои муқаррароте, ки ба фурӯшандаи мавзӯи лизинг дахл дорад, татбиқ мегарданд. ».
3.  Ба моддаи 693 қисмҳои 3 ва 4 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«3.  Аз лаҳзаи додани объекти лизинг ба иҷорагир талаботи иҷорадеҳ объекти таъминшудаи лизинг эътироф мешаванд ва худи иҷорадеҳ бошад, кредитори таъминшуда эътироф мешавад. 
4.  Иҷорагир ҳуқуқ дорад танҳо ҳамон қисми арзиши мавзӯи лизинг, ки аз бақияи пардохтҳои лизингӣ зиёд аст, фурӯшад, ба гарав гузорад ё ба тариқи дигар ихтиёрдорӣ намояд. ».
4.  Ба банди якуми қисми 1 моддаи 844 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Дар ҳолати гарав, гузашти талабҳои пулӣ ё ба тариқи дигар додани он ба якчанд шахсон навбати қонеъгардонӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. ».
5.  Қисми 2 моддаи 879 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2.  Ҳангоми нокифоя будани маблағҳои пулии суратҳисоб барои қонеъгардонии тамоми талабҳои ба молики суратҳисоб пешниҳодшуда, аз ҳисоб баровардани маблағҳои пулӣ тибқи тартиби зерин анҷом дода мешавад:
- дар навбати аввал аз ҳисоб баровардан аз рӯи талаботи кредиторон, ки дар суратҳисоби бо маблағҳои пулӣ таъминшуда ва дар Феҳристи ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои таъминшуда ба қайд гирифта шудаанд ва аз рӯи ҳуҷҷатҳои иҷро, ки интиқол ё додани маблағҳои пулиро аз суратҳисоб барои қонеъгардонии талабҳои ҷуброни зарар, ки ба ҳаёт ва саломатӣ расонида шудааст, инчунин талабҳо оид ба ситонидани алиментро пешбинӣ менамояд;
- дар навбати дуюм аз рӯи талаботи кредиторон, ки дар суратҳисоби бо маблағҳои пулӣ таъминшуда ва дар Феҳристи ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои таъминшуда ба қайд гирифта нашудаанд ва аз рӯи ҳуҷҷатҳои иҷро барои ҳисобу китоб оид ба пардохти маблағи барои аз кор рафтан ва пардохти музди меҳнат ба шахси тибқи шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла тибқи қарордод коркунандаро, ки маблағгузаронӣ ё додани маблағи пулиро, инчунин оид ба пардохти мукофотпулӣ тибқи шартномаи муаллифиро пешбинӣ менамояд;
- дар навбати сеюм аз ҳисоб баровардан аз рӯи ҳуҷҷатҳои пардохт, ки пардохт ба фондҳои буҷетро пешбинӣ менамояд;
- дар навбати чорум аз ҳисоб баровардан аз рӯи ҳуҷҷатҳои иҷро, ки қонеъ гардонидани дигар талаботи пулиро пешбинӣ менамояд;
- дар навбати панҷум аз ҳисоб баровардан аз рӯи дигар ҳуҷҷатҳои пардохт тибқи тартиби навбати тақвимӣ.
Аз ҳисоб баровардани маблағҳо аз суратҳисоб тибқи талаботи марбут ба як навбат мувофиқи тартиби навбати тақвими ворид гардидани ҳуҷҷатҳо анҷом дода мешавад. ».
6.  Ба  моддаи 892 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4.  Қабулкунандаи маблағ метавонад ҳуқуқҳои худро оид ба қабули пардохтҳо аз рӯи аккредитив дар ҳолатҳои иҷрои ҳамаи шартҳои он мутобиқи шартнома гузашт намояд, ба гарав гузорад ё ба тариқи дигар ихтиёрдорӣ намояд. ».
7.  Ба қисми 2 моддаи 934 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Агар ба молу мулки аз рӯи шартномаи комиссия бадастомада ҳуқуқҳои шахсони сеюм мавҷуд бошанд, навбати қонеъгардонии талаботи комитент, комиссионер ва шахсони сеюм мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. ».
8.  Ба моддаи 950 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3.  Агар ба молу мулке, ки аз рӯи  шартномаи идораи ба боварӣ асосёфта ба даст омадааст, ҳуқуқҳои шахсони сеюм мавҷуд бошанд, навбати қонеъгардонии талаботи муассиси идора, сардори ваколатдор ва шахсони сеюм мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. ». 
Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, №  1558


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми II»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми II» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ш.  ЗУҲУРОВ
ш.  Душанбе, 17 октябри соли 2018, № 1197


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми II»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми II»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:   
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми II» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                М.  УБАЙДУЛЛОЕВ
ш.  Душанбе,  25 декабри соли 2018, №  582


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2019    №: 3-4    Мутолиа карданд: 160

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед