logo

иҷтимоиёт

ИСТАРАВШАН. ДАР МАСИРИ РУШД

Ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар Истаравшани бостонӣ сол ба сол корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза гирифта, шаҳр ободтару зеботар мегардад. Дар натиҷаи аз ҷониби масъулин андешидани тадбирҳои мушаххас, тайи ин солҳо тамоми соҳаҳои хоҷагидорӣ рушду нумӯ карда, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ беш аз пеш афзуда истодаанд.
Ба гуфтаи раиси шаҳр Баҳром Иноятзода дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳо даромади буҷети ҷумҳуриявӣ 101,2 дарсад таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 милион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми савдои чакана ва хизматрасониҳои пулакӣ сол ба сол меафзояд  ва дар ин давра мутаносибан беш аз 1 миллиард сомонӣ ва  наздики 247 миллион сомониро ташкил дод, ки ин омил дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ нақши муассир мегузорад.

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗИВУ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД
Роҳбарияти шаҳр ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ҳамчун омили асосии расидан ба яке аз ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Тавассути гузарондани ислоҳоти соҳа, амалӣ намудани барномаҳои рушд, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида  ва зиёд кардани майдони боғу токзор соҳа беш аз пеш рушд ёфта истодааст. Дар ин давра ба маблағи қариб 1 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 204 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Имсол бо мақсади афзун намудани ҳаҷми истеҳсол, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он  зиёда аз 3000 гектар замини мавзеи “Зарнисор” обёрӣ шуда, беш аз 800 гектар замини бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид гашт.
Солҳои охир иқдомҳои масъулин барои аз минтақаи аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ табдил додани шаҳр  равона гаштаанд. Аз ҷумла, дар баробари корхонаҳои мавҷуда, соли ҷорӣ корхонаҳои нави  “Се стандарти кӯҳкорӣ”, “Авангард-213”, “Нур принт”, “Меҳри Хуҷанд”, “Ҳаёт Ҳ”, “Рахшон” ва сехҳои дӯзандагию халтабарорӣ ва мӯзабарорӣ таъсис ёфта, филиали коргоҳи маҳсулоти шири “Асил”-и шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид. Инчунин, бо ҷалби соҳибкорон то соли 2020 бунёди корхонаҳои коркарди шир, истеҳсоли санги мармар ва оҳаксанг, қуму шағал, шлакоблок, макарону кулчақанд ва ҳасибу маҳсулоти гӯштӣ  дар назар аст, ки садҳо нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд гашт. Ҳамчунин, давоми солҳои 2019 – 2020 дар шаҳраки «Баҳористон» ташкили минтақаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин давра корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи беш аз 390 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки аз нақшаи пешбинишуда 31 миллион сомонӣ зиёд аст. Корхонаҳои «Оби зулол», «Ноҳид», «Нексоз», «Умаров С», «Раҳимӣ Т», «Аъло 7», «Саддам», «Камолҷон - 2013», «Автошина», «Авангард - 2013», «Дизайн», «Бунёдкор Б», «Садаф» ва ғайра фаъолияти пурмаҳсул намуда, иҷрои нақшаро то 313,4 дарсад таъмин намуданд.      

СИМОИ НАВИ ШАҲРИ КУҲАН
Мавриди зикр аст, ки нақшаи генералии шаҳр соли 2012 аз тарафи ҶСК «Шаҳрофар» таҳия шуда, соли 2013 бо қарори Ҳукумати мамлакат тасдиқ гардид. Дар доираи татбиқи он, иншооти гуногуни фарҳангию маишӣ, истеҳсолӣ, истиқоматӣ ва марказҳои хизматрасонӣ бунёд шуданд. Соли ҷорӣ корҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳр вусъати тоза пайдо карда, майдонҳои Нишону Парчами давлатӣ ва Ғалаба, Маҷмааи фарҳангию меъмории “Қалъаи Муғ”, Маҷмааи хизматрасонии “Истиқлол” ва меҳмонхонаи “Киропол”, биноҳои нави мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 64 ва 65 пас аз таъмиру барқарорсозӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин росто, ба пешвози Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии 420  иншоот дар назар аст, ки 112-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

ШАҲРИ ТАМАДДУНҲО
Истаравшан аз замонҳои қадим ҳамчун маркази илму фарҳанг, ҳунар, савдо ва бозоргонӣ маъруф буда, аз мулкҳои бостонии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Онро шаҳри тамаддунҳо низ ном мебаранд. Сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ” қайд намуданд, ки: “Истаравшани бостонӣ яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, таъриху тамаддун, адабу фарҳанги дерина дорад ва тайи асрҳои зиёд дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии минтақа нақши муассир бозидааст. Номи Истаравшан дар сарчашмаҳои куҳани таърихӣ дар қатори бузургтарин шаҳрҳои минтақаи Осиёи Марказӣ зикр гардидааст. То ба рӯзгори мо маҳфуз мондани беш аз 150 ёдгории таърихиву фарҳангӣ, ки ҳар яке аз онҳо собиқаи аз 1500 то  3000- сола дорад, гузаштаи бисёр деринаи онро нишон медиҳад”.
Дар баробари ин, Истаравшан аз давраҳои пеш маркази ҳунару ҳунармандӣ буда, то ҳол мардуми бедордилаш урфу анъанаҳои ниёгонро чун гавҳараки чашм пос медоранд. Бисёр кӯчаву гузарҳои шаҳр ба унвони касбу ҳунарҳои миллии сокинонаш, ба монанди мисгарону оҳангарон, кордгарону кулолгарон, шонатарошону дуредгарон, сангтарошону мӯзадӯзон, қолинбофону танӯрсозон, читгарону мехчагарон ва ғайра номгузорӣ шудаанд, ки гувоҳи ривоҷи навъҳои гуногуни ҳунар дар ин гӯшаи диёрамон мебошад. Ин аст, ки маҳсули дастони эъҷозофари ҳунармандони Истаравшан осорхонаҳо шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд, Тошканд, Москва, Санкт-Петербургро зебу зинат бахшида, дар кишварҳои бузурге ба мисли Олмону Фаронса ҳаводорони зиёд доранд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2019    №: 3-4    Мутолиа карданд: 220

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед