logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Моту Конишӣ

10 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Моту Кониширо ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистин бо ин муассисаи бонуфузи байналмилалии молиявӣ баррасӣ гардиданд.
Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки айни ҳол дар Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ 18 лоиҳа бо маблағи 212 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад, ки аз он 110 миллионаш грант ё худ кӯмаки бебозгашт аст.
Гуфтугӯйи судманд оид ба ҳамкории босамар баҳри коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба Тоҷикистон ва мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, пеш аз ҳама рушди  соҳаҳои энергетика ва кишоварзӣ сурат гирифт.
Сардори давлат Эмомалӣ     Раҳмон Стратегияи кишварии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Тоҷикистон барои солҳои 2010-2013 - ро мавриди баррасӣ қарор дода, изҳори боварӣ намуд, ки дар он масоили вобаста ба таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва рушди ҳамкории минтақавӣ мақоми хос хоҳанд дошт.
Моту Конишӣ изҳор дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ омодааст баҳри тезондани асосноксозии иқтисодӣ-техникӣ ва баҳодиҳии иҷтимоӣ-экологии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун ва ҳамчунин лоиҳаи хати интиқоли барқи КАСА  - 1000 тадбирҳои муассир андешад. ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ омодааст ба Тоҷикистон дар коҳиш додани таъсири бӯҳрони энергетикӣ дар мавсими зимистон кӯмак расонад, аз ҷумла тавассути маблағгузории воридоти нерӯи барқ аз хориҷи кишвар.
Ёдовар мешавем, ки хати 500 - киловолтаи интиқоли нерӯи барқ КАСА - 1000 бояд аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон кашида шавад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он дошт, ки дар шароити кунунии минтақаи Осиёи Марказӣ роҳи асосӣ ва ягонаи таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон ин таҷдиди нерӯгоҳҳо ва воситаҳои мавҷудаи интиқоли нерӯи барқ ва сохтмони хатҳо ва нерӯгоҳҳои нави обӣ мебошад.
Гуфтугӯйи судбахш ҳамчунин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла баҳри ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва ҳам доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.

* * *
Моту Конишӣ, директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳояшро ба намояндагони воситаҳои ахбори омма чунин баён намуд:
-Дар мулоқот бо ҷаноби Президент мо атрофи як қатор масъалаҳои вобаста ба рушди гидроэнергетикаи Тоҷикистон, аз ҷумла иштироки  фаъолонаи Бонки ҷаҳонӣ барои пешрафти соҳа, ҷалби сармояи кишварҳои мададрасон ҷиҳати ворид сохтани нерӯи барқ ба кишвар ва таъмини аҳолӣ бо барқ дар фасли сармо табодули назар намудем. Зикр гардид, ки дастгирии бахши гидроэнергетикаи кишвар аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон мебошад.
Директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ иброз дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон барномаи мукаммали бо барқ таъмин сохтани аҳолии кишварро тарҳрезӣ кардааст. Бонки ҷаҳонӣ омода аст барои ворид сохтани қувваи барқ аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон сармоя гузорад. Дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳми худро мегузорад. Дар робита Бонки ҷаҳонӣ барои ҷалби сармояи кишварҳои мададрасон мусоидат хоҳад кард.
Моту Конишӣ гуфт, ки дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон, Сардори давлати Тоҷикистон, ба онҳо дар бораи вазъи феълии энержӣ дар Осиёи Марказӣ маълумот дод. Таъкид ба амал омад, ки рушди соҳа на танҳо ба нафъи Тоҷикистон, балки ба манфиати кулли кишварҳои минтақа аст.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 623

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед