logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КАРАНТИН ВА МУҲОФИЗАТИ РАСТАНИҲО

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии карантин ва муҳофизати растаниҳо, гузаронидани чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муомилот бо воситаҳои муҳофизати растаниҳоро муайян намуда, ба нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи саломатии инсон, ҳайвонот ва муҳити зист равона шудааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- агрокимиёҳо – нуриҳо, ғизодоруҳои (мелиорантҳои) кимиёвӣ ва иловаҳои ғизоӣ, ки барои сабзиш, инкишоф ва баланд бардоштани ҳосилнокии растанӣ, инчунин танзими ҳосилхезии хок истифода бурда мешаванд;
- алафҳои бегона – растаниҳои худрӯй, ки сабзиши онҳо боиси ифлосшавии кишти зироатҳои кишоварзӣ, боғот, токзорҳо, хатҳои ҷангалзор, заҳбурҳо, ҷӯйборҳо ва қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ мегардад;
- анбори махсус – биное, ки бо мақсади нигоҳдории бехавфи пеститсидҳои мавриди истифода қарордошта, барои истифодабарӣ манъшуда, муҳлати истифодабариашон гузашта ё ношоям, инчунин зарфҳои холии онҳо пешбинӣ шудааст;
- арзёбии карантинию фитосанитарӣ – гузаронидани санҷиши маводи таҳти карантин қарордошта бо мақсади тасдиқ кардани бехатарии карантинии он, пешгирӣ намудани паҳншавии организмҳои зараррасон ва алафҳои бегона; 
- бехатарии карантинию фитосанитарӣ – вазъи муҳофизатии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хавфҳое, ки дар натиҷаи ворид ва паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ ба миён меоянд;
- безараргардонии пеститсидҳо – чорабиниҳо оид ба безарар гардонидан ва нобуд кардани пеститсидҳои барои истифодабарӣ манъшуда, муҳлати истифодабариашон гузашта ё ношоям, инчунин зарфҳои холии онҳо, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар объектҳои махсус гузаронда мешаванд;
- бори транзитӣ –маҳсулот ё маводи дигаре, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари дигар интиқол дода мешавад ва нисбат ба он чораҳои карантинию фитосанитарӣ татбиқ мегарданд;
- бори реэкспортӣ – мавод ва маҳсулоте, ки қаблан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд ва бо риояи низоми гумрукӣ ба кишвари дигар содир мегарданд;
- вазъи карантинию фитосанитарӣ – ҳолати дар маводи таҳти карантин қарордошта бавуқӯъомада, ки дар асоси миқдор ва ҳадди зарарнокии организмҳои зараррасон, карантинӣ ва махсусан хавфнок муайян карда мешавад;
- воситаҳои муҳофизати растаниҳо – моддаҳои кимиёвӣ, воситаҳои биологӣ, техникӣ ва тадбирҳои дигаре, ки барои пешгирии дохилшавӣ ва паҳншавии организмҳои зараррасон, карантинӣ ва махсусан хавфнок бо мақсади нобуд ё кам кардани миқдор ва ҳадди зарароварии онҳо ба растаниҳо ва (ё) маҳсулоти растанӣ истифода мешаванд;
- дегазатсия – безарар гардондани моддаҳои заҳрнок;
- иҷозати воридоти карантинӣ – ҳуҷҷати расмие, ки дар ҳолати риоя намудани талаботи фитосанитарӣ ба воридоти мавод иҷозат медиҳад;
- карантини растаниҳо – низоми ҳуқуқӣ, ки амалисозии маҷмӯи чорабиниҳои муҳофизати растаниҳо ва маҳсулоти онҳоро аз организмҳои зараррасони карантинӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд;
- касалии растанӣ – раванди ғайритабиие, ки дар ҳуҷайра ва узвҳои растаниҳо дар натиҷаи таъсири ангезандаҳои касалиҳо (микроб, бактерия, микоплазма ва занбӯруғҳо) ё шароити номусоиди муҳити сабзиш ба миён меояд;
- қайди давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо – расмиёти ба Феҳристи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо пас аз санҷишҳо ва таҷрибаҳои саҳроии қайдшаванда ворид намудани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ гузаронида мешавад;
- қоидаҳои нигоҳдорӣ ва интиқоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳо – талаботи ҳатмии бехатарӣ нисбат ба шароиту технологияҳои нигоҳдорӣ ва интиқоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;
- қоидаю меъёрҳои таъмини карантин ва муҳофизати растаниҳо – санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуҷҷатҳои дигари методӣ дар бораи таъмини карантин ва муҳофизати растаниҳо;
- маводи таҳти карантин қарордошта – растанӣ, маҳсулоти он, ҷойи нигоҳдорӣ, хок, воситаи нақлиёт, борҷома, зарф, масолеҳи борбандӣ, ё ҳар гуна организм, мавод ва объекти дигар, ки метавонанд манбаи паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гарданд;
- мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо (минбаъд - мақомоти ваколатдори давлатӣ) – мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо амалӣ гардонида, дар доираи ваколатҳои худ фаъолиятро дар соҳаи мазкур ҳамоҳанг месозад;
- маҳсулоти растанӣ – растанӣ, қисмҳо ва маҳсулоти он (тухм, барг, поя), ки ба сифати ашёи хом ё мақсадҳои дигари истеҳсолию истеъмолӣ истифода мешаванд;
- маҳсулоти содиршаванда – миқдори муайяни растанӣ, маҳсулоти он ва ё маводи дигаре, ки дар асоси сертификати фитосанитарӣ ба давлати дигар содир карда мешавад;
- минтақаи карантинию фитосанитарӣ – ҳудуде, ки дар он ҳангоми ошкор шудани организмҳои зараррасони карантинӣ тартиботи карантинӣ ҷорӣ гардидааст ва чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ татбиқ карда мешаванд;
- минтақаи аз организмҳои зараррасони карантинӣ озод (минбаъд минтақаи озод) – минтақае, ки дар он мавҷуд набудани организмҳои зараррасони карантинӣ пас аз ташхиси хатари карантинию фитосанитарӣ илман исбот гардидааст;
- мониторинги карантинию фитосанитарӣ – низоми чорабиниҳо, ки раванди тадқиқ, мушоҳида ва баҳисобгирии инкишофу паҳншавии организмҳои зараррасон, карантинӣ ва махсусан хавфнок, инчунин омода намудани пешгӯйии паҳншавии онҳоро дар бар мегирад;
- муомилот бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо – амалҳое, ки бо мақсади омӯзиш, санҷиш, коркард, такмил, истеҳсол, фурӯш, нигоҳдорӣ, интиқол, истифодабарӣ, безараргардонӣ ва банду басти пеститсидҳо ва агрокимиёҳо анҷом дода мешаванд;
- муҳофизати растаниҳо – низоми чорабиниҳое, ки мубориза бар зидди касалиҳо, алафҳои бегона, организмҳои зараррасон ва организмҳои зараррасони махсусан хавфнок ва тартиби муомилот бо воситаҳои муҳофизати растаниҳоро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд;
- назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ – фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ташкилотҳои давлатии дигар, ки ба ошкор ва муайян кардани организмҳои зараррасон, карантинӣ ва махсусан ҳавфнок, огоҳонидан ва пешгирӣ намудани риоя накардани қоидаю меъёрҳои таъмини карантин ва муҳофизати растаниҳо ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст;
- организми зараррасони карантинӣ – организме, ки барои минтақаи зери хавф қарордошта зарари имконпазири иқтисодӣ дорад ва объекти татбиқи расмиёти амалигардонии чораҳои карантинию фитосанитарӣ мебошад;
- организмҳои зараррасон – намуд, навъ ё биотипи растанӣ, ҳайвонот ё барангезандаҳои касалиҳо, ки дар ҳолати афзоиш ва паҳншавии оммавӣ қарор дошта, метавонанд ба ҳаҷми истеҳсол, сифат, бехатарӣ ва арзиши истеъмолии маҳсулот таъсири манфӣ расонанд;
- организмҳои зараррасони махсусан хавфнок – организмҳои зараррасон ва барангезандаҳои касалиҳои растаниҳо, ки хавфи вазъияти фавқулодаро ба вуҷуд оварда, қобилияти оммавии такроран афзоишу паҳншавӣ доранд ва ба иқтисодиёт ва муҳити зист зарар мерасонанд ва аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ба рӯйхати организмҳои зараррасони махсусан хавфнок ворид карда шудаанд;
- пеститсидҳо – моддаҳо, пайвастҳо ва омехтаҳои кимиёвӣ ва биологӣ, ки ҳамчун воситаи муҳофизати растаниҳо барои мубориза бар зидди организмҳои зараррасон, касалиҳои растанӣ, алафҳои бегона, микроорганизмҳо ва паразитҳо, инчунин барои хушконидан ва резонидани барги растанӣ истифода мешаванд;
- растанӣ – организми зиндаи биологӣ ва қисмҳои он, аз ҷумла тухмӣ ва маводи генетикӣ;
- санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо – тартиби тасдиқи истифодабарии мақсаднок ва бехавфи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ки арзёбии биологӣ, токсикологӣ, беҳдоштӣ ва экологиро дар бар гирифта, дар раванди онҳо мувофиқати таркиб, хусусиятҳои кимиёвию воқеӣ ва шакли дорувории онҳо ба талаботи санадҳои меъёрии техникӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд;
- сертификати фитосанитарӣ – ҳуҷҷати намунаи байналмилалие, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дода мешавад ва мутобиқати маводи таҳти карантин қарордоштаро ба қоида ва меъёрҳои таъмини карантини растанӣ тасдиқ мекунад;
- тартиботи карантинӣ – дар давраи муайян аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани маҳдудият, манъ кардани истифодабарӣ ва ё содироти маводи таҳти карантин қарордошта дар минтақаи карантинию фитосанитарӣ;
- ташхиси хатари карантинию фитосанитарӣ – раванди арзёбии маълумоти биологӣ, иқтисодӣ ё маълумоти дигари илмӣ, ки бо мақсади муайян кардани қобилияти зараррасонии организмҳо ва зарурати амалӣ намудани чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ гузаронда мешавад;
- фумигатсия – коркарди мавод бо моддаҳои кимиёвӣ (бо роҳи газолуд кардан), ки тамоми сатҳи маводро дар бар мегирад;
- Феҳристи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо (минбаъд - Феҳристи давлатӣ) – махзани давлатии иттилоотӣ дар бораи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ки истифодаи онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст ва пешбурди онро мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ менамояд;
- ҳадди иқтисодии зарароварӣ – миқдори организмҳои зараррасон, карантинӣ ва махсусан хавфнок, ки боиси талафёбии растанӣ ва маҳсулоти растанӣ гардида, зарурати гузарондани чорабиниҳои карантинию фитосанитариро ба миён меоранд;
- чорабиниҳои муҳофизати растаниҳо – маҷмӯи чораҳое, ки барои кам кардани миқдори организмҳои зараррасон ва организмҳои зараррасони махсусан хавфнок ва паст намудани дараҷаи зарароварии онҳо ба растанӣ ва маҳсулоти растанӣ, инчунин бартараф намудани ҳадди иқтисодии зарароварӣ истифода мешаванд;
- чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ – маҷмӯи чораҳое, ки барои ошкор кардан, маҳдуд ва барҳам додани манбаъҳои организмҳои зараррасони карантинӣ, инчунин роҳ надодан ба паҳншавии онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.  
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Таъмини карантин ва муҳофизати растаниҳо
1. Карантини растаниҳо дар асоси қабул ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии техникӣ дар соҳаи карантини растаниҳо, иҷрои чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва амалӣ намудани назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ таъмин карда мешавад.
2. Муҳофизати растаниҳо бо риояи талаботи зерин анҷом дода мешавад:
- қабул ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии техникӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои дигари методӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо;
- муайянкунии самаранокии биологӣ ва муқаррар намудани дастурҳои истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;
- ташкили истеҳсоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, амалигардонии чораҳо оид ба муҳофизати растаниҳо;
- таъсис ва истифодабарии фонди захиравии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;
- ташаккулдиҳӣ ва истифодабарии махзани давлатии иттилоотӣ оид ба муҳофизати растаниҳо.
Моддаи 4. Принсипҳо ва вазифаҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо
1. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- асоснокии илмӣ, экологӣ ва иқтисодии амалигардонии чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо;
- афзалият дар истифодабарии воситаҳои биологии муҳофизати растаниҳо;
- шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои карантин ва муҳофизати растаниҳо;
- таъмини аҳолӣ бо иттилооти пурра, саҳеҳ ва саривақтӣ оид ба амалигардонии чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо.
2. Вазифаҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо иборатанд аз:
- таҳия ва татбиқи консепсия, барнома ва нақшаи чорабиниҳои дахлдор;
- танзими ҳуқуқӣ ва техникӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо;
- таъмини вазъи мусоиди фитосанитарӣ ва амнияти озуқаворӣ;
- таъмини ҳифзи саломатии инсон, ҳайвонот ва муҳити зист дар раванди амалисозии чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо;
- мониторинги карантинию фитосанитарӣ;
- назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо;
- амалигардонии чорабиниҳои дигар оид ба карантин ва муҳофизати растаниҳо.
Моддаи 5. Маблағгузории чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо
1. Маблағгузории чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин манбаъҳои дигари манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Маблағгузории чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо дар минтақаи карантинию фитосанитарӣ ҷиҳати тоза кардан ва барҳам додани манбаъҳои организмҳои зараррасон, карантинӣ ва махсусан хавфнок, баргардондани маводи таҳти карантин қарордошта ба давлати содиркунанда, гузарондани экспертиза ва санҷишҳои пеститсидҳо ва агрокимиёҳои ба қайди давлатӣ гирифташаванда, безараргардонии пеститсидҳои барои истифодабарӣ манъшуда, муҳлати истифодаашон гузашта ё ношоям, инчунин зарфҳои холии онҳо аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
3. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд:
- чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо аз организмҳои карантинӣ, махсусан хавфнок ва алафҳои бегона тибқи номгӯйи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда;
- таъмини тартиботи карантинӣ дар минтақаи карантинию фитосанитарӣ;
- ташаккулдиҳӣ, навкунӣ (ивазкунӣ) ва истифодабарии фонди захиравии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;
- гузаронидани мониторинги карантинию фитосанитарӣ ва назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ.
Моддаи 6. Уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки маводи таҳти карантин қарордоштаро истеҳсол, захира ва ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз ҳудуди он содир менамоянд, инчунин ба интиқол, коркард, фурӯш ва истифодаи он машғуланд, уҳдадоранд:
- талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии техникиро риоя ва иҷро намоянд;
- ба объектҳои таҳти карантин қарордошта бемамониат ворид шудани шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатиро таъмин намуда, ба онҳо маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод созанд;
- мақомоти ваколатдори давлатиро оид ба ворид намудани маводи таҳти карантин қарордошта ва макони нигоҳдории он огоҳ намоянд;
- безараргардонӣ ё барҳам додани манбаъҳои организмҳои зараррасони карантиниро дар ҳолати ошкор кардани онҳо таъмин намоянд;
- тартиботи карантиниро риоя намоянд;
- дар вақти интиқоли маводи таҳти карантин қарордошта восита ва усулҳоеро истифода намоянд, ки ба имконияти сироятёбии ҳудудии организмҳои зараррасони карантинӣ мусоидат намекунанд.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар соҳаи муҳофизати растаниҳо фаъолият менамоянд, уҳдадоранд:
- талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии техникиро риоя ва иҷро намоянд;
- ба шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ тибқи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, пешниҳоди маълумот ва ҳуҷҷатҳоеро, ки барои амалӣ намудани назорати давлатӣ заруранд, сари вақт таъмин намоянд;
- қоидаҳои бехатарии муомилот бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро риоя намоянд;
- истифодаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳои ба Феҳристи давлатӣ воридшударо ба роҳ монанд;
- пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро дар анборҳои махсус нигоҳ доранд ва пеститсидҳои барои истифодабарӣ манъшуда, муҳлати истифодаашон гузашта ё ношоям, инчунин зарфҳои холии онҳоро бо тартиби тасдиқнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ безарар гардонанд;
- пардохтҳои ҳатмиро барои таъмини карантини растанӣ ҳангоми таҳлили лабораторӣ, азназаргузаронӣ, экспертизаи маводи таҳти карантин қарордошта, сертификатсияи фитосанитарӣ, фумигатсия, дегазатсия, додани иҷозати воридоти карантинию сертификати фитосанитарӣ, санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, чорабиниҳои дигари таъмини карантини растанӣ анҷом диҳанд.

БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ КАРАНТИН ВА МУҲОФИЗАТИ РАСТАНИҲО
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо мансубанд:
- пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо;
- муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо;
- тасдиқи консепсия, барнома, нақшаи чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва қоидаю меъёрҳои таъмини карантин ва муҳофизати растаниҳо;
- тасдиқи номгӯйи организмҳои зараррасони карантинӣ ва махсусан ҳавфнок мутобиқи стандартҳои байналмилалии эътирофшудаи карантин ва муҳофизати растаниҳо;
- муқаррар намудани минтақаи карантинию фитосанитарӣ, ҷорӣ ва бекор кардани тартиботи карантинӣ дар он;
- муайян намудани тартиби ташкил ва истифодабарии махзани давлатии иттилоот дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо;
- ташкили фонди захираи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;
- таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо;
- тасдиқи тартиби ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо ва  агрокимиёҳо, пешбурди Феҳристи давлатӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо
Ба ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо дохил мешаванд:
- амалӣ намудани назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муайян намудани вазъи карантинию фитосанитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташхиси хатари карантинию фитосанитарӣ, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо;
- таҳияи консепсия, барнома ва нақшаи чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ, қоидаю меъёрҳои таъмини карантин ва муҳофизати растаниҳо, пешниҳоди онҳо барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тартиб додани номгӯйи маводи таҳти карантин қарордошта, организмҳои зараррасони карантинӣ ва махсусан хавфнок, пешниҳоди он барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пешниҳоди таклифҳо оид ба муқаррар намудани минтақаи карантинию фитосанитарӣ, ҷорӣ ва бекор кардани тартиботи карантинӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмини шаффофият ҳангоми таҳия, қабул ва татбиқи чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо;
- сертификатсияи карантинию фитосанитарии маводи таҳти карантин қарордошта, додани сертификати фитосанитарӣ барои содироти маҳсулоти растанӣ ва талаб кардани иҷозати воридоти карантинӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба гузарондани чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо;
- таъмини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо маълумот ва дастурамалҳо оид ба гузарондани чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо;
- ташкили санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, бақайдгирии давлатӣ, баҳисобгирии мавҷудияти воситаҳои муҳофизати растаниҳо ва пешбурди Феҳристи давлатӣ;
- муайян намудани тартиби гузарондани мониторинги карантинию фитосанитарӣ;
- ташкили корҳо оид ба безараргардонии маводи таҳти карантин қарордошта ва пеститсидҳои барои истифодабарӣ манъшуда, муҳлати истифодаашон гузашта ё ношоям, инчунин зарфҳои холии онҳо дар мувофиқа бо мақомоти давлатии дахлдор;
- ташкили хариди давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, хизматрасонӣ оид ба нигоҳдорӣ, интиқол, тақсим ва истифодабарии онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муайян намудани тартиби санҷиши карантинию фитосанитарии бори ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, хабардоркунӣ, баргардонидани онҳо ба давлатҳои содиркунанда ва безараргардонии организмҳои зараррасони карантинӣ;
- иштирок дар таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо дохил мешаванд:
- таҳия ва татбиқи барномаҳои маҳаллӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо;
- таъмини вазъи мусоиди карантинию фитосанитарӣ дар ҳудуди дахлдор;
- ташкили чорабиниҳои безараргардонии маводи таҳти карантин қарордошта, пеститсидҳои барои истифодабарӣ манъшуда, муҳлати истифодаашон гузашта ё ношоям, инчунин зарфҳои холии онҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ;
- мусоидат ба таъмини иҷрои тартиботи карантинӣ дар минтақаи карантинию фитосанитарӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо, иштироки аҳолиро дар амалигардонии чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо таъмин менамоянд.
Моддаи 11. Ташкилотҳои давлатӣ оид ба карантин ва муҳофизати растаниҳо
1. Ташкилотҳои давлатӣ оид ба карантин ва муҳофизати растаниҳо бо мақсади иҷрои вазифаҳои зерин таъсис дода мешаванд:
- гузарондани мониторинги карантинию фитосанитарӣ;
- ташхиси хатари карантинию фитосанитарӣ;
- пешбинӣ намудани вазъи карантинию фитосанитарӣ;
- тадқиқи маводи таҳти карантин қарордошта;
- санҷишҳои истеҳсолии пеститсидҳои барои бақайдгирӣ тавсияшуда тавассути санҷиши онҳо дар шароити истеҳсолӣ;
- таҳлил ва арзёбии таркиби маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади муайян кардани миқдори боқимондаи пеститсидҳо, нитратҳо, нитритҳо ва металлҳои вазнин дар онҳо.
2. Ташкилотҳои давлатӣ оид ба карантин ва муҳофизати растаниҳо баҳисобгирии чорабиниҳои карантинию фитосанитариро ба роҳ монда, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳисобот пешниҳод менамоянд.

БОБИ 3. НИЗОМИ ТАЪМИНИ КАРАНТИН ВА МУҲОФИЗАТИ  РАСТАНИҲО
Моддаи 12. Ошкор кардан ва барҳам додани манбаъҳои организмҳои зараррасони карантинӣ
1. Танзими корҳои ошкор ва тоза кардан, маҳдуд сохтан ва барҳам додани манбаъҳои организмҳои зараррасони карантинӣ дар минтақаи карантинию фитосанитарӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардад.
2. Маводи таҳти карантин қарордоштаи ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, ки бо организмҳои зараррасони карантинӣ сироят ёфтаанд, дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар ҷойҳои таъйинот, пас аз ташхиси хатари фитосанитарӣ бо истифодаи усулҳои кимиёвӣ (фумигатсия) безарар гардонида мешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо тартиботи карантинии растаниҳо пешбинӣ шудаанд.
3. Фумигатсия ва дегазатсияи маводи таҳти карантин қарордоштаро тибқи қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ менамояд.
4. Воситаҳои нақлиёти барои интиқоли маводи таҳти карантин қарордошта истифодашуда тибқи талаботи санадҳои меъёрии техникӣ ҳатман аз организмҳои зараррасони карантинӣ тоза карда мешаванд. Дар ҳолатҳои ғайриимкон будани амалисозии чунин корҳо ё аз тарафи соҳиби маводи таҳти карантин қарордошта рад кардани иҷрои ин корҳо, истифодаи воситаҳои нақлиёт манъ карда мешавад.
5. Мақомоти ваколатдори давлатӣ маълумотро оид ба муқаррар намудани минтақаи карантинию фитосанитарӣ, ҷорӣ ва бекор кардани тартиботи карантинӣ, инчунин эътироф намудани ҳамарзишии тартиботи карантинии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоришударо бо тартиботи карантинии давлатҳои дигар дастраси умум мегардонад.
Моддаи 13. Муҳофизати ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз организмҳои зараррасони карантинӣ ҳангоми воридоти маводи таҳти карантин қарордошта
1. Маводи таҳти карантин қарордошта бо риояи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва бо назардошти мавҷудияти сертификати фитосанитарӣ, ки онро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растании давлати содиркунанда додааст, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад.
2. Маводи таҳти карантин қарордоштаи ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд дар ҷойҳои таъйиноти он таҳти назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ қарор дода мешавад.
3. Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани маводи таҳти карантин қарордошта, инчунин истифодаи он бе риояи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар маводи мазкур барои гузаронидани тадқиқоти илмӣ ворид гардида бошад.
4. Тартиботи карантинии дар давлатҳои дигар муқаррар ва танзимшаванда ба тартиботи карантинии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқшаванда ҳамарзиш ҳисобида мешаванд, агар мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян намояд, ки тартиботи дар давлатҳои дигар ҷоришуда муҳофизати растаниҳо ва маҳсулоти онҳоро аз организмҳои зараррасони карантинӣ ба андозаи баробар ё аз сатҳи чорабиниҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишаванда баландтар муҳофизат менамоянд.
5. Бо мақсади таъмини бехатарии карантинию фитосанитарӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон метавонад чорабиниҳои карантинию фитосанитарии муваққатиро (манъ кардан, маҳдудият ва чораҳои дигарро) нисбат ба воридот ва (ё) содироти маводи таҳти карантин қарордошта, аз ҷумла бори транзитӣ тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намояд.
6. Чорабинию маҳдудиятҳои карантинию фитосанитарӣ ҷиҳати таъмини муҳофизати растаниҳо ва маҳсулоти растанӣ дар ҳама гуна шаклҳо барои ҳалли масъалаҳои ба карантини растанӣ дахлнадошта ва бе назардошти санҷиши хатари карантинию фитосанитарӣ илман асоснокшуда манъ аст.
7. Гузаргоҳи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи қоидаю меъёрҳои таъмини карантинию фитосанитарӣ бо воситаю маводи зарурӣ таҷҳизонида шуда, бо нақлиёт ва воситаҳои алоқа таъмин карда мешавад.
Моддаи 14. Низоми чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ
1. Чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ дар ҳолатҳои зерин таҳия ва қабул мегарданд:
- барои ҳифзи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воридшавӣ ва паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ бо мақсади ҳифзи ҳаёту саломатии инсон ва муҳити зист;
- бо назардошти замина ва нишондодҳои илман асоснокшудаи ташхиси хатари карантинию фитосанитарӣ, стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ;
- дар асоси методологияи ташкилотҳои байналмилалӣ арзёбӣ намудани хатари воридшавӣ ва паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ;
- бо мақсади роҳ надодан ба маҳдудкунии худсаронаи беасос байни ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳудуди давлатҳои дигар, инчунин байни ҳудудҳои вазъи карантинию фитосанитариашон якхела ё монанд;
- бо мақсади бартараф намудани маҳдудияти ниҳонӣ дар савдои байналмилалӣ.
2. Дар раванди таҳия ва қабули низоми чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ҳангоми арзёбии хатар мақомоти ваколатдори давлатӣ масъалаҳои зеринро ба инобат мегиранд:
- нишондодҳои илмӣ, раванд ва усулҳои муайяни истеҳсолот, тарзҳои назорат, интихоб ва озмоиши намунаҳо, мавҷудияти организмҳои зараррасони карантинӣ ва минтақаҳои аз онҳо озод ё минтақаҳои дорои сатҳи пасти паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ, ҳолати муҳити зист;
- нишондодҳои иқтисодӣ, аз ҷумла муайян намудани талафоти истеҳсолот ва савдо дар ҳолати воридшавӣ ва паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ;
- хароҷоти назорат ва нобудсозии организмҳои зараррасони карантинӣ;
- самаранокӣ ва арзиши чорабиниҳои дигари кам кардани хатар.
3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳангоми мавҷудияти далелҳои кофии илмии ташхиси хатари карантинию фитосанитарӣ, бо мақсади арзёбии объективии хатар ё дар ҳолатҳои фавқулода ҳуқуқ дорад, дар бораи амалигардонии чорабиниҳои муваққатии карантинию фитосанитарӣ дар асоси нишондодҳои мавҷуда, аз ҷумла нишондодҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва иттилоот дар бораи чорабиниҳои карантинию фитосанитарии давлатҳои дигар қарор қабул намояд.
4. Чорабиниҳои карантинию фитосанитарии қабулшаванда ба шароити карантинию фитосанитарии минтақае, ки маводи таҳти карантин қарордошта дар он истеҳсол шудааст ё ба минтақае, ки чунин мавод содир мегардад, мутобиқ карда мешаванд.
5. Дар рафти арзёбии шароити карантинию фитосанитарӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ вазъи карантинию фитосанитарии организмҳои зараррасони таҳти карантин қарордоштаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар кишвари содиркунанда, мавҷудияти организмҳои зараррасони карантинӣ ва минтақаҳои аз онҳо озод ё дорои сатҳи пасти паҳншавидошта, мавҷудияти назорат ва барҳам додани манбаъҳои организмҳои зараррасони карантинӣ, инчунин принсипҳо ва меъёрҳои дастурии ташкилотҳои дахлдори байналмилалиро ба инобат мегиранд.
6. Чорабиниҳои карантинию фитосанитарии қабулгардида метавонанд сатҳи нисбатан баланди муҳофизати растаниҳо ва ҳифзи ҳаёту саломатии инсонро аз организмҳои зараррасони карантинӣ нисбат ба сатҳе, ки ба он стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ асос ёфтаанд (илман асоснокшуда ё ба ин сатҳи муҳофизат мувофиқ буда), таъмин намоянд.
7. Мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳангоми қабули низоми чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ, аз ҷумла чорабиниҳои муваққатӣ, нишондодҳои нави дастовардҳои илмиро бояд ба инобат гиранд.
Моддаи 15. Сертификатсия ва арзёбии карантинию фитосанитарии маводи таҳти карантин қарордошта 
1. Борҳои содиротӣ ва реэкспортӣ мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ аз ҷониби нозирони назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ сертификатсия карда шуда, ба онҳо сертификати фитосанитарӣ дода мешавад.
2. Сертификати фитосанитарии бори содиршаванда, сертификати бори реэкспортӣ ва намунаҳои электронии ҳамарзиши онҳо, ки барои давлати содиркунандаи маҳсулот қобили қабул аст, бояд ба намунаҳои стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ бошанд.
3. Ҳангоми азназаргузаронӣ ва (ё) ташхиси лаборатории намунаҳои маводи таҳти карантин қарордошта аз ҷониби нозирони назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ ошкор кардани организмҳое, ки бо аломатҳои сохти худ ба организмҳои зараррасони карантинӣ монандӣ доранд, инчунин бо мақсади муайян намудани сирояткунандаи ниҳонӣ дар маводи таҳти карантин қарордошта, арзёбии карантинию фитосанитарии он бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳаммонанд кардани организмҳои зараррасони карантинӣ гузаронида мешавад.
4. Дар асоси арзёбии карантинию фитосанитарии маводи таҳти карантин қарордошта хулоса тартиб дода шуда, дар он ҳангоми ошкор гардидани организмҳои зараррасони карантинӣ гузаронидани чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ нисбат ба маводи тадқиқшуда муайян карда мешаванд.
5. Арзёбии карантинию фитосанитарии маводи таҳти карантин қарордошта аз ҷониби шахсони ҳуқуқии барои гузарондани санҷишҳои карантинию фитосанитарӣ аттестатсияшуда амалӣ карда мешавад.
Моддаи 16. Шаффофияти гузарондани чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ
1. Чорабиниҳои қабулшудаи карантинию фитосанитарӣ пас аз ташхиси хатари карантинию фитосанитарӣ бо мақсади ба тарафҳои манфиатдор додани имконият барои шиносоӣ бетаъхир нашр карда мешаванд.
2. Ба истиснои ҳолатҳои таъхирнопазир байни нашри чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва эътибор пайдо намудани онҳо фосилаи муайяни вақт пешбинӣ мегардад, то истеҳсолкунандагон барои мувофиқ намудани маҳсулоти худ ва усулҳои истеҳсоли он ба талаботи муайяннамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ имконият пайдо намоянд.
3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ тавассути маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба масъалаҳои карантинию фитосанитарӣ ба дархостҳои тарафҳои манфиатдор бояд ҷавоб диҳанд, инчунин ҳуҷҷатҳои дахлдори зеринро пешниҳод намоянд:
- тартиботи карантинӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд ё таҳия мешаванд;
- расмиёти назорати истеҳсоли маҳсулот, карантинию фитосанитарӣ, инчунин расмиёти эътироф кардани дараҷаи имконпазири пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мегарданд;
- расмиёти арзёбии хатар ва омилҳои ба назар гирифташаванда, инчунин муайян намудани дараҷаи зарурии муҳофизати растаниҳо;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи узвият ва иштирок дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо, инчунин дар созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба.
4. Мақомоти ваколатдори давлатӣ пас аз ташхиси хатари карантинию фитосанитарӣ дар сурати мавҷуд набудани стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ ё мутобиқ насохтани чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ба стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ ҳангоми ба савдо таъсири назаррас расонидан бояд:
- бо мақсади татбиқи чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ дар марҳилаи аввали онҳо огоҳинома нашр намоянд;
- мутобиқи созишномаҳои байналмилалӣ ба ҷонибҳои манфиатдор бо мақсади ҳифзи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воридшавӣ ва паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ, ҳифзи саломатии инсон ва муҳити зист оид ба маводи таҳти карантин қарордошта, ки нисбати онҳо чораҳои мазкур татбиқ мегарданд, иттилоъ диҳанд ва қабул намудани чораҳои пешниҳодшавандаро асоснок кунанд;
- бо дархости мақомоти ваколатдори кишварҳои дигар мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон номгӯйи чораҳои пешниҳодшавандаро бо нишон додани фарқият аз стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ пешниҳод намоянд;
- ба тарафҳои манфиатдор барои омода кардани эродномаҳо вақту имконияти баробар диҳанд, мувофиқи дархост ин эродномаҳоро муҳокима намуда, эродҳо ва натиҷаҳои муҳокимаҳоро ба инобат гиранд.
5. Огоҳинома оид ба маводи таҳти карантин қарордошта, ки нисбати он чораҳо татбиқ карда мешаванд ва асосноккунии чораҳои пешниҳодшаванда бояд 75 рӯз пеш аз қабули қарор оид ба татбиқи чораҳои монанд нашр карда шаванд.
6. Дар ҳолатҳое, ки зарурати таъхирнопазири ҳифзи ҳаёту саломатии инсон ва муҳити зист пайдо мешавад, мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ доранд муқаррароти қисми 4 моддаи мазкурро иҷро нанамоянд.
Моддаи 17. Низоми чорабиниҳо оид ба муҳофизати растаниҳо
1. Низоми чорабиниҳо оид ба муҳофизати растаниҳо гузаронидани мониторинги карантинию фитосанитарӣ ва истифодаи усулҳои ташкилию хоҷагидорӣ, механикӣ, агротехникӣ, биологӣ, кимиёвӣ, биотехнологӣ, селексионию генетикии мубориза бар зидди организмҳои зараррасон ва организмҳои зараррасони махсусан хавфнокро дар бар мегирад.
2. Чорабиниҳо оид ба муҳофизати растаниҳо дар асоси риояи талаботи стандартҳои байналмилалӣ, андозаи барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, растанӣ ва ҳайвонот зарурӣ, инчунин ҷиҳати пешгирии худсарона ё беасос поймолкунии ҳуқуқи истеҳсолкунандагон, аз ҷумла маҳдудсозии ниҳонии савдои байналмилалӣ таҳия ва татбиқ карда мешаванд.
3. Дар рафти таҳия ва татбиқи чорабиниҳои муҳофизати растаниҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳолатҳои зерин барои арзёбии хатар ба ҳаёт ва саломатии инсон, растаниҳо ё ҳайвонот ба инобат гирифта мешаванд:
- дараҷаи паҳншавии организмҳои зараррасон, касалиҳо ё алафҳои бегона;
- мавҷудияти минтақаҳои аз организмҳои зараррасон, касалӣ ё алафҳои бегона озод;
- мавҷудияти далелҳои илман асоснокшуда ва усулҳои дахлдори истеҳсол ва коркарди пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;
- усулҳои дахлдори гирифтани намуна ва озмоиши пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;
- шароитҳои мувофиқи экологӣ, чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва чораҳои дигар;
- омилҳои дахлдори иқтисодӣ, аз ҷумла ҳадди иқтисодии зарароварӣ аз камшавии ҳаҷми истеҳсол ё фурӯш ҳангоми воридшавӣ ва паҳншавии зараррасонҳо, касалиҳо ё алафҳои бегона, хароҷоти мубориза ва нобуд сохтани онҳо.
4. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мавриди нокифоя будани асосноккунии илмӣ метавонанд дар асоси иттилооти аз ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ дастрасшуда ва иттилоот дар бораи чорабиниҳои муҳофизати растаниҳои дар давлатҳои дигар татбиқшуда чорабиниҳои муҳофизати растаниҳоро дар минтақаҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намоянд.
5. Чорабиниҳои муҳофизати растаниҳо бо мақсади нигоҳдории низомҳои экологӣ (экосистемаҳо) дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини устувори муҳофизати растаниҳо ва мувозинати экологӣ татбиқ карда мешавад.
Моддаи 18. Ҳамарзишии чорабиниҳои муҳофизати растаниҳо
1. Чорабиниҳо оид ба муҳофизати растаниҳои давлатҳои дигар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун чорабиниҳои ҳамарзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд, агар кишвари содиркунанда холисона нишон дода тавонад, ки ин чорабиниҳо дараҷаи зарурии муҳофизати растаниҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд.
2. Тартиб ва шартҳои эътироф намудани ҳамарзишии чорабиниҳои мушаххаси санитарӣ ё муҳофизати растаниҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои дуҷониба ва (ё) бисёрҷониба муайян  менамояд.
Моддаи 19. Мониторинги карантинию фитосанитарӣ
1. Гузарондани мониторинги карантинию фитосанитариро мақомоти ваколатдори давлатӣ таъмин менамояд.
2. Мониторинги карантинию фитосанитарӣ дар самтҳои зерин гузаронда мешавад:
- муайян намудани масоҳати замини паҳншавии организмҳои зараррасон, карантинӣ ва махсусан хавфнок, арзёбии талабот ба воситаҳои муҳофизати растаниҳо;
- ошкор кардани сабабҳои инкишоф ва паҳншавии оммавии организмҳои зараррасон, карантинӣ ва махсусан хавфнок;
- омода кардани пешгӯйии миёнамуҳлат дар хусуси ба вуҷуд омадани давраи хавфи калони афзоиш ва паҳншавии организмҳои зараррасон ва организмҳои зараррасони махсусан хавфнок.
3. Мониторинги карантинию фитосанитарӣ дар давраи инкишофи организмҳои зараррасон, карантинӣ ва махсусан хавфнок мунтазам гузаронда мешавад.
4. Аз натиҷаи мониторинги карантинию фитосанитарӣ барои татбиқи чораҳои мушаххас ба вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ба шахсони дигари манфиатдор маълумоти дахлдор пешниҳод карда мешавад.

БОБИ 4. ПЕСТИТСИДҲО ВА АГРОКИМИЁҲО.
МУОМИЛОТ БО ОНҲО
Моддаи 20. Қайди давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо
1. Пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дар асоси натиҷаҳои мусбати санҷишҳои қайдшаванда, ки тартиби гузаронидани онҳоро мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян менамоянд, ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.
2. Пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дар асоси санҷишҳои қайдшавандаи онҳо вобаста ба таъсири манфии онҳо ба саломатии инсон ва муҳити зист ба муҳлати ду сол ва дар ҳолатҳои дигар ба муҳлати панҷ сол ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.
3. Санҷишҳои пеститсидҳо ва агрокимиёҳо аз ҷониби шахсони ҳуқуқии аз аттестатсия гузашта бо мақсади арзёбии мувофиқати онҳо ба талаботи бехатарии ҳаёт ва саломатии инсон, ҳайвонот ва муҳити зист, инчунин муайян намудани самаранокии онҳо гузаронида мешаванд.
4. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пас аз санҷишҳои қайдшаванда ва ба Феҳристи давлатӣ ворид намудани пестисидҳо ва агрокимиёҳо бо қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ дода мешавад. Шакли шаҳодатномаи бақайдгирии давлатиро мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар мекунанд.
5. Бо мақсади таъмин намудани истифодабарандагони пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо маълумоти зарурӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои бақайдгирии давлатӣ муроҷиат менамоянд, тавсияномаҳо дар бораи қоидаҳои интиқол, истифода ва нигоҳдории онҳо, инчунин тамғакоғази борҷомаи дорои аломатҳо ва иттилооти огоҳкунанда пешниҳод мекунанд.
6. Далелҳои асоснок барои рад кардани бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо инҳо мебошанд:
- номувофиқии таркиби кимиёвии дар дастурамал зикршуда ба нишондодҳои дар дархост оид ба гузаронидани санҷишҳои қайдшаванда пешниҳодшуда;
- риоя накардани ҳуқуқи ихтироъкунандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо.
7. Азнавбақайдгирии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар асоси аризаи дахлдор гузаронида мешавад.
Моддаи 21. Санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо
1. Раванди санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо амалҳои зеринро дар бар мегирад:
- муайян намудани усулҳои истифодаи самаранок ва бехатари онҳо;
- арзёбии хавфи таъсири манфии онҳо ба саломатии инсон, ҳайвонот ва муҳити зист;
- тартиб додани дастурҳои истифодабарӣ ва меъёрҳои санитарию гигиении муомилот бо онҳо;
- арзёбии натиҷаи санҷишҳои қайдшаванда.
2. Арзёбии давлатии экологии натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва арзёбии токсикологию гигиении мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
Моддаи 22. Истеҳсоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳо
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ пас аз қайди давлатии пеститсидҳою агрокимиёҳо ва ба Феҳристи давлатӣ дохил намудани онҳо метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ҳудуди кишвар истеҳсоли онҳоро ба роҳ монанд.
2. Коркард ва истеҳсоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳои нав дар асоси арзёбии хатарнокии кимиёвӣ, таъсири манфии онҳо ба ҳаёт ва саломатии инсон ва муҳити зист пас аз санҷиши қайдшаванда амалӣ карда мешаванд.
3. Истеҳсолкунандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо уҳдадор аст:
- барои арзёбии асосноки сифати пеститсидҳо ва агрокимиёҳо истеҳсоли намунаҳои онҳоро ба роҳ монад;
- дар сурати ба миён омадани хатар ба ҳаёти инсон ва муҳити зист ё ғайриимкон гардидани истифодаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо истеҳсолу фурӯшро қатъ намуда, безараргардонии онҳоро таъмин созад;
- усул ва технологияҳои безараргардонии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, аз ҷумла зарфҳои борбандии онҳоро пешниҳод намояд;
- пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро дар зарфҳои барои истифодабарандагон мувофиқ ҷой намояд;
- дар дастурҳои истифодабарӣ маълумоти бақайдгирии давлатӣ ва усулҳои бехатарии муомилот, инчунин мувофиқати пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба талаботи санадҳои меъёрии техникиро нишон диҳад.
4. Пеститсидҳо ва агрокимиёҳои истеҳсолшуда бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ сертификатсия карда мешаванд.
Моддаи 23. Хариду фурӯш ва истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд пас аз бақайдгирии давлатӣ ва ба Феҳристи давлатӣ ворид кардани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба савдои яклухт ва чаканаи онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул шаванд. Тартиби фурӯши пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, аз ҷумла пеститсидҳои истифодаашон маҳдуд аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.
2. Фурӯши пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бе дастурҳои ба зарфҳои борбандии онҳо ҳамроҳкардашуда, маълумоти бақайдгирии давлатӣ, меъёрҳои истифодабарӣ ва усулҳои бехатарии муомилот бо онҳо манъ аст.
3. Истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо риояи талаботи қоидаҳои санитарӣ ва дигар санадҳои меъёрии техникӣ, тибқи тартиби муқаррарнамуда ва тавсияҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 24. Нигоҳдорӣ ва интиқоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳо
1. Нигоҳдорӣ ва интиқоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо риояи талаботи пешгирии хатар ба ҳаёт ва саломатии инсон, ҳайвонот ва муҳити зист амалӣ карда мешаванд.
2. Қоидаҳои нигоҳдорӣ ва интиқоли пеститсидҳо агрокимиёҳо дар асоси талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии техникӣ муайян карда мешаванд.
Моддаи 25. Воридоти пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти онҳо ба хориҷи кишвар
1. Воридоти пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти онҳо ба хориҷи кишвар бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати мавҷуд будани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ амалӣ мегардад.
2. Ба шартномаҳои воридот ва содироти пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи натиҷаҳои санҷишҳои қайдшаванда, ки муомилот бо онҳоро танзим менамоянд, замима карда мешаванд.
3. Миқдори воридот ва содироти пеститсидҳо ва агрокимиёҳои барои санҷишҳои қайдшаванда, истеҳсолӣ ва тадқиқоти илмӣ пешбинишударо мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян мекунанд.
4. Воридоти пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Феҳристи давлатӣ барои истифодабарӣ ворид карда нашудаанд, танҳо бо мақсади тадқиқотҳои илмӣ ва бартараф намудани хатари фитосанитарӣ дар кишвар бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
Моддаи 26. Захираи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо
1. Захираи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо аз ҳаҷми муайяни мунтазам навшавандаи онҳо барои истифодабарӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
2. Тартиби ташаккул, пур кардан ва истифодабарии захираи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян ва онҳоро ихтиёрдорӣ менамоянд.
3. Захираи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дар асоси мониторинг ва пешгӯйии вазъи фитосанитарӣ, эҳтимолияти паҳншавӣ ва дараҷаи инкишофи организмҳои зараррасон, карантинӣ ва махсусан хавфнок муайян карда мешавад.

БОБИ 5. БАҲИСОБГИРӢ, ҲИСОБОТ ВА ТАЪМИНИ ИЛМӢ ДАР СОҲАИ КАРАНТИН ВА МУҲОФИЗАТИ РАСТАНИҲО
Моддаи 27. Баҳисобгирӣ ва ҳисобот дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо фаъолият менамоянд, баҳисобгирии мавҷудияти пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, муомилот бо онҳо ва гузарондани чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ менамоянд.
2. Ҳисоботи омори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
Моддаи 28. Махзани иттилоот оид ба карантин ва муҳофизати растаниҳо
1. Махзани иттилоот дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо аз маълумоти натиҷаи мушоҳидаҳои фитосанитарӣ ҳангоми амалӣ намудани назорати давлатӣ, баҳисобгирӣ ва ҳисоботи омори давлатӣ дар соҳаи мазкур, иттилоот оид ба организмҳои зараррасон, карантинӣ ва махсусан хавфнок, касалиҳои растаниҳо, алафҳои бегона, инчунин рӯйхати воситаҳои муҳофизати растаниҳо ва иттилооти дигар, ки дар раванди амалигардонии фаъолият дар соҳаи муҳофизати растаниҳо ба даст оварда мешаванд, иборат мебошад.
2. Мақомоти ваколатдори давлатӣ ва шахсони мансабдор, ки назорати давлатиро дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо амалӣ менамоянд, уҳдадоранд тариқи воситаҳои ахбори омма ва роҳҳои дигари дастрас тибқи созишномаҳои байналмилалӣ тарафҳои манфиатдор ва аҳолиро оид ба вазъи карантинию фитосанитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои алоҳидаи маъмурию ҳудудии он, амалигардонии чорабиниҳо оид ба беҳтар кардани вазъи карантинию фитосанитарӣ, восита, усулҳо ва муҳлатҳои гузарондани чорабиниҳои муҳофизати растаниҳо, талабот оид ба муомилот бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо сари вақт огоҳ намоянд.
Моддаи 29. Тадқиқоти илмию амалӣ ва тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо
1. Ҳамоҳангсозии тадқиқоти илмию амалӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва ҳамкории илмӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардад.
2. Тадқиқоти илмию амалӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо самтҳои ташаккули низоми ягонаи муҳофизати растаниҳо, мониторинги карантинию фитосанитарӣ, истеҳсоли моддаҳои кимиёвӣ, воситаҳои биологию техникии муҳофизати растаниҳо ва технологияҳои истифодабарии онҳоро дар бар мегирад.
3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ гузарондани тадқиқоти илмию амалиро дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо ташкил ва ҳамоҳанг сохта, рафти иҷрои онҳоро назорат мекунанд ва тавсияҳои натиҷаҳои тадқиқотро тасдиқ менамоянд.

БОБИ 6. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ КАРАНТИН ВА МУҲОФИЗАТИ РАСТАНИҲО
Моддаи 30. Самтҳои назорати давлатӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо
1. Назорати давлатӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо аз қисмҳои назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ ва назорати давлатии муомилот бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо иборат мебошад.
2. Назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ дар самтҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- татбиқи чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо;
- санҷиши сифати пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ва муомилот бо онҳо;
- муайян кардани миқдори заҳрнокии боқимондаҳои пеститсидҳо дар маҳсулоти растанӣ;
- санҷиши сифати тухмӣ ва ниҳолҳо барои муайян намудани дараҷаи сироятнокӣ бо организмҳои зарарнок ва безараргардонии самараноки онҳо;
- гузарондани санҷишҳои пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;
- безараргардонии пеститсидҳо.
3. Назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ дар шакли арзёбӣ, санҷиш, безараргардонӣ, инчунин шаклҳои дигари муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 31. Расмиёти назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ
1. Расмиёти назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ бо риояи шартҳои зерин амалӣ мегардад:
- бидуни таъхири беасос ва табъиз (дискриминатсия) нисбат ба маҳсулоти воридшаванда дар қиёс ба ҳамин гуна маҳсулоти ватанӣ;
- дар асоси иттилооти дархостшудаи камтарин, ки барои амалисозии расмиёти назорат, бозрасӣ ва маъқул донистан зарур мебошад;
- хабардор намудани дархосткунанда дар бораи муҳлати анҷоми расмиёт дар асоси маълумоти чопшуда оид ба давомнокии маъмули расмиёт ё бо талаби дархосткунанда, дар бораи марҳалаи иҷрои расмиёт бо шарҳи таъхири иҷро;
- иттилоотонии дархосткунанда дар бораи камбудиҳои имконпазири ҳуҷҷатҳо ва натиҷаҳои гузаронидани расмиёт бо мақсади рафъи онҳо дар ҳолатҳои зарурӣ;
- ҳифзи манфиатҳои қонунии тиҷоратӣ бо риояи махфияти иттилоот дар бораи маҳсулоти воридшаванда, ки зимни анҷом додани расмиёти назорат ошкор мегардад ё ба даст оварда мешавад;
- риояи талабот оид ба назорат ва маъқул донистани намунаҳои алоҳидаи маҳсулоти маҳдудшаванда, агар онҳо асоснок ва зарур бошанд;
- баробар будан ва аз арзиши воқеии хизматрасонӣ зиёд набудани боҷи тибқи расмиёти нисбат ба маҳсулоти воридотӣ татбиқшаванда ба боҷи аз ҳамин гуна маҳсулоти ватанӣ ё маҳсулоти дар ҳудуди кишварҳои дигар истеҳсолшуда ситонидашаванда;
- дар ҳолатҳои гузарондани расмиёти интихоби намунаҳои маҳсулоти воридшаванда ҷиҳати бартараф кардани вазъи ногувор барои дархосткунандагон, воридкунандагон, содиркунандагон ё намояндагони онҳо ҳадди ниҳоии меъёрҳое татбиқ мегарданд, ки барои маҳсулоти ватанӣ истифода шудаанд.
2. Агар пас аз гузаронидани расмиёти назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ ба тавсифоти маҳсулот вобаста ба талаботи татбиқшаванда тағйирот ворид карда шаванд, расмиёт нисбат ба маҳсулоти таҷдидшуда бо пайдо кардани эътимоди кофӣ маҳдуд карда мешавад.
Моддаи 32. Ваколатҳои шахсони мансабдор дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо
1. Шахсони мансабдор, ки назорати давлатиро дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо амалӣ менамоянд, дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- бо нишон додани шаҳодатнома бе мамониат ба объектҳои таҳти карантин қарордошта ва ба муомилот бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо алоқаманд ворид шаванд;
- барои санҷиш намунаҳои маҳсулоти растанӣ, пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро гиранд;
- барои амалӣ намудани назорати давлатӣ ва шарҳи ҳолатҳои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои меъёрии техникӣ аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳоди ройгони иттилоот ва ҳуҷҷатҳои заруриро талаб намоянд;
- ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ба расмият дароранд;
- дар асоси натиҷаҳои санҷиш санадҳо тартиб дода, дар доираи ваколатҳои худ барои бартараф намудани ҳолатҳои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои меъёрии техникӣ амрномаҳо диҳанд;
- дар ҳолати иҷро накардани амрнома оид ба бартараф намудани ҳолатҳои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои меъёрии техникӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба боз доштани фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод ирсол намоянд;
- ба мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба гузарондани санҷиш барои қабул намудани қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои меъёрии техникиро риоя накардаанд, мавод пешниҳод намоянд;
- ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба масъалаҳои карантин ва муҳофизати растаниҳо таклифҳо пешниҳод намоянд.
2. Шахсони мансабдор, ки назорати давлатии карантинию фитосанитариро дар баробари ваколатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида амалӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд дар объектҳои таҳти карантин қарордошта мониторинги карантинию фитосанитарӣ гузаронанд ва дар бораи безараргардонии объект қарор қабул намоянд.
3. Шахсони мансабдор, ки назорати давлатии муомилот бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро амалӣ менамоянд, дар баробари ваколатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида ҳуқуқ доранд:
- истифодабарии пеститсидҳоро то бартараф намудани ҳолатҳои риоя накардани тартиби муомилот бо онҳо боздоранд ё манъ намоянд;
- гузарондани санҷишҳои пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро назорат намоянд;
- ба корфармоён барои аз кор бо пеститсидҳо дур кардани шахсоне, ки тайёрии махсус надоранд ё талаботи муомилот бо онҳоро риоя намекунанд, таклифҳо пешниҳод намоянд.
4. Дар раванди иҷрои вазифаҳои хизматӣ нозирони давлатии мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки назорати давлатии карантинию фитосанитариро амалӣ менамоянд, бояд шиносномаи хизматӣ ва либоси расмӣ бо нишонаҳои фарқкунанда, ки намунаҳои онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, дошта бошанд.
Моддаи 33. Назорати давлатии муомилот бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо
1. Назорати давлатии нигоҳдорӣ, интиқол ва истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо мақсади муайян намудани мувофиқати онҳо ба талаботи ҳатмии технологӣ ва бехатарӣ гузаронида мешавад.
2. Назорати санҷишҳои қайдшаванда ва истеҳсолии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо тадқиқоти мунтазам амалӣ карда мешавад.
3. Безараргардонии пеститсидҳои барои истифодабарӣ манъшуда, муҳлати истифодаашон гузашта ё ношоям, инчунин зарфҳои холии онҳо дар ҷойҳои маҳсус гузаронида мешавад.
4. Тартиби гузаронидани санҷишҳои қайдшаванда, истеҳсолӣ ва безараргардонии пеститсидҳои барои истифодабарӣ манъшуда, муҳлати истифодаашон гузашта ё ношоям, инчунин зарфҳои холии онҳоро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист ва тандурустӣ муқаррар менамоянд.

БОБИ 7. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ КАРАНТИН ВА МУҲОФИЗАТИ РАСТАНИҲО
Моддаи 34. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо
1. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо дар асоси принсипҳои таъмини бехатарии байниҳамдигарӣ аз воридшавӣ ва паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ мутобиқи стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалии карантин ва муҳофизати растаниҳо амалӣ мегардад.
2. Фаъолияти шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, филиал ва намояндагиҳои онҳо дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, сурат мегирад.
3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ тавассути маркази ягонаи иттилоотӣ ҳангоми муқаррар намудани минтақаи карантинию фитосанитарӣ, ҷорӣ ва бекор кардани тартиботи карантинӣ ба тарафҳои манфиатдор тибқи созишномаҳои байналмилалӣ маълумотро оид ба масъалаҳои зерин пешниҳод менамоянд:
- чорабиниҳои карантинию фитосанитарии пешбинишуда ва амалишуда;
- натиҷаҳои назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ ва сертификатсияи маводи таҳти карантин қарордошта;
- расмиёти арзёбии хатар ва усулҳои муайян кардани сатҳи зарурии муҳофизати растаниҳо аз организмҳои зараррасони карантинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 36. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои қонунгузории зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003 «Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №4, мод.131; с. 2007, №5, мод. 368; с. 2012, №7, мод.723);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 «Дар бораи карантини растанӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №3, мод.91; с. 2011, №12, мод.851);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012 «Дар бораи муҳофизати растаниҳо» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2012, №4, мод.267).
Моддаи 37. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1567


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо» қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2003, № 737 «Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 4, мод. 213; с. 2007, № 4-5, мод. 270; с.2012, № 4-5, мод. 386), Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2008, № 1199 «Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантини растанӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 11-12, қ.2, мод. 1061; с. 2011, № 11, мод. 802), Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2011, № 640 «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизати растаниҳо» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 12, мод. 926) аз эътибор соқит дониста шаванд.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 28 ноябри соли 2018, № 1233


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо» - ро бар­расӣ намуда,   қарор  мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                       М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2018, № 594


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2019    №: 5-7    Мутолиа карданд: 400

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед