logo

фарҳанг

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. АЗ СУХАН БА АМАЛ ГУЗАРЕМ!

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 барои рушду инкишофи ҳунарҳои бадеии халқӣ, дастгирии косибону ҳунарварон, устоҳои халқӣ ва дар маҷмӯъ, тарғибу муаррифии фарҳанги миллӣ, нақши босазо хоҳад гузошт. Перомуни вазъи кунунии ҳунарҳои мардумӣ директори коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан Насриддин Хоҷаев андешаҳояшро ба хабарнигори мо чунин баён дошт:
Дар замони муосир омӯзиш, эҳё ва муаррифии ҳунарҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш аҳамият пайдо мекунанд. Зеро дар раванди бархӯрди тамаддунҳо ҳунарҳои бостонии мо василаеанд, ки моро ба ҷаҳониён чун миллати куҳанбунёду соҳибтамаддун мешиносонанд. Чанде пеш Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО чаканро ҳамчун мероси ғайримоддӣ эътироф кард, ки ин боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонист. Воқеан ҳам,  дар баробари дигар арзишҳо либоси миллӣ низ метавонад моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намояд. Ба мисли чакан мо садҳо намуд ҳунар дорем, ки бояд онҳоро низ эҳёву ҳифз намуд. Аз ҷониби дигар, ҳоло Тоҷикистон ба кишвари сайёҳӣ табдил ёфта истодааст, ки сайёҳ  дар баробари сайру саёҳат ба маҳсулоти ҳунармандон низ мароқ зоҳир мекунад. Бинобар ин, зарур аст, ки намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумиро бо сифати хубу дизайни зебо ба сайёҳон пешниҳод созем.
Шоистаи таъкид аст, ки ҳар як минтақаи Тоҷикистон дорои касбу ҳунари ба худ хос аст. Барои мисол, заргариву чакандӯзӣ дар минтақаи Кӯлоб, бофандагӣ дар Бадахшон, созтарошӣ дар Рашту Тоҷикобод, махсусан дар деҳаи Камароб, кулолгарӣ дар Исфара, кордсозиву кандакорӣ аз чӯб, гаҷкорию наққошӣ ва пардозӣ дар Истаравшан ривоҷу равнақ ёфтаанд. Аммо, айни замон ҳунарҳои мардумӣ пеш аз ҳама ниёз ба таҳқиқ доранд. Ҳоло кӯшишҳо бар он равона шудаанд, ки ҳунарҳои мардумӣ рушд ёбанд. Ин хуб аст, аммо таҳқиқотро низ дар ин самт бояд ҷиддӣ ба роҳ монд. Масалан, сохтани корд, ё тайёр кардани рангҳои сабоҳӣ барои матоъ таҳқиқотро талаб мекунад. Рангҳое, ки пештар дар атласу адрас ё чакан истифода мешуданд, бо шустан намерафтанд. Пас,  барои чӣ рангҳое, ки имрӯз истифода мешаванд, бо як обшӯ мераванд. Ё тайёр кардани хиштҳоро гирем? Ҳоло хиштҳоро дарҳол шӯра мезанад. Бояд таҳқиқот бурд ва сабабҳои инро муайян кард. Аммо, мутаассифона, пажӯҳишгарони соҳа каманд. Агар барои бурдани корҳои таҳқиқотиву омода намудани олимон дар кишвар Академияи ҳунарҳои мардумӣ таъсис ёбад, кор ранги тоза мегирад. Зеро ин имкон медиҳад, ки  амалия бо назария якҷо пеш равад.
Бо вуҷуди он ки тайи солҳои охир ҳунарҳои зардӯзиву гулдӯзӣ, чакандӯзиву кашидадӯзӣ, кандакориву заргарӣ, кулолгарӣ, қолинбофию адрасбофӣ ва табақтарошӣ ривоҷу равнақи тоза касб кардаанд, баъзе ҳунарҳо аз байн рафта истодаанд. Масалан, санъати читгарӣ танҳо дар Истаравшан боқӣ мондаасту чармгарӣ аз байн рафтааст. Дар ҳоле, ки дар як рӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 200 чорвои калони шохдор забҳ мешавад. Пас, 200 пӯст дар як рӯз ба куҷо меравад? Онро мо бо маблағи ночиз мефурӯшем. Агар онро нимтайёр карда, ба бозор барорем, ҳам харидор зиёд мешаваду ҳам корхонаҳо кор мекунанд ва ҳам шумораи чармгарон меафзояд. Ё ин ки коркарди сангро гирем. Сангҳои Тоҷикистон муштариёни зиёд доранду бениҳоят қиматанд. Дар ин самт ҶДММ “Рухом” фаъолият дорад, ки боиси дастгирист. Вале он аз баҳр як қатраро коркард намуда истодааст. Бар замми ин, дар тамоми мактабҳои миёна масъалаи нарасидани асбобҳои мусиқӣ ҷой дораду созтарошӣ аз байн рафтааст. Агар корхонаҳоро ба кор дарорему маҳсулоти ватаниро истеҳсол намоем, ҳам сокинон соҳиби ҷойи кор мешаванд ва ҳам сатҳи зиндагии мардум боло меравад.
Яке аз омилҳои асосии рушди ҳунармандӣ дуруст ба роҳ мондани дарсҳои таълими меҳнат дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва иловагист. Ҳоло дарси таълими меҳнат дар мактабҳо қариб, ки аз байн рафтаасту аксаран муаллимони ғайрихтисос онро таълим медиҳанд. Оё омӯзгоре, ки худаш ҳунарро балад нест, метавонад дар қалби шогирд меҳри ҳунарро бедор созад? Не, албатта. Директорони мактабҳоро мебояд мутахассисонеро, ки ҳунарҳои мардумиро омӯхтаанд, ба кор ҷалб намоянд ва дар доираи имкониятҳо гурӯҳҳои мақсаднок таъсис диҳанд. Зеро агар завқи кӯдакро нисбати омӯзиши ҳунар аз овони наврасӣ бедор созему истеъдодашро дуруст баҳо диҳем,  бо итминон метавон гуфт, ки ҳунармандӣ дар кишвар рушд меёбад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2019    №: 5-7    Мутолиа карданд: 535
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед