logo

сиёсат

ПЕШВО ВА РӮҲИ ШИКАСТНОПАЗИРИ МИЛЛАТ

Башарият ҳамеша қаҳрамонҳоеро тасаввур мекард ва дар хаёли худ месохт, ки бо фидокориҳои худ тавонанд онҳоро аз зулмот наҷот бахшида, роҳашонро ба сӯи оянда равшан созанд. Аз чунин андешаҳо шахсиятҳое таваллуд ёфтанд, ки ба дили мардум равшаниву гармӣ бахшида, раҳнамову раҳкушои инсонҳо шуданд.

Миллати тоҷик дар садади аз байн рафтану нобуд шудан соҳиби Пешвою қаҳрамони воқеӣ гардид ва ниҳоят орзую ормонашон воқеият ёфту ба мақсад расиданд. Тоҷикон аз баракати суханҳои пурэъҷози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон батадриҷ аз чандин зулмоти нобудкунанда наҷот ёфтанд, ки яке аз ин зулмот фазои торике буд, ки рӯи самои Тоҷикистони соҳибистиқлолро фаро гирифта, роҳи моро барои пайвастан ба ҷомеаи мутамаддин банд мекард. Пешвои мо бо баромад аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ бо забони тоҷикӣ пардаи ин зулмотро дарида, чашми оламиёнро ба сӯи ояндаи равшани кишварамон кушоданд ва тасаввури мардуми оламро нисбат ба миллати тамаддунофари тоҷик ба таври мусбат тағйир доданд.
Дар ин раванд Сарвари давлат ҳамеша дар талоши равшанию гармии хонадони ҳар яки мо буданд. Вақте Пешвои муаззами тоҷикон дар бораи сохтмони НБО «Роғун» ҳарф заданд, миллати тоҷик, ки иродаи матину устувори Пешвои худро медонист, ин воқеиятро бе дудилагӣ пазируфт.
29 октябри соли 2016 барои миллати тоҷик воқеан санаи бузурги таърихӣ буд. Зеро дар ин рӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» барпо шуд. Ин рӯйдод аз он ҷиҳат хотирмон, ибратомӯз ва шарафовар буд, ки маҷрои дарёи Вахшро шахсан Пешвои миллат болои Рахши оҳанин бо иродаи қавии рустамона тағйир дода, ба бунёди сарбанди ин иншооти бузурги аср оғоз бахшиданд.
Тавре маълум аст, ин роҳ барои халқи тоҷик осонгузар набуд. Аммо, рӯҳи шикастнопазири миллат таҳти ҳимояи Пешвои миллат ва бо такя ба неруи созандаи ҷавонон ҳамаи ин марҳилаҳоро пушти сар гузошта, ба нуқтаи ҳалкунанда наздик омад ва агрегати якуми НБО «Роғун» 16 ноябри соли 2018 ба истифода дода шуда, неруи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол ёфт. Ба қавли Пешвои миллат «Неругоҳи «Роғун» ба истеҳсоли неруи барқ оғоз мекунад ва нури «Роғун» дастраси ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон гашта, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта мешавад».
Бо сохтмони ин иншооти муҳим Пешвои миллат ба ҷаҳониён нишон доданд, ки воқеан он миллате, ки тоҷик ном дораду Пешвояш бо номаш сидқан ифтихор мекунад, миллати тавонову созанда аст. Раванди ин марҳила нишон дод, ки Пешвои миллат воқеан бунёдгари кохи нуру равшанист.
Маҳбуба  МУРОДОВА,
омӯзгори МТМУ № 15-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2019    №: 5-7    Мутолиа карданд: 416
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед