logo

ҳуқуқ

САТР. ТАРҒИБИ ОН РИЁКОРИЕ БЕШ НЕСТ

Ҳар маротибае, ки душманони миллату давлати тоҷикро наҳзатӣ ва ё ба доираҳои наҳзат наздик унвон мекунам, баъзан худро сарзаниш мекунам, ки шояд на ҳамаи онҳо ба наҳзат иртибот доранду иҷборан онҳоро ба ин гурӯҳи моҷароҷӯ ва ифротгаро шомил месозам. Аммо, ҳамин ки матолиби иғвогаронаашон интишор меёбанд, яқин мекунам, ки онҳо аз тафаккури наҳзатӣ болотар андешида наметавонанд. Далел ҳамин мавзӯи сатр аст, ки дар саргаҳи таълимоти наҳзатӣ қарор дорад.
Ҳарчанд ки дар доираҳои ғарбӣ масъулони наҳзатӣ аз демократия ва озодӣ ҳарф мезананд ва раҳбари фирории он аз тариқи минбарҳои аврупоӣ дар ин замина доди сухан медиҳад, дар умқи андеша сатру масоили мазҳабӣ нуҳуфтаанд. Ин ҷо демократия ва озодӣ нақше надорад. Матлаби ахирии созмони ифротии “Гурӯҳи - 24” таҳти унвони «Поймолшавии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи нав» ин иддаоро собит месозад.
Дар пушти Конститутсия пинҳон шуда, даъвифурӯшӣ кардан дигар ба кори рӯзмарраи доираҳои хушкандеше, мисли “Гурӯҳи - 24 табдил ёфтааст. Конститутсия тадбирҳоеро алайҳи хурофотиёну ҷаҳолатписандон низ пешбинӣ кардааст. Бо такя ба ин санади олӣ, ҳар нафаре, ки зидди арзишҳои дунявӣ мебарояд ва хурофотро ба унвони меъёри зиндагӣ ошкоро таҳмил менамояд, муҷрим шинохта мешавад. Давлати дунявӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳаққи тасмимоти ҷиддиро дар қиболи риёкориҳои мазҳабӣ дорад. Гузашта аз ин, ҳодисаҳое, ки чанд сол қабл дар Фаронса рух дод, ин иддаои наҳзатиро ботил месозад.
Дар Фаронса озодиҳои тамоми нажоду халқиятҳо риоя мешавад, вале баъзе бонувони мусалмон ин озодиро таҳриф карда, сатру ҳиҷобро риёкорона ба сар карданд ва мардуми Фаронса маҷбур шуд, ки пеши роҳи ин навъ риёкориро, ки таҳти таъсири гурӯҳҳои ифротгаро ва радикали исломӣ қарор доштанд, гирад. Фаронса яке аз кишварҳои демократитарини ҷаҳонист ва замоне ки дарёфт бо ифротгаройии мазҳабӣ дар қолаби даъвифурӯшиҳои занони мусалмон мувоҷеҳ шудааст, роҳкорҳоро дигар кард ва бо фишори мардуми Фаронса ба сатру ҳиҷоб посухи қонунӣ дод. Дар ҷомеаи мо сатр ба сифати муди мазҳабӣ ва ҳатто иддаои динӣ - исломӣ роҳандозӣ гардида, занонро сироят карда истодааст. Агар давлат ва мақомоти марбутаи давлатӣ сари ин масъала бо ҷиддият андеша накунанд, дер мешавад. Он чи ки “Гурӯҳи-24” интишор додааст, риёкорие беш нест. Магар давлат ва халқу мамлакат бо сатру ҳиҷоб обод мешавад? Ҳанӯз Мавлоно Ҷомӣ риёкории мусалмононро мавриди интиқоди шадид қарор дода, дар «Баҳористон» ҳушдор дода буд:
Аз далқу асо сидқу сафое нарасад,
В - аз сабҳа ба ҷуз бӯйи риёе нарасад.
Гӯянд, куҷо расад, бигӯ, силсилаат,
К - аз силсила ҳеҷ кас ба ҷое нарасад!

Аммо гӯши ношунавои «Гурӯҳи – 24» фармудаю ҳушдорҳои бузургони илму дини тоҷикро нодида мегирад ва танҳо назари хушки хешро асли дин ва мазҳаб медонанд ва мардумро таҳти фишори идеологӣ ва сиёсию мазҳабӣ қарор медиҳанд.
Бахши иттилоотии ин гурӯҳ аз тариқи матлаб сатрпӯширо рамзи диндорӣ, тақводорӣ ва имондорӣ талаққӣ намудааст. Охир, сатрпӯшӣ имрӯз мӯд шуда, ҳар кию ҳар чи ба хотири риёкорӣ ва худнамоӣ, ки одати аксари рӯҳонияти муҳофизакор ва мутаассиб мебошад, дар қолаби сатри мусалмонӣ ҷилва мекунад ва ба дигарон, минҷумла занону бонувон мефаҳмонад, ки зан бояд чӣ гуна бошад. Иффат, покӣ, беолоишӣ ва тақводориро танҳо дар зоҳир – пӯшидани сатр дидан ва бад-ин минвол худро миёни аҳли ҷомеа ҷилва додан аз мушаххасоти кори тоифаи махсус шудааст.
Аз назари психологӣ, сатрпӯш ба дигарон як навъ даъворо пеш меоварад ва муддаии покии худ буда, дигарон (занону духтарон дар назар аст) - ро дар баробари худ ноқис ва беҷогард нишон медиҳад. То он даме ки дигар занон сатр напӯшанд, онҳо дар назари ин ашхос нопок, кофиру бедин шинохта мешаванд. Ин аст маънои рамзии сатр аз нигоҳи илми равоншиносӣ. Ба ин маъно, сатрпӯшон, аксаран огоҳона ва дидаю дониста алайҳи соири занҳои берӯсарӣ қиём мекунанд ва даъвӣ мефурӯшанд. Дар асл, онҳо бо ин шакли симо ва амалашонро намоиш дода таблиғоти динӣ - мазҳабии мақсаднокро анҷом медиҳанд.
Дар баробари ин тоифаи муздур ва ҷаҳолатгаро давлат ва ҳукумати дунявӣ чораҳо меандешад ва агар чораҳои зарурӣ андешида нашавад, он метавонад дигаронро сироят кунад ва ҷомеаро ба ноамнию бесуботӣ бикашонад. Низоми дунявӣ ҳамин навъи талаботро дар баробари худнамоию риёкориҳои динӣ - мазҳабӣ, ки оқибати хатарбор доранд, мегузорад. Ин ҳуқуқи низоми давлатист. Дар давлатҳои низоми куҳнаи динидошта сатр иҷборист ва ҳар зане, ки ба ин мадрак тобеъ нест, муҷозоти сахт мешавад. Чаро имрӯз талаботи давлати дунявиро, ки Тоҷикистон дар масири он гом бардошта истодааст, нодида мегирем ва аз худ «қаҳрамон» метарошем!.
Фаридун ОРИЁӢ, таҳлилгар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2019    №: 8    Мутолиа карданд: 203

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед