logo

иҷтимоиёт

БОҒБОН. БАРДОШТ АЗ РӮЗГОРИ ПИРИ КОР

Аз ҳамсолонашон дар деҳа ва дар Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ касе намонда. Шояд дар ноҳияи Рӯдакӣ ва ҷумҳурӣ яке аз дарозумртарин одам ҳастанд. Номашон бобои Алӣ, номи қиблагоҳ Мирзо. Соли таваллуд 1912.

Андаке пеш, вақти ангурпаз бо бобои Алӣ дар боғашон вохӯрда будам. Каппа доранд, то рӯзҳои сарди зимистон чароғҳои каппа дар саҳрои дур аз деҳа фурӯзон. Зиндагиашон дар ҳавои тоза, дар боғ, дар дашти кушоди лаби сойи Тундара мегузарад. Ангурҳои боғи боби Алӣ дар деҳаи Роҳатӣ аз ҳама ширинтар, ба қавли худашон, забони ангурҳои ҷавз, ҳусайнӣ ва соҳибиро ёфта будаанд. Боғашон серҳосил, дар ширинӣ ҳам, ангури ҷавзи боғи бобои Алӣ ноёфт. “Сабабаш дар чӣ?”, пурсидем. “Меҳнат, ҳамааш аз меҳнат”, бо ифтихор дастаи белро фишурда ҷавоб дод бобо.
Ҳамон рӯзи ба боғи бобои Алӣ омаданамон фарзандону набераю абераҳо маърака доштаанд, маъракаи мавиззанӣ.
Ангур мечиданд, дар дегҳо об меҷӯшид, барги шафтолуро меҷӯшонданд, барги шафтолу ранги ангурро мегардондааст, сифати мавиз хуб мешудааст. Чанд дақиқа дар оби ҷӯш нигоҳ доштани ангурро ва ранг гардондани онро бобои Алӣ медонанд, худашон ангурро ба оби ҷӯш меандохтанд. Ҳама серкор. Дар таги як деги наздики каппа оташ фурӯзон, келинҳо хӯрок мепӯхтанд. Ҳамаро як даву ғеҷе, ҳама хурсанд, гӯё айёми мавиззанӣ барои боғдорон як тӯй. Дар он лаҳзаҳо мо бобои Алиро аз ҳама бештар хурсанд медидем, ҳосили ангур аз он кас, натиҷаи шабу рӯз меҳнат карданҳояшон дар боғ, боғашон имсол ҳам ҳосили зиёд дод. Аз бобои Алӣ аксаран мепурсанд, ки сабаби умри дароз диданашон дар чӣ? Бобо дар ҷавоб мегӯянд, ки шумо ҳам дар дил ғамро роҳ надиҳед, зиқӣ накунед, дар боғ, дар бехи токҳо ҷунбед, сабзу хуррам гаштан, ҳосил додани токҳоро бубинед, гули ангурро бибӯед, гулҳои дарахтонро тамошо кунед,  умратон дароз мешавад.
Фирӯзи МИРЗО,
корманди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2019    №: 8    Мутолиа карданд: 77

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед