logo

иҷтимоиёт

КӮҲИСТОН БА ОБАНБОР НИЁЗ ДОРАД

Тоҷикистон сарчашмаи оби минтақа аст, вале дар шароити кӯҳистон (фақат ҳафт дарсади масоҳати кишварро заминҳои хамвор ташкил медиҳанд) обёрии майдонҳои кишт тавассути шабакаҳои худҷорӣ ҳанӯз ҳам душвор боқӣ мемонад.

Баробари ин,  баҳорон аз баландкӯҳҳо оби рӯду дарёҳо  бо суръати тез ҷорӣ  шуда,  хоку қумро шуста мебарад. Дар ин айём ба чашм чунин мерасад, ки баҳорон пас аз боронҳои баҳорӣ дар дарёву наҳрҳо на об, балки лойқа ҷорӣ мешавад. Бо ин сабаб, ҳар сол миллионҳо тонна хоки қабати ҳосилхези заминҳои кишвар тавассути наҳрҳо ба дигар ҷойҳо интиқол меёбад.
Баъди боронҳои баҳорӣ, аниқтараш моҳҳои май - июн гиёҳҳои талу теппаҳои сарсабзи  кишвар  хушк мешаванд. Сабаби асосии ин ҳолат мавҷуд набудани обанборҳои эҳтиётист.  Ин дар ҳолест,  ки дар ҳар як дараи обгузар бар асоси пешрафти илму техникаи замони муосир   бунёди обанборҳо имкон дорад. Дар мавриди сохта шудани ҳавзҳои эҳтиётӣ дар ин дараҳои обгузар  обмонии зироатҳо дар мавсими тобистон осон мегардад.   Масалан, бо ташаббуси деҳқони номдор Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Миралӣ Маҳмадалиев дар собиқ хоҷагии Ленини ноҳияи Восеъ солҳои ҳафтодуми асри гузашта обанборе сохта шуд, ки он аз ҳисоби боронҳои зимистону баҳорӣ  пур мегардид ва тобистон 11 ҳазор гектар пахтазорро шодоб менамуд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар кишвари дӯсту ҳамсояи мо Ӯзбекистон  наздики 60  обанбори калони эҳтиётӣ  мавҷуд аст, ки баҳри обёрии киштзорҳо дар фасли гармо истифода мешаванд.
Аз рӯйи мушоҳидаҳо, бунёди обанборҳо дар дараҳои обгузар, ки  сангҳои калонҳаҷм зиёданд, осону муносиб аст. Гузашта аз ин, бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ истеҳсоли семент низ дар мамлакат фаровон гардидааст. Мардум низ ба хотири раҳоӣ аз норасоии оби полизӣ омодаанд, ки   тариқи ҳашар пешбандҳои обанборҳоро  бо истифода аз сангу шағал ва сементи хушсифати ватанӣ бунёд намоянд. Дар ин маврид, фақат ибтикор ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо  роҳи ҳалли масъала буда метавонад. Ҳамчунин, барои ба роҳ мондани чунин обёрии табиӣ ташкили семинар - машваратҳо аз ҷониби масъулони соҳа зарур мебошад, то кишоварзон  аз таҷрибаи замон баҳравар шаванду ин масъалаи мубрам ҳалли худро ёбад.   Солҳост, ки дар айни долу зарби кишт кишоварзони минтақаи Кӯлоб аз оби полизӣ  танқисӣ мекашанд, ҳол он ки дар наздикиҳои ҳамин майдонҳои кишт аз баландкӯҳҳо оби рӯду дарёҳо равон аст.
Раҳмат ШЕРАЛИЕВ,  омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2019    №: 8    Мутолиа карданд: 150

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед