logo

иқтисод

ГИДРОПОНИКА

2. Натиҷаи озмоиш шигифтангез аст
Дар шумораи гузашта «Ҷумҳурият» аз хусуси пайдоиш ва паҳншавии гидропоника - усули инқилобии парвариши зироат ва дастовардҳои кишварҳои мутараққӣ аз истифодаи саноатии он маълумот дода буд. Боиси хушнудист, ки Тоҷикистони мо низ аз ин раванди муҳим дар канор нест. Сарвари ширкати «Элегант» Абдулаҳад Муъминов дар кишвар аввалин шахсест, ки ду сол қабл ба ин ҷодаи комилан нав қадам ниҳод. Соле пас соҳибкори муваффақ гармхонаи гидропонияшро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуд. Пионери гидропоникаи тоҷик дар суҳбат бо хабарнигорони “Ҷумҳурият” аз афзалиятҳои ҳайратовари ин усули парвариш нақл кард, ки истифодаи васеи он метавонад дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ таҳаввулот ба амал орад.

- Ба як ширкат се маротиба омадани Сарвари давлат ҳодисаи камназир аст, ки ҳатто ба соҳибкорони муваффақ аҳён даст медиҳад. Шумо тавонистед аз ҷумлаи чунин соҳибкорони баландиқбол бошед. Чӣ тавр?
- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст 12 июни соли 2012, ҳангоми сафари корӣ ба вилояти Суғд ба шаҳри Бӯстон омада, меҳмони мо шуданд ва корхонаи коркарди сангҳои ороишии ширкатро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пас аз ду сол, аниқтараш 20 августи соли 2014 Сарвари давлат коргоҳи нахи базалтиямонро кушода, фотиҳаи нек доданд. Маротибаи сеюм бошад, баъди гармхонаи гидропонӣ сохтанамон омаданд. Ин 18 ноябри соли 2017 буд.
Ҳар се мулоқот бо Ҷаноби Олӣ бо тамоми ҷузъиёташ дар хотирам нақш бастааст. Зеро чунин бахт на ба ҳар кас муяссар мешавад. Зимни тамошояшон аз се иншоот, суҳбату саволҳояшон, хосса дар бораи бартарию суди гидропоника, бори дигар бовар ҳосил кардам, ки аҷаб Сарвари навҷӯю навпарваранд. Кош, ҳама роҳбарон чунин мебуданд.

- Ширкати “Элегант ” дар шаҳри Бӯстон аз соли 2000-ум фаъолият дорад. То рӯ овардан ба истеҳсолот, яъне то соли 2012 он бо чӣ кор машғул буд?
- Ман 27 сол инҷониб соҳибкорам. Бо ташкили ширкати серсоҳаи  “Элегант” мо тиҷоратро ба роҳ мондем. Яъне содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла тармева, хушкмева, консерва, аз вилояти Суғд ба хориҷа - Россия, Украина, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва кишварҳои дигар. Ба ҷумҳурӣ бошад, молҳои гуногуни сермасриф ворид мекардем.
Ғайр аз ин, ба сохтмон ва таъмири иншоот, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ машғулем. Бо гузашти солҳо, сафарҳои зиёд ба хориҷа, оламу одам дидан ба хулоса омадам, ки барои ободии Ватан истеҳсолотро бояд ба роҳ монд. Ҳамин тавр, дар ноҳияи Ашт корхонаи сангҳои ороишӣ тавлид ёфт. Пас аз он корхонаи нах ва тахтасангҳои базалтӣ. Айни замон ширкат соле 15 ҳазор метри мукааб тахтасангҳои базалтӣ ва 85 ҳазор метри мураббаъ сангҳои ороишӣ мебарорад. Бо истеҳсоли сангҳои ороишӣ бо сифати сатҳи ҷаҳонӣ мо воридоти онро, ки асосан аз Арманистон ва Италия сурат мегирад, қариб 100 ҳазор метри мураббаъ коҳиш дода тавонистем. Яъне ин маводи инноватсионӣ воридотивазкунанда мебошад, ки ба он дар бозори дохилӣ талабот калон аст. Нияти ба хориҷа фурӯхтанашро низ дорем. Айни замон кормандони “Элегант” бо ин сангҳои ватанӣ биною девори маҷмааи меҳмонхонаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Кохи Сомон”- ро оро медиҳанд.
Зимнан, ба Ҷаноби Олӣ ҳангоми сафари сеюмашон намунаи биноҳои дуошёнаи истиқоматии камхарҷро аз тахтасангҳои базалтӣ ва сангҳои ороишӣ нишон додем, ки писандашон омад.

- Тавре дар боло гуфтед, беш аз чоряк аср инҷониб соҳибкоред. Гидропоника бошад, илмест серпаҳлую мураккаб...
- Ишораатонро фаҳмидам. Аз гидропоника ман ҳанӯз соли 2004 дарак ёфта будам. Ҳангоми таҳсил дар курси кӯтоҳмуддати Академияи кишоварзии Колумбияи иёлати Миссурии  ИМА. Дар академия имконияту афзалиятҳои онро ба чашми худ дида, ба қавле “ошиқ” шудам. Бо нияти пурратар омӯхтани технологияи он ба Ҳолландия, Фаронса, Италия, Россия сафар кардам. Дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон низ будам. Тарзи ташкили гармхонаҳою технология ва корашонро дидам. Гидропоника баҳри беканори имконият барои рушди соҳаи кишоварзист. Натиҷаҳое, ки дар ин ҷода дар кишварҳои пешрафта ба даст овардаанд, воқеан, ҳайратангезанд. Бовари кас намеояд, ки бо истифодаи гидропоника, яъне парвариши зироат бидуни хок аз 20 то 50 маротиба бештар ҳосил гирифтан метавон. Ин, воқеан, инқилоб аст!
Бунёди гармхонаи гидропонӣ кори саҳл нест, маблағи калон, мутахассис мехоҳад. Баъди омӯзиши зиёд ба хулоса омадам, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони рус гармхонаро созем. Дар Россия ба усули ҳолландӣ афзалият медиҳанд. Онҳоро аз Ростов овардем. Ҳамаашро маслиҳат кардем, аммо дар масъалаи нарх гапамон напухт. Ниҳоят бо коршиносони Кореяи Ҷанубӣ гармхонаро бунёд кардем, технологияро бошад, аз Ҳолландия харидем. Дар маҷмӯъ, барои гармхона 4,5 миллион сомонӣ сарф шуд ва дар он парвариши гидропонии помидор, бодиринг, қулфинай, лимӯ, гулҳои гуногунро аз кишварҳои дунё ба роҳ мондем. Шумо тасаввур мекунед, ки мо тамоми сол ҳосил мегирем? Ҳосили ниҳоят баланд. Таҷрибаи нахустини мо нишон дод, ки дар Тоҷикистон низ бо усули гидропонӣ 250 - 300 тонна ҳосили помидор гирифтан хобу хаёл нест. Ё бодиринг. Дигар мисоли ҳайратовар аз як бутта садбарг 200 адад гул гирифтан!          

- Ва ин ҳама бе хок, ҷӯяккашӣ, обмонӣ, дорудиҳӣ ва...
- Бале. Ба ҷои хок решаи кӯчати масалан помидор дар нахи базалтӣ истода аз зарф маҳлули ғизоиро меҷабад ва нашъунамо меёбад, ҳосил мебандад. Аз ҳосил, ки монд, дигарашро мешинонед ва раванд такрор меёбад. Ҳамин тавр,  тамоми сол нашъунамо ва ҳосилдиҳию ҳосилгирӣ. Истифодаи об даҳ маротиба камтар аст, ҳашароти зараррасон умуман нест, пас ҳоҷат ба заҳрхимикатҳо низ аз байн меравад. Яъне меваю сабзавоте мегиред, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза аст. 

- Абдулаҳад, Шумо ба парвариши сабзавот дар 1800 метри мураббаъ шурӯъ кардед. Натиҷаи озмоиши нахустин, воқеан, шигифтангез аст. Оё дар фикри  васеъ кардани масоҳати гармхона ҳастед?
- Вақте Ҷаноби Олӣ гармхонаро диданд, маҳз ҳамин маслиҳатро доданд. Ба роҳбарони вилояту шаҳр ҳам гуфтанд, ки се гектар замин ҷудо кунанд. Бовар дорем, ки ин масъала ба зудӣ ҳалли худро меёбад.
Воқеан, чун суҳбатамон дар арафаи Соли нав сурат мегирад, навиди солинавӣ ҳамин аст, ки барои истиқболи арзандаи Ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва хизмат дар роҳи ободии Ватан дар ноҳияи Балҷувон бунёди корхонаи коркарди мармар ва санги хороро ба нақша гирифтем.
Хуршеди ҶОВИД,
Ҷовиди АШТӢ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2019    №: 8    Мутолиа карданд: 99

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед