logo

сиёсат

ДАРАХТИ САБЗИ ИСТИҚЛОЛИ МЕҲАН

Яке аз самтҳои дурахшони сиёсати созандаи Пешвои миллатамон ва Ҳукумати Тоҷикистон дар радифи бунёдкорӣ ва пирӯзиҳои шоистаи иҷтимову хоҷагӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, сабзу хуррамгардонии муҳит ва шукуфоии рӯзгори халқамон мебошад, ки аз оғози Истиқлолияти давлатии кишвар то ба имрӯз миллати моро соҳиби  дастовардҳои беназир гардондааст. Дар ин росто, ниҳолшинонӣ яке аз маросимҳои зебою дилпазир, шуғли фараҳбахш ва рӯҳангези мардуми мост. Суннатест неку ва хайрафшон, ки ба мо аз гузаштагони хуррамниҳод ва ободкор, аз падарону бобоҳои заҳматдӯсту зебопарастамон мерос монда. Ин шуғл ва иқдомест хуҷаста, ки нафақат рӯзгори моро сабзу хуррам ва шукуфо мегардонад, балки ба файзу баракат ва фаровонии зиндагии халқамон мусоидат мекунад, тароват ба ҳастиямон мебахшад, вуҷудамонро муаттар месозад ва дар маҷмӯъ, саҳми мо ба ҳифзи муҳити зисти Сайёра хоҳад буд.
Дар ин асос имрӯз ҳашарҳои сабзкориву ниҳолшинонӣ бо иқдоми Сарвари кишвар дар мамлакатамон нафақат аҳамияти сарсабзу зебогардонӣ доранд. Онҳо моро аз хатарҳои мудҳиши экологӣ, аз хушксоливу маҳви ҷонварон низ то ҷойе нигоҳ дошта, муҳити хуш ва ҳавои тозаро фароҳам оварда,  ба асолати таърихии кӯҳистони пурбаракатамон бозмегардонанд.
Хушбахтона, сиёсати ободкории пешгирифтаи Пешвои миллатамон имрӯз боиси пайдо шудани ҳазорон гектар боғу токзор, гулистону бӯстонҳои нозанин ва фараҳбахш гардидааст. Ва ширкати бевоситаи Сарварамон дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ дар кишвар ба ҳукми анъана даромадааст. Имрӯз Меҳани мо нафақат симои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии тоза меёбад, балки намои муҳити зисти он низ, зебову хурраму пуртароваттар шуда истодааст.
Иқдомҳои неки Сарвари кишварамонро дар шинондани ниҳолу дарахту нахлҳо ва коштани гулу гиёҳ аз тамоми гӯшаҳои дунё овардану нишондану парваридани дарахтон ва нахлу гулу гиёҳҳои нодир, симои сарзамини дилрабоямонро даҳчанд дилработар  мекунад. Ин иқдомҳо аз ҷониби тамоми сокинони кишвар дар ҳама ҷо ва дар дурдасттарин гӯшаҳои кӯҳистони мо ҳам бояд дастгирӣ ва пайравӣ ёбанд. Ҳашарҳои бузурги ниҳолшинонӣ ва сабзу хуррамкунӣ дар кишварамон ба ҷуз мавзеъҳои анқариби шаҳру деҳот, тамоми кӯҳистони моро бо навбат бояд фаро бигиранд. Дар ҳар ноҳия, ҳар деҳа ва ҳар хонаводаи шароитдошта парвариши қаламчаву сабзондани ниҳолҳо бо нияти кӯчат кардани онҳо дар доманакӯҳҳо бояд ба расмият дароварда шаванд.
 Пешниҳоди Сарвари хирадпешаамон дар Паёми навинашон дар хусуси Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019 -2021, бешак, боз як такони хубе хоҳад дод  барои вусъати дучанди иқдомҳои сабзу хуррамгардонии деҳоту кӯҳистони тоҷик. 
Мо аминем, ки фардо бо ин ниҳолҳо дар пойтахти Ватанамон ва дар тамоми кишвар шукӯҳу арҷ, ҳиммату ифтихори миллии кишвари соҳибистиқлоламон қомат меафрозад ва Тоҷикистони азизамон Ватани сарсабзиву шукуфоӣ, сарзамини биҳиштии дараш боз ба истиқболи дӯстони некманишу хайрхоҳ хоҳад буд.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2019    №: 8    Мутолиа карданд: 396
03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

29.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 6065 КАС ШИФО ЁФТ

ДДСТДТ. БА ДОВТАЛАБОН ИМТИЁЗҲО ПЕШБИНӢ ШУДААСТ

ДДФСТ. СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ БА ШЎРОИ ДИФОЪ НИЁЗ ДОРАД

27 МЕДАЛИ ТИЛЛО ДАР ШАШ МОҲ

100 ДАРСАДИ САҲМИЯҲОИ ҶСК «АЗОТ» БА ФУРЎШ ГУЗОШТА МЕШАВАД

44 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ БАРҚАРОР ШУД

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ НИЗ ЗИЁД ГАРДИД

ЛИГАИ БОНУВОН. "ХАТЛОН" БА САДРИ ҶАДВАЛ БАРОМАД

СҶТ: «ДУНЁ ТАНҲО ЯК МАВҶИ КОРОНАВИРУСРО АЗ САР ХОҲАД ГУЗАРОНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

28.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 28 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК». 11 ҲАЗОРУ 931 ҲОЛАТИ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ НЕРУИ БАРҚ

КВД «ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ». 200 ҲАЗОР АҲОЛИИ ДЕҲОТ БО ОБИ НӮШОӢ ТАЪМИН МЕШАВАД

ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ. МАҶМӮИ МАЪЛУМОТ МИНБАЪД ДАР КИШВАР ТАҲИЯ ВА НАШР МЕГАРДАД

САҲМИ ДУШАНБЕ ДАР ММД-И КИШВАР БА 20,7 ДАРСАД РАСИД

МТС. ҲАМКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. 38 ҲАЗОР ҶОЙИ КОР ТАШКИЛ ЁФТ

КОНФРОНСИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕГАРДАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед