logo

Хабарҳо

Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷараёни корҳои омодагӣ ба таҷлили 5500 - солагии шаҳри қадимаи Саразм  раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент омад. 
Зимни боздид аз Мамнӯъгоҳи таърихӣ - бостоншиносии Саразм аз ҷониби Раҷаббой  Аҳмадзода бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва фаъолони шаҳри Панҷакент барои сохтмони пойдевори бинои осорхонаи нав санги асос гузошта шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода иброз намуд, ки ҷашни 5500 - солагии Саразм, ки бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат соли 2020 дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил карда мешавад, мояи худшиносӣ, меҳанпарастии мардуми кишвар ва тоҷикони бурунмарзӣ хоҳад гашт.
Чуноне иттилоъ дода мешавад, дар ҳудуди мамнӯъгоҳ, инчунин,  меҳмонхонаи муосир бо тарзи меъмории шарқӣ бунёд хоҳад ёфт.
Дар доираи сафари кории раиси вилояти Суғд ба шаҳри Панҷакент, ҳамзамон, ду коргоҳи хурди истеҳсолӣ ба истифода дода шуда, барои сохтмони беморхонаи нави марказии шаҳр ва биноҳои нави мактабҳои № 47 ва № 72, воқеъ дар шаҳраки Саразм, санги асос гузошта шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 115

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед