logo

фарҳанг

МАЗМУН АГАР БАЛАНД АСТ...

Маълум аст, ки таҳоҷуми фарҳангӣ ва фарҳангҳои ноаён таҳмилшаванда нахуст ба пояи забону фарҳанг зарба мезананд. Дар ин ҷараёнҳои мураккаб ногузир бояд сипару ҷавшани  қавиеро барои забону фарҳанги худ дошта бошем. Ин аст, ки масъалаи мазкур яке аз проблемаҳои муҳиму рӯзмарраи мо – омӯзгорон ҳам ҳаст.

Мову шумо медонем, ки санъаткорон неруи бештари таъсиргузорӣ доранд ва дар баробари ин, масъулияташон низ зиёд аст. Шояд панду андарз ва ё як шеъри хуб дертар ба самъи мардум бирасад, аммо созу суруд ба зудӣ ба майнаву мағзҳо ҷо мегирад ва дар тарбияи ахлоқӣ таъсир мерасонад.
Имрӯз ҳамаи фарзандони болиғу ноболиғ аз телефону планшетҳо истифода мебаранд ва онҳо пур аз сурудҳои «бобу нобоб» - анд. Аз ин истифода бурда, бархе аз шахсони ба ном санъаткор сурудҳои сусту каммояашонро пешкаш мекунанд ва як муддат шуҳрат ҳам меёбанд. Агар ба телевизиону радио роҳ наёфтанд, сурудҳояшонро сабт карда, ба фурӯш мегузоранд ва ё дар Интернет паҳн мекунанд. Ба ин хотир, агар мо ба хонандагони худ, ки фарзандони мо маҳсуб меёбанд, дарки дурусти сурудаҳоро наомӯзонем, фарқ байни сиёҳу сафедро нафаҳмонем, меҳри «Фалак» - у «Шашмақом» - ро ба дилашон ҷо накунем, фардо барои худамон боз ҳам мушкилтар мешавад. Ин таъкиду ҳушдори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳуда нест: «Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад».                                                                                    
Дар гузашта бузургони санъати тоҷик Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Нигина Рауфова, Маъруфхӯҷа Баҳодуров ва дигарон ҳамеша матнҳои пурмуҳтаво интихоб мекарданд ва пайваста бо шоирону нависандагон ҳамкорӣ доштанд.
Аксари мардум аз мушкилфаҳм будани ғазалҳои Бедил ҳадс мезаданд, аммо вақте Одина Ҳошим бо лаҳну садои марғуб шеърҳои Бедилро суруд, ҳама ғазалҳои шоирро дарк карда, лаб ба аҳсант кушоданд. Яъне, аз санъаткорон вобаста аст, ки мазмунҳои баланди шеърро ба шунаванда расонда тавонанд.
Аз ин сабаб, месазад, ки ҳангоми бо мусиқӣ сурудани матнҳои шоирони классику муосир меъёрҳои овоии забон риоя шаванд. Дар ин маврид, пешниҳод мекардем, ки дар назди Вазорати фарҳанг шӯрои мувофиқасозии матни сурудҳо таъсис дода шавад, зинда (бидуни фонограмма) сароидани суруд таблиғ гардад.
Мо, набояд фаромӯш кунем, ки тарғибу ташвиқи забони тоҷикӣ, ривоҷи ин забони бостонӣ танҳо аз омӯзгорону адибон ва рӯзноманигорон вобаста нест, балки санъаткорон низ дар  ин масъала муваззафанд ва, ҳатто, онҳо масъулияти зиёдтар доранд.
Агар санъати волои мусиқиро санъаткорони мо манбаи даромаду шуҳрати гузаро надонанд, бо он муносибати ҷиддӣ дошта бошанд ва матни пурмазмун интихоб намоянд, мисли Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Нигина Рауфова, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Аҳмад Зоҳир аз ёдҳо фаромӯш нахоҳанд шуд.
Робия МИРЗОЕВА,
омӯзгори МТМУ № 80 - и ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2019    №: 9    Мутолиа карданд: 181

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед