logo

фарҳанг

ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ. ҚАРЗИ МО ДАР НАЗДИ ТАЪРИХ

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд, ин ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи онҳо мебошад. Роҷеъ ба ин масъала, Пешвои миллат чунин таъкид намуданд: “Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем”.
Воқеан ҳам, таҳқиқу омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати фарҳангии кишвар мебошад, зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ зимни сафар ба Тоҷикистон ба мероси таърихию фарҳангии  кишвари мо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Аз ин ҷост, ки  истифодаи мероси таърихию фарҳангии кишвар дар рушди соҳаи сайёҳӣ нақши басо муҳим ва сазовор мегузорад. Имрӯз дар кишвари мо, тибқи омори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёда аз 3000 ёдгории мероси таърихию фарҳангӣ вуҷуд дорад, ки вазифаи асосии мо аҳли фарҳанг ҳифзу нигоҳдорӣ, тармиму бозсозӣ ва таблиғу ташвиқи шоистаи онҳо мебошад.
Маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ назаррас мебошад. Ҳамин кӯшишу талош ва ғамхориҳои Сарвари давлат буд, ки аз шумораи умумии ёдгориҳои зикргардида, ёдгории бостонии Саразм ва Боғи миллӣ ба рӯйхати асосии мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардиданд.
Муҳимтарин объектҳои сайёҳӣ дар ҷомеаи навин осорхонаҳо ба шумор мераванд. Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҷамъоварӣ, ҳифз, таблиғу ташвиқ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик нақши басо муҳим ва калидӣ дорад. Дар толорҳои экспозитсионии осорхона ёдгориҳои манқул ва ё бозёфтҳое, ки дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ ба даст омадаанд, ба маъраз гузошта шудаанд. Ҳамчунин, амсилаҳои ёдгориҳои таърихӣ ба монанди “Қабри маликаи Саразм”, бозёфтҳои “Хазинаи Амударё”, “Тахти сангин”, “Кофирқалъа”, “Чилҳуҷра”, “Қаҳқаҳа”, “Ӯртақӯрғон”, “Дайри буддоии Аҷинатеппа”, “Ҳулбук”, “Мақбараи Сомониён” ва “Мадрасаи Хоҷамашҳад”, ки инҳо ба гурӯҳи маводи ёрирасон дохил мешаванд, ба шакли бадеӣ сохта шуда, инъикосгари ёдгориҳои аслӣ мебошанд. Ҳама ин ёдгориҳои таърихӣ, нигораҳои нодир ва осори гаронарзише мебошанд, ки имрӯз дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва нигоҳдорӣ мешаванд. Мутахассисони ҷавони ин муассиса метавонанд дар баробари забони давлатӣ, инчунин, бо забонҳои хориҷӣ, аз қабили англисӣ, русӣ, арабӣ ва ҳиндӣ ба меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронанд.
Дар соли 2018 аз толорҳои экспозитсионии Осорхонаи миллии Тоҷикистон 114 645 нафар тамошобин дидан намуд. Аз ин миқдор  4453  нафарро меҳмонон ва сайёҳони  хориҷӣ ташкил  менамоянд. Намояндагони 52 кишвари мухталифи олам аз экспозитсияҳои Осорхонаи миллӣ боздид намудаанд. Барои  тамошобинони  ватанию  хориҷӣ аз тарафи  роҳбаладон  ва  кормандони Осорхонаи миллӣ 1677 экскурсия гузаронда шуд.
Алишер ЗАРИФОВ,
ходими илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2019    №: 9    Мутолиа карданд: 93

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед