logo

иҷтимоиёт

ЗАФАРИ "ҶУМҲУРИЯТ"

Дар зиндагӣ инсонҳое ҳастанд, ки бо як дидор ба дилу дидаҳо маскан мегиранд. Чун муаддабанд, сиришташон бо риштаи одоб ҳамчун гӯшту нохун аст. Забони гуфторашон ширин, муносибаташон самимиву сафобахш. Нигоҳашон ҷаззобу меҳрбору хайрхоҳона. Чунин инсонҳо ҳар ҷое фаъолият дошта бошанд, одамияташон барои ҳама ойинаи ибрат аст. Зеро, зебу фари Одам, пеш аз ҳама, хислатҳои нек - одобу хоксорӣ, дар маҷмӯъ, ахлоқи ҳамидаи инсонист.

Адаб тоҷест аз нури Илоҳӣ,
Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ,
- гуфтааст шоир, ки маҳз тавсифу аҳсант ба чунин инсонҳост.
Зафарҷон Ҳасанов, бо пиндору рафтору гуфтору одоби ибратомӯз ва кори содиқонааш маҳбуби дидаву дилҳост.
Ӯ шонздаҳ сол боз дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо як масъулияти баланди касбӣ ва эҳтироми самимӣ ба ҳамкорон фаъолият дорад. Дувоздаҳ сол вазифаи муовини сармуҳосиби рӯзномаро сарбаландона бар зимма дошту мекӯшид, ки корҳои муҳосибӣ бе камукост бошанд ва кормандон сари вақт ҳаққи қаламу маоши худро бигиранд. Ҳисоботе, ки барои мақомоти дахлдор омода мекард, бе ягон эрод қабул мешуду имрӯз ҳам чунин аст. Аз хурдтарин навигарӣ дар самти молия зуд огоҳ мешавад ва онро дар кори муҳосибот истифода мебарад. Имрӯз, ки талаботи қонунгузории андозу андозбандӣ дар ҳоли тағйиру иловаҳост, Зафарҷон дониши касбии худро пайваста такмил дода, дар комёб гардидани рӯзнома ва таъмини рақобати он дар байни дигар нашрияҳо саҳми арзанда дорад. Дар баробари ин, ба ӯ муҳосибон аз дигар нашрияҳо ва ашхоси ба ҳисобу китоб машғулбуда, муроҷиат мекунанд ва аз маслиҳатҳои коршиносонааш бархӯрдор мешаванд.
Рисолати худ медонад, ки аз вақт, лаҳзаҳои муносибу мувофиқ ба манфиати ҷомеа ва рушду тараққиёти он саҳми арзандаи худро бигузорад.
Дар ин ҳол хастагиро эҳсос намекунад, балки болидарӯҳ мегардаду шод, ки вазифаи шаҳрвандиву инсонияшро то ҷое сомон додааст. Инчунин, барои иҷрои мақсадҳои бузургтар неру дораду омодагии беҳтар.
Ба ин хотир, аз маҳбубияти ҳамкорон ва нафароне, ки ӯро мешиносанд, хуб бархӯрдор аст.
Убайдулло МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2019    №: 10    Мутолиа карданд: 91

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед