logo

сиёсат

ҚАДАМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУБОРАК АСТ

28 декабри соли рафтаро ятимон ва кормандони мактаб - интернати рақами 1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе рӯзи хотирмону фаромӯшношуданӣ меҳисобанд. Дар ин санаи фархунда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин муассиса ташриф оварданд ва аз шароити зисту таълими хонандагон ва кормандон дидан карданд.
Бояд ёдовар шуд, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори чорум аст, ки ба ин таълимгоҳ ташриф меоранд ва бо шароити зисту таълими ятимону кормандон ошно мешаванд. Ба ҳар бори омаданашон таълимгирандагонро шодиву фараҳ фаро мегирад. Онҳо хуб дарёфтаанду медонанд, ки қудуми Пешвои миллат муборак буда, аз аҳволу таълимашон самимона пурсон мешаванду ҳамроҳашон гарму ҷӯшон суҳбат меороянд.
Дар ду соли охир мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муассисаро бо 30 тахтаи электронӣ, 65 компютер, 11 ноутбук ва 76 камераи назоратӣ таъмин намуд. Ҳамчунин, ба хотири ҷалби наврасон ба варзиш ва  рушди ин соҳа ду майдончаи варзиш, як толори варзиш ва ду толори маҷлисгоҳ бунёд кард. Таълимгирандагон имкони беҳтари омӯхтани технологияи компютерӣ, забонҳои хориҷиро доранд.
Ҳамин тавр, ин муассисаи таълимӣ дорои ҳамаи шароитҳои зарурист. Дар се ошёнаи он 22 синфхонаи фаннӣ, 19 кабинети корӣ, 18 хонаи хоб бо 330 кат, 2 ҳуҷраи бозии кӯдакон ҷой доранд. Аз озмоишгоҳҳои фаннӣ ва толори фарҳанг ба таври васеъ истифода мебаранд. Мактаб - интернат бо системаи гармидиҳӣ низ таъмин аст.
Ин муассисаи таълимӣ барои кӯдакони ятим, ки яке аз калонтарин мактаб - интернатҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, соли 1972 дар заминаи мактаб - интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор таъсис ёфтааст. Бо гузашти солҳои зиёд, хосса дар даврони навин, ба талабот ҷавобгӯ набуд. Дар вохӯрии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулону фаъолони шаҳри Душанбе (15 феврали соли 2017) соҳибкори ватандӯст, директори ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сарманзил» Маҳмудҷон Муродов иқдом намуд, ки аз ҳисоби даромади софи корхонааш муассисаи таълимии мазкурро пурра аз таъмири асосӣ барорад. Ба ҳангоми ташрифи Сарвари давлат ӯ ваъда дод, ки барои 600 нафар бошандагони мактаб-интернат хобгоҳи замонавӣ сохта ба истифода диҳад.
Албатта, ташрифу боздид, ҳидояту раҳнамоӣ ва дастуру супоришҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як умр дар хотири ятимон ва кормандони муассиса мемонад. Ба яқин, дар дунё ҳеҷ сарвари давлате нест, ки мислашон барои ятимон вақти қимати худро сарф намоянду ба шароити зисту таълимашон аз наздик шинос шаванд. Инчунин, бо онҳо падарона суҳбат биороянду панду андарз бидиҳанд, раҳнамоияшон бинамоянд. Ва ҳам барои ҳар кадом туҳфаи гаронарзиш тақдим бикунанд. Ин ҳама ғамхориҳову дастгириҳо бо дӯстдориву муҳаббати хосса онҳо ва моро вазифадор месозанд, ки беҳтар аз пештар биомӯзем, фаъолият намоем ва дар рушду пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанда бигирем.
Ҷамолиддин АМИРХОНОВ,
директори муассисаи давлатии таҳсилоти
умумии асосӣ - «мактаб - интернати рақами 1
барои кӯдакони ятим»-и шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2019    №: 10    Мутолиа карданд: 138

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед