logo

сафарҳо

Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Копенгаген баргузор гашт

16- 17 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар Конфронси 15 - уми ҷонибҳои  Конвенсияи қолабии Созмони Милали  Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар пойтахти Шоҳигарии Дания - шаҳри Копенгаген қарор дошт.Баҳри иштирок дар ин ҳамоиши бузурги ҷаҳонӣ сарони зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ба шаҳри Копенгаген ташриф овардаанд, аз ҷумла роҳбарони аксари давлатҳои абарқудрати ҷаҳон низ.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин конфронси ҷаҳонӣ ба ҳайси роҳбари яке аз давлатҳои ташаббускори олам оид ба ҳаллу фасли масоили вобаста ба ҳифзи иқлими сайёра ва таъмини дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ даъват шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон зимни суханронии худ, аз ҷумла таъкид дошт, ки тағйирёбии кунунии иқлим ба Тоҷикистони дорои шароити мураккаби ҷуғрофӣ осеби зиёд мерасонад.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои марбутаи он муроҷиат намуд, ки баҳри таъмини амнияти об дар Осиёи Марказӣ таъсири низоми бесамар ва куллан кӯҳнашудаи истифодаи оби минтақа, инчунин теъдоди зиёди обанборҳои кишварҳои поёнобро ба вазъи экологӣ ба таври маҷмӯӣ мавриди ташхису арзёбӣ қарор диҳанд, то ки дар шароити афзоиши босуръати демографӣ  пеши роҳи азхудкунии беназорати заминҳои нав ба нав ва исрофи бенизоми об дар минтақа гирифта шавад.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «маҳз истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои об барои обёрии заминҳои кишт ва сохтмони обанборҳои азим дар поёноб, ки ғунҷоишашон аз худи Арал дида якуним маротиба зиёд аст, ба нобудшавии ин баҳри дар гузашта бузург боис гардид».
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки анбӯҳи зиёди ғубор ва намаке, ки аз қаъри хушкшудаи баҳри Арал ба ҳаво меравад, ба обшавии босуръати пиряхҳои кӯҳҳои Помиру Тёншон то андозаи муайян таъсир мерасонад.
Баҳри наҷоти ин пиряхҳо, ки манбаи асосии об ва умуман ҳаёт дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон ҳамчунин иттилоъ дод, ки айни ҳол 70% нерӯи барқ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар нерӯгоҳҳои ҳароратӣ тавлид шуда, ҳамасола боиси ба атмосфера партофта шудани миллионҳо тонна гази карбонат мегардад ва дар муқоиса ба ин афзуд, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 95% нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои обӣ истеҳсол карда мешавад. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон бо мавриди истифода қарор додани захираҳои гидроэнергетикии худ (527 миллиард киловатт-соат) метавонад дар пешгирӣ аз гармшавии иқлим саҳми намоён гузорад, зеро ин иқтидор аз эҳтиёҷоти минтақа 3 баробар зиёд аст. Ба гуфти ӯ, гузаштани кишварҳои минтақа ба истифодаи нерӯи барқи дар нерӯгоҳҳои обӣ тавлидшуда, натанҳо боиси пешгирӣ аз партови миллиардҳо тонна гази карбонат ба ҳаво, балки сарфа шудани миқдори бузурги нафт, газ ва ангишт мегардад.
Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон аз лиҳози партовҳои қиёсии дуоксиди карбон дар байни зиёда аз 200 кишвари ҷаҳон ҷойи 150 – ум ва дар Осиёи Марказӣ ҷойи охирро ишғол мекунад ва сарфи назар аз ин аз гармшавии иқлим, ки асосан натиҷаи фаъолияти кишварҳои тараққикарда мебошад, зиёни ҷиддӣ мебинад.
Бо назардошти ин ҳолат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон даъват намуд, ки ба кишварҳои қафомонда ва рӯ ба тараққӣ дар бартараф намудани оқибатҳои гармшавии иқлим кӯмакҳои молиявию техникии худро зиёд намоянд.
Дар охир Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз қабули қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид доир ба соли оянда дар пойтахти кишвари мо - шаҳри Душанбе гузаронидани Конфронси байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид «Об - барои ҳаёт, сулҳ ва рушд» ёдовар шуда, ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон, ниҳодҳои  Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ҷонибҳои иштиёқмандро ба иштирок дар он даъват намуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки ин конфронси байналмилалӣ дар доираи чорабиниҳои  Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об - барои ҳаёт», ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2005-2015 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шуда буд, гузаронда мешавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 614

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед