logo

Хабарҳо

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

Бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва сардори Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода фаъолияти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ВМКБ дар соли 2018 натиҷагирӣ гардид.
Зикр шуд, ки мувофиқи маълумоти омории сарраёсати молия ва раёсати  андози вилоят, нақшаи даромадҳои буҷети ВМКБ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 110,3 дарсад иҷро гардид.
Вобаста ба амалисозии «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ВМКБ барои солҳои 2016 – 2020», ки дар маҷмӯъ, 109 лоиҳаро дар бар мегирад, то 1 январи соли 2019 67 лоиҳа маблағгузорӣ шуда, 21 лоиҳа ба маблағи 803,1 миллион сомонӣ татбиқ гашт.
Таъкид гардид, ки соли 2018-ро метавон чун соли таҳкими волоияти қонун дар вилоят унвон кард. Зеро пас аз сафари кории  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ 15 сентябри соли 2018 дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят такони ҷиддӣ ба амал омад.
Таъсиси Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят ва фаъолияти бонизоми он имкон дод, ки барои таъмини волоияти қонун заминаи воқеӣ фароҳам оварда шуд. Зикр гардид, ки маҳз сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат бо такя ба хиради азалии мардуми Бадахшон имкон дод, ки мушкилоти зиёде ҳалли худро ёбанд.
Дар ҷамъомад аз сокинони вилоят даъват карда шуд, ки ҷавобан ба ҳама дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии ВМКБ корҳои  ободониро вусъат бахшида, Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовезҳои арзанда истиқбол гиранд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 259

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед