Хабарҳо
Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов
Дар ҳошияи баргузории Муколамаи “Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Самарқанд вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов вохӯрд.
Ҷонибҳо ба комёбиҳои бесобиқа дар соли 2018 дар пешбурди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ишора намуда, таъкид карданд, ки барои татбиқи фарогири мувофиқаҳои зимни сафарҳои давлатии роҳбарони ду кишвар ҳосилшуда, ҳар ду ҷониб пайгирона амал менамоянд.
Бо изҳори қаноатмандӣ аз афзоиши қобили мулоҳизаи гардиши савдои мутақобила, зарурати тақвияти ҳамкориҳо дар ин самт таъкид гардид.
Дар ин робита, истифода аз зарфиятҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ, ки ҷаласаи навбатии он соли равон дар Ӯзбекистон баргузор мегардад, зарур шумурда шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 118