logo

Хабарҳо

Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи ШСХК «Барқи тоҷик» оид ба натиҷаҳои истеҳсолию молиявӣ дар соли 2018 баргузор шуд.
Зикр гардид, ки соли 2018  ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ 16 миллиарду 219,3 миллион кВт-соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли пешин  860,4 миллион кВт-соат зиёд мебошад.
Соли гузашта ҷамъоварии маблағи неруи барқ аз муштариёни дохили ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2017 ба маблағи 314,5 миллион сомонӣ зиёд шуд, вале сарфи назар аз ин, тамоюли болоравии қарзҳои дебитории ширкат ба назар мерасад ва он соли 2018 363,6 миллион сомониро ташкил дод.
Дар иртибот ба ин, Азим Иброҳим зикр кард, ки яке аз омилҳои асосии бартарафсозии афзоиши қарзҳои дебитории ширкати “Барқи тоҷик” – ин беҳтар намудани ҳолати техникии системаи энергетикӣ, марҳила ба марҳила гузаштан ба низоми нави баҳисобгирии барқӣ, ҷорӣ намудани системаи биллингии ҳисоби неруи барқ, ҳисоби дурусти тавозуни неруи барқ дар зеристгоҳҳои барқӣ, баланд бардоштани касбияти кормандони соҳа ва коҳиши дахолати инсонӣ дар таҷҳизоти баҳисобгирии барқӣ мебошад.
Дар интиҳо, муовини Сарвазир махсус таъкид намуд, ки дар доираи талаботи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста афзудани иқтидори истеҳсолии неруи барқ кафолати воқеан амалӣ гардондани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии мамлакат мегардад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 281

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед