logo

иҷтимоиёт

ТАҲҚИҚОТИ ТИББӢ- ДЕМОГРАФӢ

Натиҷаҳо чиро нишон медиҳанд?
Чуноне ки хонандагони рӯзнома иттилоъ доранд, чанде пеш Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ натиҷаҳои  таҳқиқоти тиббӣ - демографии  соли 2017 - ро  мавриди баррасӣ қарор доданд. Бино бар  маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳқиқоти мазкур бо супориши Ҳукумати кишвар дар 5 сол як маротиба гузаронда мешавад. 
Мақсади асосӣ аз гузарондани он пайдо намудани маълумоти воқеии умумӣ оид ба масъалаҳои таваллуд, банақшагирии оила, фавти навзодон ва кӯдакон, солимии модару кӯдак, ғизои солим ва дигар масъалаҳои вобаста ба некуаҳволии мардуми кишвар мебошад.
Чунин таҳқиқот бори аввал соли 2012 роҳандозӣ шуда буд. Таҳқиқоти дувум, ки  5 майи соли 2017 оғоз шуда, то моҳи ноябри соли 2018 идома ёфт, бо ёрии  молиявии Агентии рушди байналмилалии ИМА, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Хазинаи нуфузи СММ (ЮНФПА) роҳандозӣ гардид.
Натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки вазъи демографӣ ва солимии аҳолӣ давоми 5 соли охир, яъне нисбат ба соли 2012 рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Аз ҷумла, дар ин муддат нишондиҳандаи фавти навзодон аз 33 нафар ба ҳазор тифли зинда таваллудшудаи соли 2012 то ба 27 нафар расидааст.
Тибқи  таҳқиқот ҳоло 96 дарсади занон кӯдакони худро дар беморхона таваллуд мекунанд. Ин нишондод соли 2012 ба 88 дарсад баробар буд.
Мувофиқи тавсияи табибон фосилаи байни таваллуди кӯдак набояд аз 36 моҳ кам бошад. Ин имкон медиҳад, ки кӯдак солим ба дунё ояд ва бо ғизои солим таъмин гардад. Айни ҳол нишондиҳандаи мазкур дар кишвар ба 26 моҳ баробар мебошад.
Яке аз роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ миёни  кӯдакон ин эмгузаронӣ аст. Таҳқиқоти дар ин самт гузарондашуда нишон дод, ки 82 дарсади  кӯдакони аз 24 то 35 – моҳа тамоми намуди ваксинаҳоро гирифтаанд. Тибқи маълумот фарогирии иммунизатсия дар шаҳри Душанбе ба 71, Суғд 92,  ВМКБ 75 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 96 дарсадро ташкил медиҳад.
Натиҷаҳои  таҳқиқоти тиббӣ - демографӣ барои таҳия намудани стратегияҳо ва барномаҳои нав оид ба вазъи демографӣ ва солимии аҳолӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ мусоидат менамояд. Аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқоти мазкур, ҳамчунин, нишондиҳандаҳо барои «Стратегияи миллии рушд то соли 2030» муайян карда мешаванд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2019    №: 12    Мутолиа карданд: 103

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед