logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶИЛОИ КОРНОМАҲОИ ТАЪРИХӢ ДАР ОИНАИ СОЛИ 2018

Соли 2018 дар тақвими зиндагии мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамчун соли расидан ба ормонҳои миллӣ ва дар таърихи давлатдории навин марҳилаи фатҳи уфуқҳои тозаи рушд сабт шуд. Зеро маҷмӯи амалҳои созандагие, ки бо пешкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом шуданд, фасли нави саодати миллиро рақам заданд. Агар ба корномаи Сарвари давлат вобаста ба сиёсати дохилӣ дар соли 2018 бо диди воқеъбинона назар андозем, ин ҳақиқат ошкор аст, ки сафарҳои файзбори Пешвои муаззами миллат ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат анҷомбахши тарҳҳои муҳими созандагӣ ва заминасози иқдомҳои минбаъдаи рушду шукуфоӣ буданд. Нигоҳи ҷамъбастӣ ба ин сафарҳои нишотбахш дар зарфи соли сипарӣ нишон медиҳад, ки ба ҳар ҷое қадами мубораки Пешво расид, он ҷо сабзпӯшу нурборон ва чеҳраҳо хандон буданд.
Албатта, сафарҳои кории Пешвои миллат давоми сол дар ВАО-и кишвар ба таври муфассал бозтоб шуданд, вале мо ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи дигарбораи хонандаи арҷманд ба ин шоҳкориҳо ва дарку маърифати иқдомоти созандае, ки аз файзи сулҳу ваҳдати миллист, аз равзанаи дигар вориди он шудем:

ДУШАНБЕ

ИСТЕҲСОЛИ ПАНҶ НАМУД АВТОБУС
Соли 2018 нахустин сафари дохилии кории Пешвои муаззами миллат моҳи феврал аз пойтахти мамлакат - шаҳри гулпӯши Душанбе шурӯъ шуд. Ин шаҳри шукуфо, ки аз ҳар нигоҳ симо ё ба истилоҳ «бренд»-и Тоҷикистони азиз аст, ҳамин сифатро ба худ ихтисос дода, дар зарфи ду соли охир ба таври қобили мулоҳиза симои худро дигаргун кардааст. Ба эътирофи умум, дар ин муддат пойтахти тоҷикон бо иқдомҳои корсози шаҳрдори ҷавон Рустами Эмомалӣ роҳи чорякасраи пешрафтро тай кард. Аммо, дурнамои нақшаҳои шаҳрдорӣ нишон медиҳад, ки ин ҳама ибтидои корҳои бузурги созандагию сабзкориест, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр роҳандозӣ карданист.
Соли гузашта дар ноҳияи Фирдавсӣ ба кор даровардани корхонаи муштараки тоҷику туркии «AKIA AVESTO», аз ҷумлаи тозакориҳое буд, ки бори аввал дар мамлакат бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA»-ро ба роҳ монд. Қарор аст, ояндаи наздик, дар ин ҷо 5 намуд автобуси дохилишаҳрӣ ва беруназшаҳрӣ бо стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол шавад, ки қадами устуворест дар роҳи истеҳсоли ин намуди нақлиёт. Барои татбиқи ин иқдоми муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии заводи истеҳсоли автобусҳо оғози расмӣ бахшиданд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти «AKIA AVESTO» ба Сарвари давлат лоиҳаи низоми пардохти электронии роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе муаррифӣ карда шуд, ки писандашон омад. Тибқи маълумот, барои татбиқи лоиҳаи мазкур ҶДММ «Авесто Гурӯҳ»  таҷҳизоти зарурӣ ворид кардааст. Харидории 100 автобуси нави тамғаи «AKIA» ва пардохти электронии роҳкиро, хизматрасонии нақлиёти шаҳрӣ, ҳамчунин, маданияти сокинони пойтахтро ба зинаи сифатан нав мебардорад.

НАХУСТИН ЭСТАКАДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Соли гузашта аз муҳимтарин рӯйдодҳо дар ҳаёти сокинону меҳмонони пойтахт сохтмони аввалин эстакада дар маҳаллаи 82 - юм ба ҳисоб меравад. 5 сентябр Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи он, ки дар Тоҷикистон бори аввал бунёд шуд, иштирок намуданд. Арзиши лоиҳавии он қариб $25,5 миллион аст, ки сохтмони иншооти мазкур 22 июли соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд.
Чорсӯи нав аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбонҳои Нусратулло Махсум ва Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дувуми чорроҳа роҳи давродаврие бунёд шудааст, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути нишонаҳои махсус роҳнамоӣ мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб пул бо дарозии 125 метр ва паҳноии 24,8 метр мегузарад. Ҳамчунин, 4 роҳи зеризаминӣ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон, такядеворҳои рӯизаминӣ бо дарозии 568 метр ва зеризаминӣ бо дарозии 480 метр бунёд ёфтанд.
Қобили зикр аст, ки 6 феврал дар маҳаллаи Қарияи Боло сохтмони дуюм эстакада шурӯъ гашт. Барои татбиқи лоиҳаи мазкур Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба Тоҷикистон қарз ба маблағи $35 миллион ва ёрии техникӣ ба андозаи $3 миллион манзур кард.

АКАДЕМИЯИ УМУМИҶАҲОНИИ КЕМБРИҶ ДАР ДУШАНБЕ
20 сентябр дар таърихи маорифи ҷумҳурӣ саҳифаи нав боз гашт. Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ” ифтитоҳ ёфт. Хотирнишон месозем, ки Сарвари давлат барои сохтмони ин муассисаи байналмилалии Тоҷикистону Бритониё 28 апрели соли 2017 санги асос гузошта буданд.
Дар мактаби мазкур, ки аз лиҳози меъморӣ низ басо ҷолиб аст, 640 ҷой барои таълиму тарбияи томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ фароҳам оварда шудааст.
Пас аз хатми ин муассиса ба хатмкунандагон ҳуҷҷати таҳсилоти намунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бритониёи Кабир дода шуда, онҳо метавонанд, таҳсили худро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои Аврупо, Амрико, Ҷопон ва дигар давлатҳо идома диҳанд. Ба ғайр аз ин, муассисон ба нақша гирифтаанд, ки то соли 2020 барои хонандагони 18 - 23 - сола коллеҷ бунёд намоянд.

НУҲ КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ БУНЁД МЕЁБАД
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 20 сентябр дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Зебунисои ноҳияи Шоҳмансур ба сохтмони 9 корхонаи нави Минтақаи саноатии “Душанбе” оғози расмӣ бахшиданд. Иқдоми мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории судманди давлат бо бахши хусусӣ амалӣ мешавад. Ширкатҳои ватанӣ ва соҳибкорони инфиродӣ корхонаҳои коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, либосҳои мардона, занона, кӯдакона ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти ордӣ ва қаннодӣ, коркарди меваи хушку афшура, истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр, яхмос, профилҳо, конструксияҳои металлӣ, коркарди сангҳои рангаю худҷило, маснуоти ҳифзкунанда, васлакҳову таҷҳизоти барқӣ, чароғпояҳои светодиодӣ ва лампаҳо месозанд.
Дар ин корхонаҳо молу маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир истеҳсол шуда, дар марҳилаи аввал беш аз 3000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад.
Корхонаи коркарди пахта дар Минтақаи саноатии “Душанбе” калонтарин маҳсуб ёфта, ашёи хомро то ҳадди коркарди ниҳоӣ мерасонад. Он бо харҷи 50 миллион сомонӣ сохта, зиёда аз 2000 нафар соҳиби ҷойи кор мешавад.
Дар маҷмӯъ, барои бунёду муҷаҳҳазгардонии нуҳ корхонаи нави саноатӣ бо технологияи муосири бонуфузтарин ширкатҳои Россия, Чин, Олмон, Италия, Белгия, Корея ва Туркия сарфи қариб 150 миллион сомонӣ дар назар аст.
Масъулони ширкатҳои “Ваҳдат”, “Шаҳзода”, “Грин Голд”, “Норд Азия Металл”, “Асрори Санг”, “Ноқили Талко” ва “Технологияи барқӣ ва бехатарӣ” ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ корхонаҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

ИФТИТОҲИ “БОҒИ НИЗОМИДДИН АЛИШЕР НАВОӢ”
Баъд аз чоряк аср бо ташаббуси президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносиботи ду кишвари дӯст тақвият ёфт  ва ба сатҳи шарикии стратегӣ расид. Ба ин, аз ҷумла сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба кишвари мо моҳи сентябр мусоидат кард. Дар ҷараёни он сарони ду давлат 27 сентябр дар Душанбе “Боғи Низомиддин Алишер Навоӣ” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар он муҷассамаҳои зебои Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ гузошта шудаанд, ки гӯё аз қаъри асрҳо нидои таҳсини эшон аз пайванди дубораи халқҳои решапайванди тоҷику ӯзбек ба гӯш мерасад.

БИНОҲОИ НАВ БАРОИ ПАРЛУМОН ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
13 октябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд.
Сохтмони биноҳо дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсоя бо маблағи 1,5 миллиард юани хитоӣ амалӣ мегардад.
Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз - 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои Парлумон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад.
Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир мешавад. Масоҳати қитъаи замини маҷмаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10,27 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15 ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13 ошёнаи идораҳои назди Ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд мегарданд. Баландии умумии бинои марказӣ 91,5 метрро ташкил медиҳад.

50 БИНОИ БАЛАНДОШЁНАИ ИСТИҚОМАТӢ ДАР КӮЧАИ САДРИДДИН АЙНӢ
9 ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури  пойтахт бо лоиҳаҳои иншооти нав, аз қабили биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ, ки асосан дар кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Дӯстии халқҳо бунёд мешаванд, шинос гаштанд. Дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе тӯли ду сол бунёди зиёда аз 50 бинои на камтар аз 12 - ошёнаи истиқоматӣ дар масоҳати 42 гектар бо фарогирии марказҳои савдою хизматрасонӣ барои беш аз 25 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин, 19 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва маъмурӣ дар ду шафати роҳи асосӣ қомат меафрозад.

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ БА БИНОИ НАВ КӮЧИДАНД
Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти нав ва мулоқот бо сокинон дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 сентябр ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд, ки боздид аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардид. Фазои шодию нишот ва истиқболи гарм шаҳодати садоқат ва меҳру муҳаббати самимии мардуми ноҳия нисбат ба Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Чеҳраи тобони таърих дар ноҳия бинои наву замонавии маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки бо дастури бевоситаашон қомат афрохт. Дар он барои фаъолияти пурсамари хизматчиёни давлатӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин, Сарвари давлат бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 барои 1280 хонанда дар ду баст, қасри фарҳанг, шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияро ба истифода доданд.

ДАРВОЗ РӮЗ БА РӮЗ ОБОД МЕГАРДАД
Худи ҳамин рӯз Сарвари давлат ба ноҳияи Дарвоз омаданд ва дар маркази он биноҳои нави маъмурии шуъбаи маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Дар маркази ноҳия бо ширкати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ сутунпояи Парчами миллӣ (30 метр), Нишони давлатӣ (15 метр) ва Тоҷ (бо  паҳноии 12 ва дарозии 14 метр) ифтитоҳ шуданд, ки рамзи торафт ободу зебо гаштани ин гӯшаи кишвари маҳбуб мебошанд.

ХИШТИ АВВАЛИ МАНЗИЛҲОИ НАВИ ИСТИҚОМАТӢ
Дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 сентябр дар ноҳияи Роштқалъа ба сохтмони ду бинои истиқоматии 5 - ошёна барои хизматчиёни давлатӣ санги асос гузоштанд. Тибқи лоиҳа дар ҳавлии биноҳо, ки ҳар кадом 25 ҳуҷра дорад, ҳамчунин, зеристгоҳ, дегхона, майдончаҳои бозии кӯдакон ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегарданд.

НАХУСТИН БИНОИ МАЪМУРИИ ҲАФТОШЁНА ДАР "БОМИ ҶАҲОН"
12 сентябр фарзанди фарзонаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии 7 - ошёнаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ санги асос гузоштанд, ки дар масоҳати як гектар сохта мешавад.
Ҳамин рӯз Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои ротаи алоҳидаи қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бино аз синфхона бо 120 ҷойи нишаст, хобгоҳи сарбозон бо 300 ҷой, ошхона бо 150 ҷой, хонаи дидорбинии сарбозон бо хешовандон, ҳаммом, толору майдончаҳои муосири варзишӣ ва ҳуҷраҳои корию хизматӣ иборат аст.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДУРДАСТТАРИН НОҲИЯИ БАЛАНДКӮҲ
13 сентябр зимни парвози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб барф борид. Шамоли сахт ва барфи зиёд метавонанд парвози чархболҳоро халалдор намуда, барои инсон ҳам хатар биоваранд. Бо вуҷуди ин, бо ҷасорату иродаи қавӣ ва азму талоши созанда Пешвои миллат аз нияти сафар ба ин минтақаи дурдасттарини кишвар нагашта, барои дидору суҳбат бо мардуми меҳнатқарини ноҳия равон шуданд.
Фарзонафарзанди миллат  дар ноҳия нахуст Неругоҳи хурди барқи обии «Тоҷикистон» - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки сокинони ин гӯшаи дурдасти мамлакат аз неруи барқ танқисӣ мекашиданд. Аз файзи қудумашон мушкили чандинсолаи онҳо бартараф шуд. Неругоҳи мазкур дорои иқтидори 1500 кВт буда, ташкилоту идора ва аҳолии ноҳияро бо барқ пурра таъмин мекунад.
Ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ҳанӯз соли 1932 таъсис ёфта бошад ҳам, то имрӯз кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бинои асосии худро надоштанд. Бо қудуми мубораки Пешвои муаззам бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ифтитоҳ гардид. Ин иқдоми наҷиби Сарвари давлатро сокинони ноҳия ҳамчун туҳфаи арзанда дар рӯзҳои таҷлил аз солгарди Истиқлолияти давлатӣ пазируфтанд.
Инчунин, Роҳбари давлат бинои маъмурии шуъбаи ҳифзи муҳити зистро мавриди истифода қарор доданд, ки дар он осорхонаи гӯсфанди навъи «Марко Поло» низ ташкил ёфт.

МАКТАБҲОИ ВМКБ СОҲИБИ БЕШ АЗ 3500 КОМПЮТЕРУ ПРИНТЕР ШУДАНД
Дар  доираи  сафари  корӣ  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 сентябр дар маркази вилоят бинои маъмурии раёсати маорифи вилоят, шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ва зерсохторҳои онро мавриди истифода қарор доданд.
Бино аз чор ошёна иборат буда, дорои 42 ҳуҷра мебошад. Дар он зиёда аз 100 нафар корманди соҳа бо ҳуҷраҳои корӣ таъмин гардида, ҳамзамон, ошхона барои 40 ҷой ва хобгоҳ барои 30 нафар корманди соҳаи маориф, ки аз ноҳияҳои дурдаст ташриф меоранд, пешбинӣ гардидааст.
Дар ошёнаи якуми бинои раёсати маориф муассисаи давлатии «Маркази технологияи иттилоотии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон», синфхонаи компютерӣ, ошхона ҷойгиранд.
Айни замон дар мактабҳои вилоят шумораи умумии компютерҳо 2700 ва принтерҳо 810 - торо ташкил медиҳад. Ҳамагӣ дар вилоят зиёда аз 15000 хонандаи синфҳои аз 7 то 11 аз компютерҳои мавҷуда истифода мебарад. Ба таълими фанни асосҳои технологияи информатсионӣ 243 омӯзгор машғул мебошад. Ҳамчунин, дар ин бино «Маркази рушди истеъдодҳо» барои наврасони лаёқатманд ҷойгир мебошад. Хонандагони боистеъдоди ин марказ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гаштаанд.
 
ДОМ ТОЛИБИЛМОНИ ҲАФТ КИШВАРРО ҶАМЪ МЕОРАД
14 сентябр чеҳраи тобони таърих муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар фазои тантанавӣ бинои Донишгоҳи Осиёи Марказиро ифтитоҳ намуданд.
Он дар асоси шартномаи байналмилалӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Фонди Оғохон сохта шуда, аз биноҳои таълимии дуошёна ва сеошёна иборат мебошад.
Тибқи нақша биноҳои донишгоҳ дар масоҳати зиёда аз 80 гектар дар се қисмат бунёд карда мешаванд. Айни замон қисмати якуми он дар масоҳати наздики 15 гектар қомат афрохт.
ДОМ асосан дорои ду ихтисос - омӯзиши илм дар бораи замин ва муҳити зист ва иқтисодиёт буда, ба донишҷӯён омӯзгорони давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири таълим дарс мегӯянд. Айни замон шумораи толибилмони он 150 нафарро аз 7 давлат - Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистону Покистон ва ғайра ташкил медиҳад.
Таълим дар ДОМ бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, дар он мутахассисон дар сатҳи ҷаҳонӣ омода карда мешаванд. Тибқи низомнома донишҷӯён тариқи шартномавӣ қабул мегарданд, ҳамзамон, ба ҷавонони лаёқатманд имтиёзҳо муқаррар гаштаанд.

ҲИФЗИ МАРЗИ ВАТАН ДАР ДАСТОНИ БОЭЪТИМОД АСТ
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худи ҳамин рӯз аз отряди сарҳадии Хоруғ дидан намуда, дар аснои он бинои маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коргоҳи дӯзандагӣ, кохи «Истиқлол» (дорои 1000 ҷой), прокуратураи ҳарбии ВМКБ, инчунин, барои фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 (барои 480 нафар дар ду баст) ва кӯдакистони наву замонавӣ (барои 100 нафар) - ро ба истифода дода,  бо шарту шароити отряд, ки пас аз навсозӣ фаъолияташро роҳандозӣ карда буд, аз наздик шинос гаштанд.
Аз баракоти ин сафар дар дохили отряди сарҳадӣ наздики 30 иншооти ҳарбӣ, пул ва роҳҳои мошингузару пиёдароҳ, бинои раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ, шуъбаи махсуси амнияти миллӣ, панҷ бинои 5 - ошёнаи истиқоматӣ, госпитали ҳарбӣ таъмир ва навсозӣ гардиданд.
Боиси тазаккур аст, ки нуқтаи назорати гузаргоҳии отряд аз сифр бунёд ёфта,  деворҳои гирду атрофи иншооти марзӣ навсозӣ ва бо сангҳои табиӣ оро ёфтанд. Дар доираи ободкорӣ роҳи мошину пиёдарави ҳудуди отряд пурра мумфарш карда шуд.
 

ВИЛОЯТИ СУҒД

МУҶАССАМАИ ШОИРИ ШАҲИР ЛОИҚ ШЕРАЛӢ ДАР МАРКАЗИ ПАНҶАКЕНТ
28 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи аввалин сафари кориашон дар соли 2018 ба вилояти Суғд аз шаҳри Панҷакент дидан намуданд. Дар ин ҷо нахуст парда аз рӯи муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бардошта, маҷмаи бузурги фарҳангию эҷодиро ба истифода доданд, ки ба ин васила барои 150 нафар ҷойи корӣ муҳайё гардид.
Сарвари давлат, ҳамчунин, бо пахши тугмаи рамзӣ хати интиқоли барқи 220 киловолтаи «Айнӣ - Рӯдакӣ» ва зеристгоҳи барқии «Рӯдакӣ» - ро баъди таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки имкон медиҳад тавассути зеристгоҳи «Рӯдакӣ» - и шаҳри Панҷакент минбаъд ба вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқ содир гардад.

ДАР ИСТАРАВШАН БОЗ 4 ҲАЗОР ГЕКТАР ЗАМИН ОБЁРӢ МЕШАВАД
29 март зимни аввалин сафари кориашон ба шаҳри Истаравшан шиносоии Президенти маҳбубамон аз фаъолияти пойгоҳҳои обкашии мавзеи ”Қизилӣ” ва “Сексарӣ” сурат гирифт, ки баъди таҷдид ва азнавсозӣ ба фаъолият шурӯъ карданд. Иншооти мазкур ҷиҳати беҳсозии ҳолати мелиоративии 4 ҳазор гектар замин шароити мусоид фароҳам меорад.
Ҳамин рӯз дар шаҳри Бӯстон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави ордбарории ҶДММ “Анҳор”- ро, ки бо ташаббуси соҳибкор Зикруллохоҷа Самандаров бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иқтидори истеҳсоли он 380 тонна орд дар як шабонарӯз буда, дар сехи нав 25 нафар ба кор фаро гирифта шуд. 

ГУЛИСТОН: ТЕЪДОДИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ БЕШ АЗ СЕ МАРОТИБА АФЗУД
Бегоҳии ҳамин рӯз дар шаҳри Гулистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар осоишгоҳи “Баҳористон” ду иншоот - меҳмонхонаҳои наву муосирро ифтитоҳ карданд, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд шудани чунин як иншооти замонавӣ ва муаррификунандаи санъату маданияти баланди меҳмондорию меҳмоннавозии тоҷикона хеле саривақтӣ ва судманд аст.
Тавре роҳбари осоишгоҳи “Баҳористон” иттилоъ дод, агар соли 2017 ҳамагӣ 750 сайёҳи хориҷӣ меҳмони осоишгоҳ шуда бошад, танҳо дар се моҳи соли равон беш аз 2500 сайёҳ барои истироҳату табобат ин ҷойро авло донист.
Дар фарҷоми аввалин сафари корӣ ба вилоят Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилоят меҳмонхонаи байналмилалии чорошёнаи «Парламент»-ро ифтитоҳ карданд, ки дар мавзеи хушманзараи шаҳр - кӯчаи Сирдарё дар соҳили дарё бо тарҳи зебою замонавӣ дар ҳудуди як гектар замин қомат афрохт.

БУНЁДИ КОРХОНАИ АЗИМ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ
24 июн бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим, шиносоӣ бо шароити зисти сокинон ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 21 - умин солгарди Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ сафари дуюми кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуд. Пазироии Сарвари давлат аз ҷониби сокинони ноҳия дар мавзеи Кончоч гарму самимӣ сурат гирифт.
Ин ҷо Сарвари давлат лоиҳаҳои сармоягузории Ширкати алюминийи тоҷик, аз қабили корхонаи бойгардонии маъдан дар асоси кони Қазнок муаррифӣ шуд. Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ояндаи ҶСП «ТАЛКО Голд», ки тавассути видеоролик намоиш ёфт, шинос гаштанд. Ин корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи маъдани кони Кончоч, ки аз қитъаҳои Чулбои, Кончоч ва Шахкон иборат аст, сохта ба истифода дода мешавад.
Баъди шиносоӣ бо лоиҳа Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин корхонаи бузурги саноатӣ санги асос гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақша корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ бояд дар як солу шаш моҳ анҷом ёбанд. Аввали соли 2020 корхона 1,5 тонна тилло ва беш аз 16 ҳазор тонна сурма истеҳсол хоҳад кард. Дар заминаи бунёди ин корхонаи азими саноатӣ то 1500 шаҳрванди кишвар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегардад.

ШАҲРИСТОН СИМОИ НАВ МЕГИРАД
24 июн фарзанди барӯманди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия бинои хобгоҳи интернати наздимактабии ба номи Додоҷон Бойматовро мавриди истифода қарор доданд, ки бо харҷи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Дар интернат 50 тарбиятгиранда бо шумули 13 ятим, боқӣ фарзандони оилаҳои ниёзманди деҳаҳои дурдаст ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 50 кӯдаки ятим кумакҳои пулӣ тақдим намуданд, ҳамзамон барои онҳо дастархони идона ороста шуд ва аз номи Роҳбари давлат тарбиятгирандагон 20 адад компютер туҳфа гирифтанд.
Президенти мамлакат дар маркази ноҳия парда аз лавҳаи рамзии қасри нави фарҳанг бардоштанд, ки барои рушди санъати миллӣ нақши бориз хоҳад гузошт. Бинои бо харҷи беш аз 23 миллион сомонӣ бунёдёфтаи қасри фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, 600 ҷойи нишаст дорад. Дар он зиёда аз 40 мутахассиси соҳа ва санъаткори ҷавон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад.

МАРҲИЛАИ НАВИ СОЗАНДАГӢ ДАР ИСТАРАВШАН
Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва иштирок дар тантанаҳои Ҷашни фархундаи миллӣ - Рӯзи Ваҳдати миллӣ 25 июн ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.
Аз баракоти сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳр маркази савдо ва хизматрасонии “Фаровон” ба кор шурӯъ кард, ки онро соҳибкори ватанӣ Шукрулло Ашӯров бо харҷи 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ сохт ва 90 нафар бо ҷои кор таъмин шуд.
Роҳбари давлат Нишон (24 метр) ва Парчам (52,4 метр)-и давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонхонаи замонавии “Киропол” - ро, ки  аз ҳисоби даромади софи соҳибкорон бунёд шудааст, ифтитоҳ карда, барои сохтмони  маҷмаи миллии соҳибкории 16 - ошёнаи «Роҳи абрешим» санги асос гузоштанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, маҷмаи таърихию фарҳангии «Қалъаи Муғ»-ро баъди таҷдид ба истифода дода, дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва сухан карданд.

КОРХОНАИ НАВИ “АРЧА”
Ҳамин рӯз  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд ба Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” омада, корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча - мебел” – и назди ҶДММ “Арча”-ро боз намуданд.
Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба иншоот 9 миллион сомониро ташкил медиҳад. Таҷҳизоти замонавии корхонаи нав аз Туркия, Италия ва Чин оварда шуд. Дар истеҳсоли маҳсулот 80 дарсад ашёи хоми ватанӣ истифода шуда, боқӣ аз кишварҳои хориҷӣ: Россия, Беларус, Туркия ва Ӯзбекистон ворид карда мешавад. Дар “Арча - мебел” беш аз 50 ҷойи нави корӣ ташкил ёфт.
Корхонаи муштарак барои муассисаҳои томактабӣ, таълимӣ ва таълимии махсус, маишӣ, хонаҳои шахсӣ, сохторҳои давлатӣ ва дар оянда барои муассисаҳои соҳаи тандурустӣ низ мебел мебарорад.

МУҶАССАМАИ ШОҲ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ДАР КОНИБОДОМ
27 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳр боғи фарҳангӣ - фароғатиро, ки дар он муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудаанд, ифтитоҳ намуданд. Дар вазъияти тантанавӣ парда аз болои муҷассамаи барқади 7,5 метраи аввалин асосгузори давлати тоҷикон - шоҳ Исмоили Сомонӣ бардоштанд, ки барои сохтмонаш тақрибан 8 миллион сомонӣ  харҷ гардидааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қитъаи шоҳроҳи “Конибодом - Патар” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Тибқи лоиҳа барои марҳилаи аввал, ки бунёди 5,7 километр роҳро ташкил медиҳад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ 33 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Дар рафти татбиқи лоиҳа 3 пул, 11 километр лӯлаҳои обгузар ва 2 адад чароғаки раҳнамо сохта шуд.
Дар маҷмӯъ, барои сохтмони 67,7 километр роҳ наздики 400 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи таъминоти аҳолии шаҳр, ки бо сарфи беш аз 40 миллион сомонӣ маблағҳои қарзию грантӣ анҷом дода, 25 ҳазор нафар аҳолии шаҳр бо оби босифати ошомиданӣ таъмин гашт, ҳамчунин, ифтитоҳи варзишгоҳи марказии “Ҷавонӣ” - и шаҳр бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ширкат варзида, дар чорабинии идона ба ифтихори Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ сухан ронданд.

САРДХОНАИ НАВИ БОҒИ МИЛЛИИ “ВАҲДАТ” ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
Рӯзи дигар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Исфисор бо гузоштани санги асос ба бунёди осоишгоҳ ва маркази хизматрасонӣ  барои 1000 нафар оғози расмӣ бахшиданд, ки 300 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешавад. Дар ҳудуди осоишгоҳ ду бинои бисёрошёнаи меҳмонхона барои 1000 нафар қомат меафрозад.
Ҳамчунин, дар ҳудуди Боғи миллии “Ваҳдат” - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардхонаи навро бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулот ифтитоҳ карданд.
Зимни дуюмин сафари кориашон 22 октябр ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Пешвои миллат корхонаи истеҳсоли асфалт ва регу шағалро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Тибқи лоиҳа коргоҳ дар як соат 60 тонна асфалти гарм мебарорад.

НАВГОНӢ ДАР ҶСК «ҚОЛИНҲОИ ҚАЙРОҚҚУМ» 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 июн аз ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» боздид ба амал оварда, нахуст бо фаъолияти сехи истеҳсоли ришта, ки ба тозагӣ ташкил ёфтааст, шинос шуданд.
Дар ин сех асосан риштаҳои полипропилении пати қолин истеҳсол мешавад. Таҷҳизоти сех аз Белгия, Олмон ва Фаронса дарёфт шудаанд. Тавре ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, коргоҳи мазкур бо маблағи умумии 35,6 миллион сомонӣ ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шудааст. Бо фаъол гардидани он 70 сокини шаҳри Гулистон бо маоши 1500 сомонӣ барои худ ҷойи кори доимӣ пайдо намуданд.

“НУРАФШОН” БАРОИ 240 КӮДАК ХОНАИ ДУЮМ МЕШАВАД
22 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо сокинон маротибаи сеюм бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Фарзанди фарзонаи халқ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нахуст кӯдакистони хусусии «Нурафшон» - ро барои 240 нафар мавриди истифода қарор доданд, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар муддати ду сол бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.
Сипас, Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд, ки дар назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардида, баландиаш 50 метр мебошад.
Дар деҳоти Ғӯлакандоз бошад, коргоҳи дӯзандагию қолинбофиро ба истифода доданд, ки бо бунёди ин коргоҳи соҳибкор Исмоил Самадов 50 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гашт.

ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ ИДОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОИ ВИЛОЯТ
24 октябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии идораи телевизион ва радиои вилоятро мавриди истифода қарор доданд. Дар бинои нав бо пахши тугма ба фаъолияти телевизиони “Суғд” дар формати дақиқияташ баланди HD оғози расмӣ бахшиданд.
Бино аз ду ошёна ва 24 ҳуҷраи корӣ, 4 студияи муосиру барҳавои сабту пахши барномаҳои телевизиону радио, 9 танзимгоҳ, ошхона ва дигар воҳиди хизматрасонӣ иборат мебошад.
Бинои нави телевизион ва радиои “Суғд” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 5 моҳ бунёду таъмир гардид.
Сарвари давлат дар расми ифтитоҳи тантанавии гимназияи рақами 1 ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудии шаҳр барои 1280 хонанда низ иштирок карданд ва бо пешниҳодашон ин муассисаи таълимӣ ба номи нависандаи маъруф Раҳим Ҷалил гузошта шуд.
Сипас, дар ҳамин ҷо бо намояндагони бахши маорифи вилояти Суғд мулоқот анҷом дода, оид ба дастовардҳои ин бахши ҳаётан муҳими мамлакат ва вазифаҳои минбаъдаи соҳа ибрози андеша карданд.

“АРИАНА МЕТАЛЛ ПЛАСТ” - И БАРОДАРОНИ СОҲИБКОР УМАРОВҲО
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташриф оварда, дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ҶСК «Ариана Металл Пласт» иштирок намуданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ бо саҳми соҳибкорони ватанӣ - Алишер ва Мирзо Умаровҳо бунёд гардида, беш аз 120 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор шуд. Баъди роҳандозии навбати дуюми «Ариана Металл Пласт» боз 150 нафар шуғли доимӣ пайдо мекунад.
Дар ин ҷо барои бозори дохилӣ ва хориҷӣ истеҳсоли 36 намуди маҳсулот, аз қабили бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва таҷҳизоти маишӣ, ба монанди яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, инчунин, қисмҳои эҳтиётии автомобил тариқи 8 хати муосири технологӣ сурат гирифта, дар як сол тақрибан ба маблағи зиёда аз 20 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид мегардид.
 

ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ТЕЪДОДИ ОҲУИ ХОЛДОР ДАР «ХУТАЛОН» АФЗУД
1 апрели соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара дар ҶДММ «Хуталон» бо вазъи ин мамнӯъгоҳ шинос шуданд.
Масоҳати мамнӯъгоҳ 6 ҳазор гектарро ташкил дода, дар ин ҷо парандагону чорвои нодир, аз қабили оҳуи холдор, уреал - гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, муфлон ва аз парандагон асосан тазарв парвариш меёбанд.
Айни ҳол дар мамнӯъгоҳи “Хуталон” беш аз 500 сар оҳуи холдор мавҷуд буда, Роҳбари давлат ба хотири афзоиши саршумори он, инчунин, тоза кардани насли ин ҳайвони нодир, имрӯз беш аз 70 сар оҳуи холдори аз Федератсияи Россия оварда, ба иқлиму табиати Тоҷикистон мутобиқкардаро дар ҳудуди мамнӯъгоҳ сар доданд. Зимнан, соли 2017 аз Чехия ба кишвар тазарв оварда, баъди парвариш ва афзоиш танҳо соли 2018 беш аз 1200 сар тазарв дар мамнӯъгоҳҳои ноҳияи Данғара барои афзоиш сар дода шуд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оянда дар ҳудуди ноҳияи Данғара барои парвариши ҳайвонҳои нодир боз ду мамнӯъгоҳ дар майдони 22 ҳазор гектар таъсис дода мешавад.

«ҶУНГТСАЙ МОҲИР СЕМЕНТ» ЛӮЛАҲОИ ОҲАНУ БЕТОНӢ МЕБАРОРАД
6 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон дар корхонаи «Ҷунгтсай Моҳир семент» фаъолияти коргоҳи истеҳсоли лӯлаҳои оҳану бетониро ҳусни оғоз бахшиданд. Иқтидори он дар як шабонарӯз 72 метр лӯлаи қутраш аз 500 то 2000 - миллиметраро ташкил медиҳад.
Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти коргоҳи истеҳсоли халтаҳои полупропилении «Моҳир пластик», ки дар назди корхонаи «Ҷунгтсай Моҳир семент» таъсис ёфтааст, шинос шуданд.
Иқтидори истеҳсолии «Моҳир пластик» дар як шабонарӯз 119 ҳазор ва солона 40 миллион дона халтаро ташкил медиҳад. Дар он зиёда аз 100 сокини маҳаллӣ бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуд, ки аксар занону духтарон мебошанд.

24 МИЛЛИОН СОМОНӢ ҲИММАТИ ЯК СОҲИБКОР
Табиист, ки баъди ин сатрро хондан, хонанда суол пеш меорад: чӣ кори хубе карда бошад? Соҳибкори ёвонӣ бо харҷи ин миқдор маблағ барои фарзандони мардуми ноҳия мактаби замонавие бо 1500 ҷои нишаст дар ду баст сохт. Ин иқдоми соҳибкор тасодуфӣ нест. Ҳидоятҳои Сарвари давлат баҳри ободсозии Ватан, аз ҷумла ӯро водор сохтанд биандешад, ки дар ҷавоби дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззам чи хизмате баҳри шукуфоии диёри маҳбуб карда метавонад. Ва ба хулоса омад, ки муассисаи таълимӣ созад. 6 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80 - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба соҳибкор офарин хонданд. Дар муассисаи замонавӣ таълиму тадрис бо ду забон - тоҷикӣ ва русӣ сурат гирифта, баҳри баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва забономӯзии онҳо аз Федератсияи Россия омӯзгорон ҷалб гардидаанд.

СИПОСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ АКБАР ҒУЛОМОВ ВА ДИГАР СОҲИБКОРОНИ ВАТАНӢ
Дар ин рӯз Сарвари давлат дар ноҳия боз як муассисаи нави таълимӣ – коллеҷи технологӣ - фармасевтии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки дар кӯчаи ба номи Асадулло Ғуломови шаҳраки Ёвон қомат афрохт. Иншоот аз ҷониби фарзанди собиқ муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов соҳибкори машҳур Акбар Ғуломов дар доираи дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи беш аз 23 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Мавриди тазаккур аст, ки ин соҳибкори ватандӯсту бонангу номус дар чанд соли охир дар мамлакат силсилаи корхонаҳои сементбарорӣ бунёд карда, тавонист вобастагии кишварро аз воридоти ин навъи масолеҳи бинокорӣ пурра аз байн барад. Гузашта аз ин, айни замон худ ба хориҷа маҳсулот содир мекунад.
Дар коллеҷ 1440 нафар донишҷӯ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад.
Мавриди зикр аст, ки соли 2016 дар ноҳияи Ёвон зимни ба истифода додани корхонаи истеҳсоли гаҷкартон бинобар зиёд шудани корхонаҳои азими саноатӣ зарурати бунёди коллеҷи техникӣ - технологӣ  пеш омад.
Ҳамон вақт Сарвари давлат соҳибкоронро ба бунёди коллеҷи муосир ва дар ин замина тайёр кардани кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯй барои корхонаҳои саноатии кишвар ҳидоят карда буданд. Ҳамин тавр, бо ҳидояти Пешвои миллат сохтмони коллеҷ моҳи октябри соли 2016 оғоз гардида, августи соли 2018 анҷом ёфт.
Коргарони ҶДММ «Ғаюр» нақша доранд, ки оянда барои мукаммал кардани пойгоҳи коллеҷи техникӣ -  фармасевтии Тоҷикистон дар шафати он бо бунёди коргоҳи замонавӣ техника ва таҷҳизоти дорусозӣ ворид намоянд.
Соҳибкор Акбар Ғуломов барои ин сафари Пешвои миллат туҳфаи дигаре низ омода кард: меҳмонхонаи нави замонавиро бо харҷи бештар аз 4 миллион сомонӣ ба итмом расонд, ки ҳуҷраҳои он бо лавозимоти муосиру зарурии истироҳату фароғат таъмин мебошанд. Меҳмонхона аз 12 ҳуҷраи махсус иборат буда, дар қабати дуюми он  8 ҳуҷра ва нуқтаҳои алоҳидаи ошпазӣ, қабулгоҳ барои меҳмонон ва толори мулоқоти расмӣ ҷойгир  шудаанд. Зимни ифтитоҳи он Сарвари давлат бори дигар аз ин қабил соҳибкорони баору номус изҳори сипос карданд, ки дар саросари кишвар шуморашон торафт меафзояд, ҳамчунин, ободкорию хайру эҳсонашон.

НАВБАТИ ДУЮМИ МАҶМААИ НАССОҶИИ ҶСП «ҶУНТАЙ - ДАНҒАРА СИН СИЛУ ТЕКСТИЛ» БА КОР ДАРОМАД
Муҳимтарин воқеае, ки дар ҳаёти мардуми ноҳия ба амал омад, 5 ноябр дар ҳузури Сарвари давлат ба фаъолият шурӯъ кардани навбати дуюми маҷмааи номбурда мебошад. Ба ин васила зиёда аз 200 шаҳрванди кишвар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Иқтидори истеҳсолии навбати дуюми маҷмааи нассоҷӣ коркарди саноатии қариб 15 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 12 ҳазор тонна ришта дар як сол аст.
Маҷмааи нассоҷии мазкур аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шуда, дар истеҳсолоти он пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Италия, Швейтсария, Олмон ва Чин васлу насб гаштаанд.
Маҳсулоти он имрӯзҳо ба Федератсияи Россия, Чин, Туркия, Беларус ва Қирғизистон содирот мешавад, ҳамзамон, корхонаҳои бофандагии мамлакатро бо ришта таъмин менамояд. Дар маҷмӯъ, иқтидори истеҳсолоти ресандагии маҷмааи нассоҷӣ коркарди қариб 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол буда, дар он барои 530 нафар мутахассису коргари маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст.
Тибқи маълумот дар нуҳ моҳи соли 2018 дар маҷмааи нассоҷӣ зиёда аз 8 ҳазор тонна ришта истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 3 ҳазор тонна зиёд мебошад. Ҳиссаи маҷмаа дар истеҳсоли маҳсулоти нассоҷии кишвар дар давраи зикршуда 21 дарсадро ташкил карда, дар ду соли охир ба Ҷумҳурии Мардумии Чин қариб 13 ҳазор тонна риштаи пахта содирот намудааст.
Баъди шиносоӣ бо раванди истеҳсолот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай – Данғара Син Силу Текстил» ба бунёди се корхонаи нав, аз қабили корхонаи истеҳсоли ришта бо иқтидори коркарди 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол, рангубор ва истеҳсоли матоъ оғози расмӣ бахшиданд. Корхонаҳои нав моҳи сентябри соли 2021 ба истифода дода мешаванд.

«ФАРМ ТЕКС» ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ НАЗИР НАДОРАД
Аснои сафар ба Данғара, Сарвари давлат 5 ноябр навбати аввали корхонаи ҶДММ «Фарм Текс» - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд шуда, дар он истеҳсоли маводи бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва гигиенаи шахсӣ, дар маҷмӯъ, 13 номгӯй маҳсулот дар назар аст. Хатҳои истеҳсолӣ ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Олмон дастрасу насб гардида, имкон медиҳанд, ки маҳсулот то ҳадди ниҳоӣ бо сифати баланд коркарду пешниҳоди харидорон карда шавад.
«Фарм Текс» дар як шабонарӯз бо коркарди 2 ҳазор килограмм пахта - пахтаи тиббӣ, пахтаи стоматологӣ дар шакли тампон, салфеткаҳои пахтагиву докагӣ, навъҳои гуногуни бинти тиббии тамизшуда ва лейкопластир мебарорад.
Ҳамзамон, барои истифодаи гигиенаи шахсӣ ва косметологӣ дар корхона истеҳсоли диску чӯбча ва салфеткаҳои пахтагӣ, инчунин, аз омехтаи пахта ва маводҳои сунъӣ тавлиди дигар навъи маҳсулоти тиббӣ ба роҳ монда мешавад.
«Фарм Текс» дар Осиёи Марказӣ ягона буда, гузашта аз ин, тавлиди ин қабил анвои маҳсулот дар кишвар қаблан роҳандозӣ нагардида буд.
Пешвои миллат барои бунёди марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ «Фарм Текс» санги асос гузоштанд, ки дар 8 моҳ бунёд мегардад. Дар маҷмӯъ, иқтидори он ба 3 миллион метри мураббаъ докаи тиббӣ, 10 миллион адад маҳсулоти алоҳидаи бастубандшудаи бинт, салфетка ва уребчаву маҳсулоти гигиенӣ мерасад.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БОҒИ «РАҲМОН ФУТУР» ТОКИ ҲУСАЙНИИ САФЕДУ СИЁҲ ШИНОНДАНД
Худи ҳамин рӯз дар деҳаи Паркамчии ноҳия Сарвари давлат бо фаъолияти намунавии кооперативи тиҷоратӣ - истеҳсолии «Раҳмон Футур» шинос гаштанд.
Майдони хоҷагӣ 439 гектарро ташкил медиҳад ва аҳли меҳнат ба ғаллакорӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ машғуланд. Майдони боғоти хоҷагӣ тақрибан 100 гектарро дар бар мегирад ва дар он ниҳоли дарахтони меваҳояш содиротии себ, зардолу, олу, гелос ва нок шинонда шудааст.
Қобили зикр аст, ки барои бунёди боғ ва таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия асосан заминҳои лалмӣ аз ҳисоби талу теппаҳо аз худ карда мешаванд. Танҳо соли 2018 дар доираи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 дар ноҳияи Данғара дар майдони 154 гектар боғу токзори нав бунёд гардид.
Ҳамчунин, дар ин ҷо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони 100 гектар бунёди боғи меваҳояш содиротӣ оғоз ёфт. Дар он Пешвои сабздаст токи ангури ҳусайнии сиёҳу сафед шинонданд.  
 

ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ КИШВАР

КОРХОНАИ МУШТАРАКИ ТРАКТОРБАРОРӢ БА КОР ДАРОМАД
16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои беларуси худ Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор навбати аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – ҶСП «Агротехсервис» - ро, ки дар он асосан васлу насби трактор ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ анҷом дода мешавад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки солона 620 трактори гуногунтамға ва дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ васлу насб карда мешаванд.
Баъди ифтитоҳи марҳилаи аввали корхона беш аз 50 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин шуд.
Пас аз чор моҳ, аниқтараш 29 сентябр, сарони ду давлати дӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко бори дигар ба Ҳисор ташриф оварда, навбати дуюми корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – ҶСП «Агротехсервис» - ро  ба кор андохтанд.
Ба роҳбарони ду кишвар иттилоъ дода шуд, ки давоми 4 моҳи фаъолият дар корхона 206 адад техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ, аз ҷумла 48  трактори тамғаи «Беларус 82.1” васлу насб гардид.
Ҳамин тавр, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати дуюми Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис» иқтидори он дар як рӯз ба васлу насби 6 трактори гуногунтамға расид.
Бо ифтитоҳи навбати дуюм боз 50 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кор шуд. Барои омода намудани кадрҳои варзида чанд мутахассиси таҷрибадор аз Ҷумҳурии Беларус даъват шуда, онҳо ба омӯзондани ҳамтоёни тоҷики худ машғуланд.

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ МУШТАРАКИ “ТАЛКО КРАНТАС”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев 27 сентябр ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳмони гиромии худ муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) бо раванди истеҳсоли алюминий шинос гардиданд.
Ба сарони давлатҳо иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ширкату корхонаҳои «ТАЛКО ГУРӮҲ» беш аз  13 ҳазор нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буда, маҳсулоти истеҳсолшаванда ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад ва дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёд дорад.
Аз он изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки тайи ду соли охир КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар заминаи сиёсати дурбинонаи сарони ду давлати ба ҳам дӯсту ҳамсоя бо бузургтарин корхонаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, соли равон дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо яке аз корхонаҳои тавлидотии кишвари ҳамсоя шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд, ки дар асоси он солона 10 ҳазор тонна металли алюминий ба корхонаҳои кишвари ҳамсоя содир карда мешавад.
Баъди шиносоӣ бо раванди истеҳсоли алюминий Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев навбати аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон – ҶДММ «ТАЛКО - КРАНТАС» - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар корхонаи мазкур васлу насби 12 намуд крани борбардору нақлиёти боркаши махсуси сохтмонӣ ва коммуналӣ роҳандозӣ мешавад. Баъди ба истифода додани навбати дуюм номгӯи маҳсулоти корхона ба 40 намуд мерасад. Айни замон дар ин корхонаи муштарак беш аз 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин аст.

ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР “БОҒИ СОМОН”
Баъди ин президентҳои ду кишвар аз ангурбоғи хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон”, ки 500 гектарро ташкил медиҳад, дидан карданд.
Иброз гардид, ки “Боғи Сомон” яке аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарвари мамлакат ба шумор рафта, кормандони он дар токпарварӣ чирадастанд. Аз ин ҷост, ки соли 2017 “Боғи Сомон” беш аз 5 ҳазор тонна маҳсулот ҷамъоварӣ намуд. Ангури шаҳдбор дар баробари бозорҳои дохилӣ, ҳамасола ба ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Федератсияи Россия содирот мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат соли 2008 ташкил ёфта, айни замон беш аз 1100 саҳмдор дорад.
Бо иштироки роҳбарони ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев сардхонаи нави хоҷагӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Акнун “Боғи Сомон” имкон пайдо мекунад, ки то 2 ҳазор тонна маҳсулотро захира намуда, мувофиқи талабот дар дигар фаслҳои сол ба бозорҳои мамлакат барорад.
Дар анҷоми дидор аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” як автомашинаи сабукрави замонавӣ ҳадя карда шуд.

"КОХИ НУР" - И РОҒУН ОЯНДАИ ТОҶИКИСТОНРО ДУРАХШОН МЕКУНАД
16 ноябри соли 2018 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадами устувор гузошта шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд ва ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушди босуръати кишвар мусоидат хоҳад кард, оғоз бахшиданд.
Ҳамчунин, барои иштирок дар ин рӯйдоди таърихӣ намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Беларус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, инчунин, ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Баъди ба кор даровардани агрегати якум неруи барқи «Роғун» ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд. Акнун равшанию гармии «Кохи нур» - и Тоҷикистон - НБО «Роғун» ба хонадони тоҷикистониён ворид гардид, ки мардуми шарафманди тоҷик ин рӯзи саидро бесаброна интизор буданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани аввалин агрегати неругоҳ таъкид доштанд: «Расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан – мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне, имрӯз - рӯзи равшаниву нур ва расидан ба ормонҳои миллӣ мебошад».
Неругоҳи барқи обии «Роғун» - пуриқтидортарин иншооти силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш, аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. НБО «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори Неругоҳи барқи обии «Норак» яку ним баробар зиёд мебошад.
Имрӯз агрегати якум ба фаъолият оғоз кард. Солҳои минбаъда агрегатҳои дигари неругоҳ бо азму иродаи қавии коргарони матинирода ба кор дароварда мешаванд. Корҳои сохтмону васлкунӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ҷалби 70 ташкилоту муассиса, пудратчиёни номдори ватаниву хориҷӣ ва шумораи умумии зиёда аз 23 ҳазор мутахассису коргар, ки беш аз 90 дарсади онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, инчунин, бо истифодаи 3600 мошину механизмҳо амалӣ гардида истодааст.
Оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиду азнавсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум», мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда - 1», «Сангтӯда - 2», «Помир - 1», неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе - 2», зеристгоҳҳои барқии 500 - киловолтаи «Душанбе» ва «Суғд», хати интиқоли барқи 500 - киловолтаи «Ҷануб - Шимол», дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500 - киловолта дар Неругоҳи барқи обии «Норак», зеристгоҳҳои барқии 220- киловолтаи «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран - 2», хатҳои интиқоли барқи 220 - киловолтаи «Лолазор - Хатлон», «Тоҷикистон - Афғонистон», «Хуҷанд - Айнӣ», «Қайроққум - Суғд», «Айнӣ - Рӯдакӣ» ва оғози татбиқи лоиҳаи САSА - 1000 аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошанд, ки таҳти роҳнамоии бевоситаи Пешвои хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда шудаанд. Бо татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар даҳ соли охир, иқтидори истеҳсолии системаи энергетикии кишвар 1320 мегаватт зиёд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500, 220 ва 110 - киловолта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Баъди ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи бунёди садди неругоҳ, назди мардуми сершумор сухан карданд.

БЕҲТАРИН САХОВАТ ОБОД КАРДАНИ ВАТАН АСТ
Охирин сафари кории Сарвари давлат соли гузашта 21 декабр ба ноҳияи Рӯдакӣ сурат гирифт. Зимни он, дар деҳаҳои Шаҳристон ва Оби Шифо дар маросими ифтитоҳи бинои наву замонавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 7 ва № 35 барои 2560 хонанда дар ду баст, ки соҳибкорони ватанӣ Абдухалил Ғуломов ва Нуршед Машрабов бунёд карданд, иштирок доштанд.
Пешвои муаззам мавриди истифода гардидани бинои нави муассисаҳои таълимиро ба сокинони деҳот муборакбод гуфта, ба шахсони саховатпеша барои амалӣ кардани иқдомҳои ибратбахш баҳри ободии Ватан изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Дар ниҳояти сафар, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Россия ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши хоҷагии деҳқонии «Содиқ - Сиддиқ» шинос шуданд.
Зимни он, ноҳияи Рӯдакиро мавзеи асосии таъмини сокинони пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати афзун кардани истеҳсоли маҳсулоти барвақтӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

БАРДОШТЕ ЧАНД АЗ САФАРКАРДАҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ
Дар давоми соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб ба ҳама шаҳру навоҳии мамлакат сафар доштанд. Сари сол бо оғоз дар пойтахт ва арафаи Соли нав бо анҷом дар ноҳияи Рӯдакӣ. Дар ин байн, Сарвари давлат барои ифтитоҳи беш аз 100 иншооти муҳим ва гузоштани санги асос барои бунёди зиёда аз 30 иншооти дигар дар наздики 50 шаҳру навоҳӣ ба вилоятҳои Суғд (се маротиба), Хатлон (чор маротиба), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (6 маротиба) ва ВМКБ рафтанд.
Аз ҷумла, ба Мурғоб, ки вақти бо чархбол озими ин гӯшаи дурдасттарини кишвар шудан, шамолу барфи сахт хатари ғайричашмдошт ба бор овард. Аммо, бо вуҷуди ин, ғаюрона сафарро идома дода, дар ин ҷо неругоҳи деринтизорро ба истифода доданд, ки он бар замми шодию нишоти мардуми ин ноҳияи баландкӯҳ, мушкили чандинсолаи норасоии барқро бартараф сохт. Дар Мурғоб Пешвои муаззами миллат боз як туҳфаи таърихӣ карданд. Ноҳия соли 1932 таъсис ёфта бошад ҳам, кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бинои маъмурӣ надоштанд. Аз файзи сафари муборакашон онҳо соҳиби бинои барҳавои замонавӣ шуданд.
Ҳамин тавр, аснои сафарҳои корияшон даҳҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ, муассисаи томактабӣ ва таълимӣ, қасри фарҳанг, маркази савдою маишӣ, меҳмонхона, истироҳатгоҳ, майдони варзиш ва ғайра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои беларуси худ муҳтарам Александр Лукашенко ду маротиба (16 май ва 29 сентябр) ба Ҳисор рафта, дар расми ба кор андохтани навбатҳои якуму дуюми корхонаи муштараки тракторбарории Тоҷикистону Беларус ҶСП “Агротехсервис”, бо ҳамтои ӯзбеки худ муҳтарам Шавкат Мирзиёев 27 сентябр дар Турсунзода дар маросими ифтитоҳи корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон “ТАЛКО Крантас” ва сардхона дар хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” иштирок карданд. Зимнан, тавре Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид карданд, ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз муҳимтарин рӯйдоди таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум мебошад. Корхонаи мазкур низ шаҳодати он аст, ки шарикии стратегии ду кишвар дӯстию ҳамкории халқҳоямонро вусъати тоза бахшидааст.
Тавре дар аввал зикр рафт, аснои ин сафарҳо хишти аввали бисёр иншооти гуногунтаъйинот низ гузошта шуд, ки аксарияти онҳо ҳамин сол ба кор медароянд.
Аз ҷумлаи муҳимтарин объектҳое, ки ба истифода дода шуданду мешаванд, пеш аз ҳама, махсус таъкид кардани сохтмони 9 корхона ва 50 бинои бисёрошёна дар пойтахт бамаврид аст. Зимни шиносоӣ бо ин лоиҳаҳои бунёдкорӣ Пешвои муаззами миллат фотиҳаи барори кор доданд. Бо эҳтимому ибтикори шаҳрдори ҷавон Рустами Эмомалӣ дар шаҳр теъдоди биноҳои маъмурию истиқоматии баландошёнаи хуштарҳ босуръат афзуда, Душанбе бо қабои сабзу гулгун сар ба само мекашад. Ҳамчунин, ба бунёди корхонаҳои саноатӣ рӯ овардан имкон, медиҳад, ки нуфузи пойтахт чун маркази саноатии кишвар аз нав барқарор карда шавад. Ба ин васила, ҳалли масъалаи муҳими иҷтимоӣ - таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ даст медиҳад.
Дар ин иртибот бояд гуфт, ки соли 2018 сиёсати созандаи Роҳбарияти олии кишвар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, алалхусус, бахшҳои истеҳсолиро таъмин карда, зиёда аз 150 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд ва дар се соли охир шумораи онҳое, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 дарсад коҳиш ёфт.
Аз сафарҳои сершумори Сарвари давлат метавон бардошти аҷибе бо унвони “дили беқарор” ва “ташнаи дидору суҳбат” кард. Вақте дар расми кушоди ягон корхонаи азим аз иштирокашон воқиф мегардем, ҳузурашон аҳамияти онро барои кишвар таъкид мекунад. Аммо, ҳангоми ифтитоҳи ягон боғчаи кӯдакон, мактаб ё сехи хурди дӯзандагӣ, ки 20 коргар дорад, фикре аз дилат мегузарад, ки набояд бо чунин воқеаи муқаррарӣ вақти пурқимати Шахси аввалро гирифт, бигзор раиси ноҳия ё ягон корманди масъули вазорат биравад. Вале, агар амиқтар андеша кунем, ин ҷо масъала дигар аст. Аввалан, тавре бармеояд, барои Сарвари давлат кори якумдараҷаю дуюмдараҷа нест. Дуюм, дили беқарорашон водор месозад, ки ҳамаашро бо чашми худ бубинанд. Дӯст доштани халқи худ илқо месозад, ки ба ин ё он маҳал рафта, бо баҳонаи ифтитоҳи ягон иншоот бори дигар бо мардум вохӯранд, суҳбати ошкору самимӣ кунанд, дарди дили онҳоро аз забони худашон фаҳманд ва мушкиле дошта бошанд, дар ҷояш ҳал намоянд. Оне, ки бо халқаш пайванди ҷонӣ гирифтааст, ҳеҷ рӯзҳову ҳафтаҳо дар ҳуҷраи корӣ нишаста наметавонад. Меҳру муҳаббат ба мардуми диёри худ ин аст як сирри маҳбубияту муваффақияти Пешвои баргузидаи халқ.
Бошад, ки ҷумла вазирону раисон низ, ки мардуми одиро танҳо ҳангоми ташрифи Пешвои муаззами миллат ба ёд меоранд, дар пайравӣ ҳар чи бештар миёни халқ бошанду хизматаш баҷо оранд.     
Бо чашми ибрат омӯхтани сафаркардаҳои Сарвари давлат ба як хулосаи амиқ меорад: соли 2018 - соли Пешвои муаззами миллат буд. Зеро, маҳз дар ҳамин сол талошҳои беш аз 10 - солаи собитқадамонаашон баҳри дубора аз сар гирифтани сохтмони барои ояндаи ҷумҳурӣ ҳаётан муҳим Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар манзари муқовимати шадид ва фишорҳои сиёсӣ натиҷаи матлуб дод ва чархаи аввалини он ба кор андохта шуд. Ин комёбии бузурги таърихӣ, пеш аз ҳама, ғалабаи фаромиллии Ҷаноби Олӣ буд, ки номи Тоҷикистонро бори дигар шуҳраи офоқ кард.
Алъон мо, хабарнигорон, низ аз бунёди ин иншооти нодир ифтихор дорем ва онро бо ташбеҳҳои волои “Неругоҳи тақдирсоз”, “Кохи нур” ва ғайра сифат мекунем ва онҳоро бо номи Ҷаноби Олӣ тавъам медонем. Барҳақ, муборизаи Сарвари давлат баҳри аз пайи бунёди неругоҳи баландтарини ҷаҳон шудан худ як достони комили ҷасорату мардонагӣ, хирадмандии роҳбарӣ, дурандешии сиёсатмадорист.
Оре, таърихро шахсиятҳо меофаранд ва таърихи ҳаёту корномаҳои онҳоро донистану омӯхтан худ беҳтарин сабақи ватандорист.
Соли нави 2019 оғоз ёфт, соле, ки марҳилаи муҳими омодагӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни мубораки 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин вазифаҳоро барои ин марҳила муайян карданд. Аз ҷумла, солҳои 2019 - 2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.
Яъне, дар пеш корҳои муҳими созандагӣ истодаанд, ки иҷрои онҳо пешрафти минбаъда ва устувори кишвари маҳбубамонро таъмин мекунад. Кафил Пешвои муаззами миллатанд, ки сафарҳои файзборашон соли равон низ идома хоҳанд ёфт. 
Хуршеди ҶОВИД,
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
Маҳмуд ҶӮРАЕВ,
“Ҷумҳурият” 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2019    №: 12,13, 14, 15, 17    Мутолиа карданд: 532

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед