logo

иқтисод

ХУҶАНД. ҚАДАМИ ҶИДДӢ ДАР САМТИ САНОАТИКУНОНӢ

Бори нахуст дар даврони соҳибистиқлолӣ  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар  шаҳри Хуҷанд  аз 1 миллиард сомонӣ гузашта,  соли  сипаришуда дар маҷмӯъ ба 1 миллиарду 132 миллион сомонӣ расид, ки ин нишондод, бешубҳа, қадами ҷиддиест ҷиҳати амалисозии  ҳадафи чоруми стратегии миллии кишвар оид ба саноатикунонии мамлакат.
Соли гузашта дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд дар заминаи технологияи муосир 12 коргоҳи нав, аз ҷумла «Моҳи пурнур», «Ориён пласт-2018», «Арча мебел», «Оби Ватан», «Рушди дӯстӣ», «Ариана металл пласт», «Ортекс», «Маҳсулоти нави сохтмонии тоҷик», мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, теъдоди умумии корхонаҳои тавлидотӣ ба 165 адад расид. Ин имкон дод, ки беш аз 2,5 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад.
- Ҳадафи чоруми миллӣ эълон гаштани саноатикунонии босуръати кишвар моро водор месозад, ки дар ин самт ҳамаи имконияту захираҳои мавҷударо ба таври муассир истифода барем. Пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба  саноатикунонии босуръат барои ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ саривақтӣ ва муҳим аст, - мегӯяд Алиҷон Абдуқаюмзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд, сарпарасти соҳаи саноати шаҳр.
Таҳлилҳо, фикру мулоҳизаҳои коршиносони машҳури кишвар аз он бозгӯӣ доранд, ки вилояти Суғд, бавижа шаҳри Хуҷанд, ҷиҳати рушди воқеии саноат имконияту захираҳои зиёдеро дорост ва дар фосилаи кӯтоҳ метавонад дар ин самт муваффақ шавад. Ба андешаи А. Абдуқаюмзода,  дар баробари татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонӣ мо бояд чандин масоили муҳими иқтисодиву иҷтимоиро ҳамзамон ҳаллу фасл кунем. Масалан, бо зиёдшавии теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ ба ҳаҷму сифати маҳсулот низ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан зарур аст.
Самари муассири мултипликативии саноатикунонӣ ин аст, ки  ба афзуншавии маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳамчунин, коҳиш ёфтани теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ ва афзоиши иқтидору имконоти содиротӣ мусоидат менамояд. Яке аз паҳлуҳои дигари мусбии саноатикунонӣ дар ҳамаи манотиқи мамлакат, бешубҳа, истеҳсоли ҳар чи зиёди молҳои воридотивазкунанда мебошад.
Талошҳои давлат ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он нигаронда шудаанд, ки  кишвари мо ба як давлати содиротӣ – худкифо табдил ёфта, ба ин васила,  сатҳу сифати зиндагии мардум низ боло равад. Ин маънӣ меҳвари асосии Паёми навбатии Пешвои миллатро ташкил медиҳад.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2019    №: 13    Мутолиа карданд: 306
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед