logo

сиёсат

МУЛОҚОТИ ВАКИЛОНИ ТОҶИК ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Тавре аз дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд, вакилони парлумони касбии мамлакат дар манотиқи гуногуни Федератсияи Россия бо ҳамватанони бурунмарзӣ мулоқот доштанд.
Дар маркази савдои “Южные ворота” - и шаҳри Москва вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон Бахтовар Сафарзода ва Ҳокимҷон Холиқзода бо ҳамватанон ва фаъолони ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва доираи васеи соҳибкорону кормандони як қатор  марказҳои тиҷоратии шаҳру вилояти Москва баргузор шуд.
Зимни он вакилон асосан оид ба мавзӯъҳои вобаста ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олии мамлакат, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа суханронӣ карданд.
Онҳо изҳор доштанд, ки имрӯз Тоҷикистон таҳти сарварии оқилонаю дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина ба ҳадафҳои стратегии худ ноил мегардад. Мисоли равшани он дар охири соли гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи аввали НБО «Роғун» мебошад, ки сарфи назар аз мушкилоту зиддиятҳо маҳз ба шарофати талошҳои шабонарӯзии мардуми сарбаланди кишвар ва иродаи сиёсии роҳбарияти давлату Ҳукумат муаяссар гашт.
Дар мулоқот яке аз мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон ин мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм буд. Роҷеъ ба масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм вакили Маҷлиси намояндагон Бахтовар Сафарзода гуфт, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъ ва эътибори худро дар арсаи ҷаҳонӣ бобати ташаббусҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар мубориза бар зиддӣ ин вабои аср дорост ва ҳеҷ гурӯҳи иртиҷоӣ ва иғвоангез наметавонад ба оромиву осоиштагии Ватани азизамон халал ворид намояд.
Ҳамчунин, дар назди ҳозирин Раъно Бобоҷониён, муовини Раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, Ҳокимшо Муҳаббатов, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Ватан», Меликбой Зокиров, узви Шӯрои уламои муфтиёти шаҳри  Москва баромад намуданд.
Дар анҷоми мулоқот вакилон ва фаъолони ҲХДТ ба ҳамватанон аввалин намунаҳои маводи нашрии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим карданд.
М. САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2019    №: 13    Мутолиа карданд: 321
29.09.2020


ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

РАШТ. ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ САМАР МЕДИҲАНД

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ТАРАБХОНАИ «ФОРЕЛ»

ТОҶИКИСТОН. 87,4 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед