logo

иҷтимоиёт

ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2018

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси шаҳр  Рустами Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 ҷаласа доир гардид.

Зикр шуд, ки соли 2018 маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 13,8  миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он нисбат ба соли 2017  7,3 дарсадро ташкил дод.
Чуноне зикр гашт, истифодаи самараноки иқтидорҳои нав ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда имконият фароҳам овард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ   18,3 дарсад афзуда, қариб ба 2,2 миллиард сомонӣ баробар шавад. Дар ин давра дар пойтахт 22 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуда, аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда 27 ҳазор ҷойи корӣ таъсис ёфт.
Таъкид гардид, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, давоми се соли оянда бунёди иншооти гуногун –  22 муассисаи таълимӣ, 74 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 133 бинои баландошёна ва амсоли инҳо  пешбинӣ шудааст.
Бо дарназардошти соли ҷорӣ баргузор шудани чорабиниҳои сатҳи байналмилаливу ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони беш аз бисту ҳафт кишвари олам, Рустами Эмомалӣ раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои дахлдор ва марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро муваззаф сохт, ки дар пойтахт корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшанд.
Пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳр дар соли 2018 қарори дахлдор қабул гардида, вазифаҳо барои давраи минбаъда муайян карда шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2019    №: 13    Мутолиа карданд: 124

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед