Хабарҳо
Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"
Ҳамкории Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» боз як соли дигар давом хоҳад кард. Дар ин бора Дилшод Ҷӯраев, ноиби президенти ФФТ ва Абдулқосим Валиев, директори тиҷоратии «Сомон Эйр», шартнома ба имзо расонданд.
Бино ба гуфтаи Абдулқосим Валиев, тайи ду соли охир ҳамкориҳои ширкат бо Федератсияи футболи Тоҷикистон самаранок буд. Ва ширкат танҳо соли 2018 барои сафарҳои тимҳои мунтахаби кишвар ба мамолики хориҷӣ 670 ҳазор сомонӣ харҷ кардааст.
Зикр гардид, ки соли гузаша бо дастгирии ФФТ бахшида ба 10-солагии таъсисёбии Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» мусобиқоти футбол гузаронда шуд.
М. БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 502