logo

иҷтимоиёт

БАРДОШТҲО АЗ ПАЁМ

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлуҳои ҳаёти мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифт. Инак, андешаҳои чанд нафар оид ба Паёми навбатӣ: 

Баҳодур НАЗАРОВ, 
сардори раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзӣ:
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат имкониятҳои истифоданашуда ва зарурати  боз ҳам беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоиро таъкид карданд. Самаранок истифода бурдани замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, рушди соҳаи тухмипарварӣ, зиёд кардани масоҳати гармхонаҳои доимамалкунанда ва шумораи сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот, беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти он аз ҷумлаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ба масъулони соҳаанд, ки масъулини соҳаро бояд сармашқи кор бошад.

Мирзобек ИСМОИЛОВ,
иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази патенту иттилоот:    
                                                                  
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ  ба баланд бардоштани сифати таълим, ҷалби истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ аҳамияти хосса медиҳанд ва дар Паём рушди илм ва технология, ҷалби афроди лаёқатманд, махсусан  ҷавонони кишвар ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ ва баланд бардоштани савияи дониши ҷавононро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа таъкид  карданд:  “Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардондани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад”.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат  дар самти дастгирии навоварону ихтироъкорони ҷавону наврас  ҳар сол аз ҷониби Маркази патенту иттилоот  озмун - фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони  наврас  ва  ҷавон»  таҳти  шиори  «Ҷавонон -  созандагони Ватан» гузаронда мешавад.
Ғамхориҳо ва дастуру ҳидоятҳои судманди Пешвои миллат  ихтироъкорону навоварони ҷумҳуриро барои расидан ба фатҳи қуллаҳои баланд  дилгарм сохта, ҳамчунин, вазифадор менамояд, ки фаъолияти худро ҷиҳати рушди соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ, аз ҷумла илму техника, ихтирооту навоварӣ, аз ҳарвақта дида бештар таҳким бахшанд. Зеро рушди ин соҳаҳо барои тараққӣ додани соҳаҳои дигари хоҷагии халқи ҷумҳурӣ заминаи асосӣ мегузорад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2019    №: 14    Мутолиа карданд: 176

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед