logo

иқтисод

БОҒПАРВАРӢ ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ҒИЗОӢ

Тибқи омори расмӣ, соли 2018 дар мамлакат 2851,2  гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст. Аз он 2654,4 гектарро боғ ва 195,5 гектарро токзор ташкил дода, 2515 гектар боғу токзор дар талу теппаҳои бо намӣ таъмин бунёд шудаанд. Соли гузашта истеҳсоли мева зиёд гардид. Боғпарварони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 447731 тонна меваҷоту 241790 тонна ангур истеҳсол намуданд ва ин боиси фаровонии маҳсулоти хушсифат дар бозорҳои дохилӣ гардид. 
Мавриди  зикр аст, ки дар кишвар бунёди боғҳои интенсивӣ, ки  дорои   афзалияти зиёд буда,  дар муддати 2 - 3 сол ба ҳосил медароянд ва хароҷоти худро дар кӯтоҳтарин  муддат мепӯшонанд, сол аз сол вусъат мегирад. Инчунин, ба гуфтаи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, аз боғҳои интенсивӣ имкони аз як гектар то 40 - 50  тонна рӯёндани ҳосил имконпазир аст. Соли 2018 дар ҷумҳурӣ дар 50 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд карда шудааст.
Олимони соҳа дар самти парвариши ниҳолҳои стандартии ба талабот ва иқлими маҳал ҷавобгӯ ба деҳқонон маслиҳатҳои судманд медиҳанд. Ба гуфтаи мутахассисон, барои лаззати мева обу ҳавои мусоид ва интихоби дурусти қитъаи замин ва барои сифати зоҳирии мева риояи талаботи агротехникии нигоҳубини боғҳои ҳосилдеҳ ҳатмист. Аз ҷумла, дуруст гузарондани шаклдиҳӣ, истифодаи нуриҳои органикӣ ва минералӣ, заҳрхимикатҳо ба муқобили зараррасонҳо ва касалиҳо, обёрии дурусти боғу токзорҳо ва дигар тадбирҳои агротехникӣ бояд дуруст ва сари вақт анҷом дода шаванд. Бе риояи қоидаҳои парвариш аксари ниҳолҳо пас аз гузаштани чанд муддат мехушканд. Яъне  боғпарварон бояд донанд, ки танҳо  бо иҷрои нақшаи ниҳолшинонӣ кор ба охир намерасад. Нигоҳубин ва назорати пайваста мебояд, то ки ниҳол хуб сабзида нашъунамо ёбад.
Соли гузашта бо мақсади пешгирии пайдошавӣ ва паҳншавии зараррасонҳою касалиҳои боғу токзор дар майдони 83679 гектар коркарди байни қаторҳо ва нармкунии бехи дарахтону токзор, 62759 гектар яхобмонӣ ва 52531 гектар коркарди кимиёвии боғу токзор гузаронда шудааст. 
Айни ҳол боғпарварони ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва амалигардонии Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 кӯшида, корҳои созандагиву ободкориро вусъат мебахшанд ва барои гузарондани ярмаркаҳои фурӯши ниҳолҳову Ҷашни Сада бо риояи фарҳанги хоси идона омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Дар чорабиниҳои мазкур дастовардҳои олимону кишоварзон пешкаши меҳмонону сокинони пойтахт мегарданд. 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2019    №: 14    Мутолиа карданд: 364
25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед