logo

номаҳо

САТРҲОИ СИПОС

Тӯли чаҳор рӯзе, ки дар бемористони “Истиқлол”- и шаҳри Душанбе хобидам, як амалиёти ногузири ҷарроҳии поро дидаву пушти сар кардам. Шояд ин як чизи муқаррарист, бемор шудану дар шифохона хобидану шифо ёфтан. Албатта, маъмурияти беморхона, табибону хизматрасонҳо дар дармонгоҳ вазифаи худашонро ба иҷро мерасонанд.
“Истиқлол” шояд бузургтарин бемористон ва дармонгоҳи кишвар аст ва табиист, ки ҳамаҷониба бе камиву костӣ нигаҳдорӣ кардани он  кори осон нест. Аммо чанд вижагии хуби ин маҷмаа ва бемористонро аз рӯи мушоҳидаҳои  худ мехоҳам зикр кунам.
Аввалан, муносибати хуб, табъи болидаи табибону ҳамшираҳо ва роҳбарият, ки  аз дами қабул то гусели бемор мушоҳида карда шуд. Дуюм, тартибу низом ва тозагиву ободии маҷмаа дар ҳама қитъаҳои он. Сеюм, муҷаҳҳаз будан бо навтарин василаҳои табобату муолиҷа, дастгоҳҳои модерни имрӯзаи тиббӣ. Ва оқибат, риояи тамоми қонуниятҳо, иҷрои меъёрҳои таъйиншуда.
Дар ин росто таассуроти худро аз муолиҷа дар “Истиқлол” баён доштанам ба он маъност, ки бемористон ва шифохонаҳои дигар низ метавонанд аз таҷрибаи ин бемористони намунавӣ ибрат гиранд. Як навгонии хуби дигар дар маҷмааи мазкур, ки мушоҳида кардам, ин аст, ки дар азназаргузаронии беморон, ки ҳар субҳ аз ҷониби табибон сурат мегирад, аксари вақт директори маҷмаа Абдуллозода Ҷамолиддин худ иштирок карда, аз тарзи хизматрасонӣ ба онҳо, аз камбудиву норасоиҳо пурсон мешавад, пешниҳоду дархостҳои беморонро худ мешунавад ва барои иҷрои онҳо чораҳо  меандешад. Ва гоҳе шабу нисфишаб ноогоҳ ба маҷмаа меояду аз иҷрои бенуқсони супоришҳо ва риояи талаботи коргузориву фаъолияти кормандон огоҳӣ меёбад. Ин боис шудааст, ки дар тамоми дармонгоҳу шифохонаҳои маҷмаа ҳамеша тартибу низоми кор хуб риоя мешавад.
Ҷиҳати дигари ҷолиб дар ин шифохонаи бузург он аст, ки дар ин ҷо кӯшидаанд беҳтарин мутахассисон ва табибони ҳозиқро ҷамъ оваранд. Хосса, мехоҳам аз табиби муолиҷавии худ, мудири шуъбаи осебшиносӣ ва радодӣ, ҷарроҳи сабукдаст  Абдуғанӣ Беков, ки амалиёти ҷарроҳиямро дар муддати беш аз як соат бо шогирдони худ дар сатҳи баланд ба анҷом расонду ман бидуни ягон шикоят имрӯз сари по ҳастам, самимона баён кунам. Албатта, ман на ҳама табибони ин даргоҳро мешиносаму метавонам баҳогузорӣ кунам, аммо онҳоеро, ки мешиносам, медонам, ки дар сатҳи баланданд. Ва яке аз онҳо табибу ҷарроҳи  чирадаст Азамат Ҳомидов, мудири шуъбаи ҷарроҳии қафаси сина ва рагҳои хунгард, мебошад. Ӯ борҳову борҳо мураккабтарин амалиёти ҷарроҳиро дар сатҳи баланд гузарондааст. Аммо, дар баробари ин ҳамеша фурӯтану хоксор асту содиқ ба қасами Гипократ.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.01.2019    №: 16    Мутолиа карданд: 808

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед