logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАШАББУСКОР ВА ПЕШОҲАНГ ДАР ҲАЛЛИ МАСОИЛИ ОБ

Тоҷикистон тайи солҳои истиқлолият дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, феълан дар байни кишварҳои олам обруи хос пайдо намуда, аз ҷумла пешоҳанги ҳалли масъалаҳои марбут ба об эътироф гаштааст. Ҳамаи пешравию муваффақиятҳои назаррас тавассути сиёсати хирадмандона ва заҳмату талошҳои зиёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Сарвари мо борҳо аз минбарҳои баланди байналмилалӣ ҳалли масъалаҳои мубрами башариятро манзури ҷаҳониён гардондаанд.
Дар маҷмӯъ, давоми 15 соли охир бо ибтикори Пешвои миллат 4 маротиба чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба масоили беҳдошт ва истифодаи оқилонаи захираҳои оби ошомиданӣ мавриди таваҷҷуҳи роҳбарони кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифтанд.
Имрӯз масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои об, кам кардани талафоти он, беҳтар гардондани сифати об ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои он доимо дар маркази диққати Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд. Дар ин замина мавқеъгирии ҳамгироёна нисбати масъалаҳои вобаста ба об, ки метавонад заминаи расидан ба комёбиҳои нав шавад, дар Барномаи ислоҳоти бахши оби  Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2025 пешбинӣ шудааст. Барномаи мазкур дар заминаи ду усули асосӣ: ҷудо кардани вазифаҳои сиёсӣ аз танзими фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ ва гузариш ба низоми идоракунии ҳавзавӣ таҳия гардидааст. Расидан ба мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ва дигар  вазифаҳое, ки ба  Ҳадафҳои  Рушди Устувори марбут ба оби СММ ворид гардидаанд, ҳамчунин, ба  Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дохил карда шуданд.
Баробари ин, кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳамкорӣ дар соҳаи об, бахусус дар сатҳи фаромарзӣ, зикр кардан бамаврид аст. Возеҳ аст, ки имрӯз мушкилоти вобаста ба обро бе ҳамкории фарогир, бахусус дар сатҳи фаромарзӣ, ҳал кардан ғайриимкон аст.  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мавқеи қотеонаи Тоҷикистонро нисбати мушкилоти печидаи обию энергетикии минтақа борҳо эълон карда таъкид менамоянд, ки танҳо ҳамкории ягона василаи оқилонаи ҳалли онҳо мебошад. Ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд. Президенти кишвар зикр карда буданд: “Таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд”.
Бар замми ин, бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе, Ню – Йорк, Женева ва шаҳрҳои дигари бузурги олам чорабиниҳои сатҳи баланд доир ба масоили об, аз ҷумла  конфронсҳои байналмилалӣ бо иштироки сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва ниҳодҳои масъул, баргузор гардиданд ва муҳимтар аз ҳама, тадбирҳои роҳандозишуда барои аҳли башар манфиат оварданд.  Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Гулсара АҲЁЕВА,
омӯзгори  МТМУ № 24 - и шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.01.2019    №: 16    Мутолиа карданд: 381
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед