logo

иҷтимоиёт

ИСФАРА. СИМОИ НАВИ ШАҲРИ КУҲАН

Исфара яке аз минтақаҳои қадимаи кишвар аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва заҳмати софдилонаи мардуми сарбаланду меҳнатдӯст ва илму адабпарвараш, беш аз пеш шукуфтан дорад. Сокинони ин шаҳри бостонӣ бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватан баҳри боз ҳам ободтар шудани он камари ҳиммат бастаанд.
Тавре раиси шаҳр Сиҷоуддин Саломзода иброз дошт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар партави сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю кӯшиши худро барои таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум равона кардааст.
Баҳри истиқболи сазовори  Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ шуд, ки дар доираи он 371 иншоот  бунёд ва таъмиру таҷдид мешавад. Ва дар ин замина, соли сипаригардида 64 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар 42 иншоот корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад.
Тармиму навсозии роҳҳои байналмилалию шаҳрӣ ва маҳаллӣ аз масъалаҳоеанд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба он эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Танҳо соли 2018 беш аз 173 километр роҳ таъмиру таҷдид гашт. Аз ҷумла, дар доираи лоиҳаи «Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ», ки Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ амалӣ намуда истодааст, навсозии роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Исфара тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ идома дорад. Дарозии роҳ 45 километр буда, 90 дарсади корҳо анҷом ёфтаанд. Ҳамчунин, тибқи фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4,2 километр роҳи маркази шаҳр - осоишгоҳи Зумрад, 2,2 километр роҳи кӯчаи С. Абдуллоев ва аз ҳисоби буҷети вилоятӣ роҳҳои кӯчаҳои Н. Ҳаитови маркази шаҳру Н. Асадуллоеви Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ асфалтпӯш шуданд. Бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ низ, зиёда аз 7 километр роҳҳои деҳот  мумфарш гардид. Ба ҷуз ин, то ҷашн таҷдиди роҳҳои Исфара - Боткен то сарҳади Қирғизистон, роҳи мошингарди Исфара - Нурафшон - Конибодом, Исфара - Шӯроб, Исфара - Нефтобод - Равот, Исфара - Зумрадшоҳ - Чорқишлоқ, Исфара – Моҳпарӣ, Исфара - Даҳана - сарҳади Ӯзбекистон дар назар дошта шуда, 52 километр роҳҳои дохилии деҳаҳо низ, таъмир хоҳанд гашт.
Роҳбарияти шаҳр, бо истифода аз сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ, барои таъмини аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Дар доираи амалигардонии лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва санитарияи деҳоти водии Фарғона”, то имрӯз қисми зиёди аҳолии деҳоти Кӯлканд ва Чилгазӣ бо оби нӯшоӣ таъмин гашта, татбиқи лоиҳаи обтаъминкунии деҳоти Лаккон оғоз ёфт ва бо амалишавии он беш аз 51 ҳазор нафар ба оби тоза дастрасӣ пайдо менамояд. Ҳамзамон, бо маблағгузории Бонки таҷдид ва рушди Аврупо навсозии хатҳои об ва канализатсияи шаҳр ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ идома дошта, канали “Мастчоҳӣ”, ки барои обёрии заминҳои кишоварзӣ истифода мешавад, аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Тибқи нақша, то соли 2021 дар аксари деҳот иншоот ва шабакаҳои обтаъминкунию ҳавзҳои нигаҳдории оби нӯшоӣ бунёд шуда, пойгоҳи обкашии “100 - солагии В. И. Ленин” дар деҳоти Лаккон барқарор мегардад.
Дар баробари ин, соли сипаригардида бо мақсади беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ ва, умуман, тақвияти вазъи инфрасохтори соҳаи тандурустӣ, шуъбаи бемориҳои асаби беморхонаи марказӣ бо харҷи 345 ҳазор сомонӣ навсозӣ шуда, бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша таъмири шуъбаҳои таваллудхонаву бемориҳои сироятӣ бо маблағи 306 ҳазор сомонӣ анҷом ёфт. Бо маблағгузории «Агентии Швейтсария оид ба рушд»  бо харҷи 300 ҳазор сомонӣ беморхонаи минтақавии деҳаи Чилгазӣ аз таъмири асосӣ баромад. Марказҳои саломатии деҳоти Чоркӯҳ, Нефтобод, Чилгазӣ, Кӯлканд, Хонобод ва шуъбаи тибби оилавии маркази саломатии шаҳрӣ таъмир ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гаштанд.
Бунёд ва таҷдиду навсозии муассисаҳои таълимӣ низ аз бандҳои муҳими нақшаи чорабиниҳо ба шумор меравад. То ин давра, маҷмааи варзишии замонавии литсеи № 1-и шаҳр бо 400 ҷойи нишаст, майдончаҳои хурди футболи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  №№ 18, 46 ва  се синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 70 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, китобхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12 таъмир гардид. Айни замон бо ҷалби соҳибкорону кумитаи падару модарон бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар як қатор муассисаҳои таҳсилотӣ ба роҳ монда шуда, то соли 2021 бинои нави маъмурии раёсати маориф, кӯдакистони хусусӣ бо 100 ҷой дар маркази шаҳр, боғча барои 50 кӯдак дар маҳаллаи Зебунисо, муассисаҳои таълимӣ дар маҳаллаи Моҳпарии шаҳр барои 1150 хонанда ва дар деҳаи Сангтӯдаи деҳоти Ворух барои 500 нафар хонанда бунёд мегарданд.
Боиси қаноатмандист, ки дар баробари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон низ барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатисозии мамлакат, ки Президенти кишвар зимни ироаи Паёми навбатӣ иброз доштанд, кӯшиш намуда истодаанд. Ҳамаи кӯшишҳо ба он равона шудаанд, ки дар татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат саҳмгузор бошему зиндагии арзандаи сокинонро таъмин созем. 
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
Лола РИЗОӢ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2019    №: 18    Мутолиа карданд: 283

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед