logo

маориф

АТТЕСТАТСИЯ. ОН БОЯД ВОҚЕЪБИНОНА ВА ШАФФОФ ГУЗАРАД

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба масъалаҳои муҳими соҳаи маориф – норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилотии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор супориш доданд, ки барои ҳалли мушкилот чораҳои зарурӣ андешанд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки кормандони соҳа ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронда шаванд.        
Барои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони баландихтисос ва ба ин восита беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот воқеъбинона ва шаффоф гузарондани аттестатсия хеле муҳим аст. Мақсади асосии аттестатсия низ муайян кардани дараҷаи салоҳияти касбӣ ва мувофиқати аттестатсияшаванда ба вазифаи ишғолнамуда мебошад, ки омӯзгорон ва кормандони илмиро барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва дараҷаи тахассус ҳавасманд месозад.
Пеш аз муҳлат гузарондани аттестатсия ва муайян намудани зарурати гузариши аттестатсияшаванда аз такмили ихтисос як навъ назорат ва ба танзим даровардани ҷараёни худтакмилдиҳии омӯзгорон барои беҳтар намудани касбияти онҳо ба ҳисоб меравад. Хеле муҳим аст, ки дар сурати аз як муассисаи таълимӣ ба муассисаи дигар ба кор гузаштани корманд дараҷаи тахассусӣ ва дониши ӯ санҷида шавад ё дар  ҳолати ба талабот ҷавобгӯ набудани аттестатсияшаванда ӯро ба вазифаи пасттар гузаронанд. Чунин муносибат имкон медиҳад, ки омӯзгорон масъулияти бештар эҳсос намуда, барои такмили донишу малакаи худ кӯшиш намоянд.  
Ҷумъахон Самиев, сардори шуъбаи кадрҳои сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, иброз дошт, ки дар давраи аттестатсия фаъолияти касбии омӯзгорон аз рӯйи ҷадвали махсус баҳо дода мешавад.
- Донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва риояи онҳо, қобилияти ташкилотчигӣ ва ташаббускорӣ, худтакмилдиҳӣ ва татбиқи технологияи компютерӣ ва иттилоотӣ дар фаъолияти касбӣ ва дигар хусусиятҳои инфиродии корманд, аз ҷумла донистани забонҳои хориҷӣ талаботи асосӣ ба ҳисоб рафта, иҷрои онҳо шарт ва зарур аст. Мутаассифона, дар қатори омӯзгорон ҳастанд нафароне, ки ба раванди пешрафти донишҳои муосир ҳамқадам набуда, талаботи хонандаро, ки қобилияти рушди босуръати зеҳнӣ дорад, қонеъ гардонда наметавонанд. Ҳол он ки дар ҷумҳурӣ барои худтакмилдиҳии омӯзгорон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, заҳмати устодон ҳамеша қадр мегардад, - гуфт Ҷумъахон Самиев.
Айни замон дар шаҳри Душанбе 145 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 197079 нафар хонанда фаъолият дорад. Шумораи хонандагон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6458 нафар ва омӯзгорон 61 нафар зиёд шудааст. Маҳз дар ин раванд, яъне зиёдшавии шумораи хонандагон ва бунёди муассисаҳои нави таълимӣ бо таҷҳизоти муосири донишандӯзӣ агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, беҳтар намудани сифати таълим ғайриимкон мегардад.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2019    №: 18    Мутолиа карданд: 547
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед