logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ ДӮСТӢ. СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД

Ҷиҳати омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ тадбирҳои бунёдкориву созандагӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ бомаром ҷараён доранд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, айни замон бунёди 117 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла сохтмони беш аз 40 иншоот, бомаром давом дорад. Танҳо соли гузашта 28 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва ба ин васила чанд нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.
Дар корҳои ободонӣ соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд саҳми босазо мегузоранд.
Дар даромадгоҳи ноҳия бо харҷи 1 миллиону 150 ҳазор сомонӣ дарвоза ва ҷой барои қабули меҳмонон, ҳамчунин барои кормандони шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии ноҳия дидбонгоҳи замонавӣ сохта мешавад.
Бо назардошти таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф ҷиҳати муҳайё намудани шароити хуб барои таълиму тарбия бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бунёди 6 кӯдакистон, муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаи иловагӣ дар назар аст. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар як кӯдакистон ва як муассисаи таълимӣ оғоз гашта, бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари наврасон ва ҷавонон ба китобу китобхонӣ эъмори 5 китобхона низ ҷараён дорад.
Дар доираи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 - 2021» бунёди 19 биною синфхонаи иловагӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи нақшаи омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳраку деҳот бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ бунёду навсозии марказҳои хизматрасонӣ, бунгоҳу марказҳои саломатӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, меҳмонхонаву чойхона, 4 толору 9 майдончаи варзиш ва амсоли инҳо ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмону таъмир дар ин иншоот оғоз гардидааст.
Раҳматулло КАРИМОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2019    №: 18    Мутолиа карданд: 237

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед