logo

иҷтимоиёт

ҚАҲРАМОНИ ДУ ҶАБҲА. БАРДОШТ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ АБДУНАЗАР ФАРМОНҚУЛОВ

21 январи соли ҷорӣ қалби охирин дорандаи 3 ордени «Шараф» аз Тоҷикистон Абдуназар Фармонқулов аз тапидан боз монд.
Абдуназар Фармонқуловро, ки то даъват шудан, ба сафи Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар хоҷагии «Шарқи Сурх» - и собиқ ноҳияи Ӯротеппа (ҳозира шаҳри Истаравшан) кор мекард, моҳи сентябри соли 1939 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват намуданд.
Хизматро дар шаҳри Городинои вилояти Мински Ҷумҳурии Белорусия ба сифати аскари қаторӣ оғоз намуд. Сипас, ба ҳайати қисми ҳарбии тирандози полки 270 - уми дивизияи 175 гузаронда шуд. Ҷанговари матинирода дар муҳорибаи якуми назди Москва ширкат варзида, аз худ диловарию мардонагӣ нишон дод. Далерию ҷасорати вай дар мудофиаи Москва қадрдонӣ шуд.  Баъдан қисми ҳарбиеро, ки дар он Абдуназар Фармонқулов хизмат менамуд, ба яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳри Сталинград ҳамроҳ намуданд. Ӯ дар озодкунии деҳаи Синдини ноҳияи Моисеевски вилояти Волинск низ ғайрату матонат нишон дод.
Ҳамин тавр, бо ҳукми тақдир Абдуназар Фармонқулов дар муҳорибаҳо барои озодкунии шаҳрҳои Москва, Киев, Харков, Минск, Варшава ва Прага ширкат варзида, то ба Берлин расид.
Аз 18 март то 13 апрели соли 1944 дар озод кардани деҳаи Вулкаи вилояти Волинск ширкат варзида, 7 нафар ҷанговари немисро ба ҳалокат расонд ва, 14 апрели соли 1944 бо ордени «Шараф» дараҷаи III сарфароз гардонда шуд. Бори дувум ӯ дар озод намудани деҳаи Синдини ноҳияи Моисеевски вилояти Волинск шуҷоат нишон дода, дар торумор намудани дастаи ҳарбиёни душман фаъолона ширкат варзид. Ҷавони далеру нотарс барои ин корнамоияш  бо фармони таҳти рақами 1347 аз 12 сентябри соли 1944 бо ордени «Шараф», дараҷаи II қадр гардид.
Бо мақсади нобуд кардани мудофиачиёни душман дар истгоҳи Мензелес ҷанговар А. Фармонқулов мавқеи мудофиавии душманро рахна карда, 5 ДЗОТ - ро безарар гардонд.
Барои далерӣ ва шуҷоатмандӣ дар озод намудани сарзамини Полша аз душманон моҳи феврали соли 1945  ба ордени «Шараф», дараҷаи I мушарраф гардида, ғалабаро дар соҳили дарёи Элба пешвоз гирифт.
Ҷанговари шуҷои Ватан баъд аз ҷанг  дар хоҷагии Шаҳристони шаҳри Истравшан ба кор даромада, то соли 1982 дар он софдилона хизмат намуд. Барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон барояш нафақаи махсус  таъйин гардида буд. Бо вуҷуди ин, то охири умр дар хоҷагии деҳқонии таъсисдодааш садоқатмандона меҳнат мекард.
Бо назардошти хизматҳое, ки қаҳрамони мо дар ду ҷабҳа анҷом додааст, имрӯз ному симои Абдуназар Фармонқулов кӯчаи қаҳрамонони шаҳри Хуҷанд ва маркази Истаравшанро зеб медиҳанд. Дар майдони «Ситораҳои Истаравшан» бошад, нимпайкараашро гузоштаанд, ки шоёни тавсиф ва намунаи ибрат аст.
Раҳмат ҚУДРАТОВ,
сардори раёсати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2019    №: 18    Мутолиа карданд: 312
27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед