logo

туризм

МУЪМИНОБОД. МАВЗЕЕ, КИ ТАЪРИХАН ТАБИАТИ САЙЁҲӢ ДОРАД

Хоҷагии  ҷангали  ноҳияи Муъминобод дар масоҳати беш аз 10 ҳазор гектар  - аз қаторкӯҳҳои Ҳазрати Имом то дарёи Ёхсу тӯл кашида, тамошои он ва мавзеъҳои  афсонавии Чилдухтарон, Зелолак, Ҷавзодараю Саркорон ба кас неру ва ҳаловат мебахшад. Дар ин мавзеъҳои ҷолиб беш аз 300 ҳазор дарахтони сояафкану мевадиҳанда, ба монанди зардолу, себ, сарв, акатсия, дулона, чормағзу бодом месабзанд.

Саидакбар Ҷалолов, директори хоҷагии ҷангали ноҳия, иброз дошт, ки ин мавзеъҳо барои рушди сайёҳии экологӣ имкониятҳои зиёд доранд. Барои ҳифзу нигоҳдорӣ ва бунёди ҷангалзорҳои нав ба парвариши ниҳол бо истифода аз тухмии хушсифат бештар афзалият дода мешавад. Хоҷагидорон ҳамасола то 4 ҳазор ниҳолҳои нав мешинонанд ва барои тозаю озода нигоҳ доштани буттаву ҷангалзорҳо тадбирҳо меандешанд. Ҷангалпарварони ноҳия дар мавзеъҳои хушобу ҳаво ба парвариши занбӯри асал низ машғуланд. Ҳоло шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 85 расидааст.
Айни замон дар парваришгоҳи Чилдухтарон парандагони зиёд, назири кабк, уқоб, бум ва қариб тамоми ҳайвоноти даранда мавҷуданд. Барои афзуншавии саршумор ва эмин нигоҳ доштани онҳо ҳар сол аз 4 тонна зиёд маҳсулоти ғизоӣ сарф мегардад. Табиати зебои ин мавзеъҳо ҳазорон сайёҳи хориҷиро ба худ ҷабл кардааст. Сайёҳони Швейтсарияву Олмон бештар ба шикори ҳайвонот майлу рағбат доранд. Мутахассисони соҳаи сайёҳӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки бо истифода аз имкониятҳои табиӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар ноҳия туризми экологиро вусъат бахшанд. Қисми зиёди 4500 номгӯй рустаниҳои кишвар дар талу теппа ва доманакӯҳҳои хоҷагӣ мерӯянд. Аз ин ҳисоб, ҳар сол хоҷагидорони ноҳия  барои истеҳсоли маҳсулоти доруӣ ба корхонаҳои саноатӣ беш аз 600 кило гиёҳҳои шифобахш месупоранд. Рӯзҳои наздик дар гузаргоҳи Заргарони ноҳия низ мағозаи фурӯши гиёҳҳои шифобахш кушода шуд. Тибқи нақша, ба наздикӣ дар ноҳия корхонаи хурди коркарди меваи хушк бунёд мегардад, ки ин ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва боз ҳам беҳтар шудани  сатҳи зиндагии мардуми деҳот мусоидат мекунад.                                                             
Нурулло ҲАСАНОВ,  ноҳияи Муъминобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2019    №: 19    Мутолиа карданд: 344

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед