logo

маориф

ОМӮЗГОР. АЗ ТАЪРИХНОМАИ САДОҚАТПЕШАИ РУСТОӢ

Аз хурдӣ бачаи қобил буд. Гапи касеро намегардонд. Кадом кореро фармоянд, зуд аз пайи иҷрояш мешуд. Дар бораи падар аз модар шунидани қиссаҳои афсонамонандро дӯст медошт, зеро, вақте ки худро шинохт, донист, ки қиблагоҳаш Амонпаҳлавон дар муҳорибаҳои зидди фашизми гитлерӣ дар гандумзорҳои Украина ба хоби абад рафтаву дар қалби мардуми он ҷо умри ҷовидона ёфтааст. Зиёд мехонд, то ки дар куҷо будани Украина, дар кадом шаҳр ё деҳа ё киштзоре дафн гаштани падарашро минбаъд дониста гирад. Фанни таърихро басо дӯст медошт ва дар тасаввури Ҳокими наврас падараш ба монанди қаҳрамонҳои аҳди қадим аён мегашт.
Ӯ ба ҳангоми иҷрои хизмати мардум обутоб ёфт, ҳезум мешикаст, замин каланд мекард, дар обёрии пахтазор низ пешсаф, хуллас дастёри беминнате буд. Аммо, ҳамин ки фурсат даст медод, китоб мехонд. Ба факултети таърихи Донишкадаи омӯзгории ба номи Тарас Шевченкои шаҳри Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) дохил шуд.
Дар деҳа ҷавонони донишҷӯ кам набуданд, вале наврасон бештар дар атрофи Ҳоким Амонов гирд меомаданд. Зеро ӯ онҳоро аз худ кам намедид, ба ҳар саволашон бо тамкин посух медод, аз ҳаёти калонсолони деҳа мисолҳо меовард, суханҳояшро бо ҳикоятҳо, нақлу ривоятҳо ва шеърҳои классикон тақвият мебахшид. Ба қавли умрдидаҳо, одамгарияш низ намунаи ибрат буд.
Баъди хатми донишкада дар мактабҳои Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ба таълиму тарбияи насли наврас пардохт. Аз соли 1968 то ба имрӯз садҳо шогирдонро ба ҳаёти мустақилона роҳхат додааст. Бисёр дастпарваронаш ихтисосҳои гуногунро соҳиб шудаанд, чанд нафар омӯзгори фанҳои таърих ва ҷамъиятшиносианд. Як шогирдаш номзади илм, устоди калони кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад. Вай тавонистааст меҳри касбу ҳунарҳои зиёдеро дар дили шогирдон ҷой намояд. Дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ низ аз мактаб ба ҷое нарафт, шогирдонро ба ҳоли худ нагузошту ба касбаш содиқ монд.
Муаллим Амонов бар замми фаъолияти  омӯзгорӣ  дар  ҳаёти  мардуми зодгоҳаш – деҳаи Зарнисор бо ташаббускориҳояш фаъол буда, дар ободониву сабзкорӣ, боғдориву пайвандгарӣ ва муҳимтар аз ин, дар тарғибу ташвиқи сиёсати ояндасози давлату Ҳукумат, хосса  дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм мегирад.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2019    №: 19    Мутолиа карданд: 349

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед