logo

сиёсат

БОНУВОНИ САНГВОР ДАР ТАДБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ФАЪОЛАНД

Асосгузори сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати занонро дар ҷомеа хеле боло дониста, модаронро арҷ мегузоранду ҷиҳати беҳтар намудани шароити зиндагиву фаъолияти меҳнатии занону духтарон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо тадбирҳои судманд меандешанд. Махсусан, дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ бори дигар таъкид намуданд, ки занон на танҳо тарбиятгари насли ҷавон, балки созандаи фардои кишваранд.
Занони ноҳияи Сангвор низ дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои миллат имрӯзҳо аз ҳуқуқҳои хеш пурра баҳравар буда, дар татбиқи сиёсати давлатӣ нақши бориз мегузоранд.  Ҳоло занони  қобили меҳнат дар ноҳия 5796 нафар буда, шумораи занон дар мақоми роҳбарикунанда ба 21, хизматчиёни  давлатӣ  аз  ҳисоби занон ба 8, соҳаи маориф ба 15, тандурустӣ ба 117, ҳифзи ҳуқуқ 2, фарҳанг ба 21 нафар расидаанд. Ба  маҷлиси вакилони халқи  ноҳия 13 бону аз ҷониби аҳолӣ вакил интихоб шудаанд. Вакилони ҷамоатҳои деҳот бошанд, аз ҳисоби бонувон 23 нафарро ташкил медиҳанд.
Пас аз Истиқлолияти давлатӣ  имконият  пайдо  шуд, ки тибқи Квотаи президентӣ аз соли   1997-ум  232  ҷавондухтар соҳибмаълумот гашта, 162 нафарашон донишгоҳу донишкадаҳоро  хатм намуда, дар ташкилоту  корхонаҳо кору фаъолият кунанд. Айни  замон, 70 духтар дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар тибқи квота таҳсил намуда  истодааст.
Мавриди зикр аст, ки дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 41 зан ғоибона таҳсили илм  дорад.
Солҳои  2013 - 2018 дар гурӯҳҳои мақсадноки  коллеҷи  тиббии ноҳияи Рашт аз ноҳияи Сангвор 95  нафар дохил шуда,  онро 34 нафар  хатм  карда, ба кор сафарбар гардиданд. 
Дар давоми  сол аз ҳисоби маркази шуғли аҳолӣ ва литсейи касбӣ - техникӣ зиёда 180 нафар занону духтарон, касбҳои дӯзандагӣ, қолинбофӣ, кор бо компютерро  аз худ намуда, 120 нафарашон  ба меҳнати  хонагӣ сафарбар гардидаанд.
Аз ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ   ба зиёда аз 145 зан касби занбӯриасалпарварӣ ва боғдорӣ омӯзонда шуд. Ҳоло дар ноҳия се маркази бонувон фаъолият дошта, ба занони бекор касбҳои дӯзандагиро омӯзонда истодаанд. Ҳамзамон, бо мақсади  баланд  бардоштани  малакаи  касбии  занони  хонашини  бешуғл  давоми соли  2018 баҳри тайёр намудани мутахассисон ва мусоидат намудан ба шуғли доимии онҳо бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар Ҷамоати  деҳоти  Тавилдара   16 зану  духтари хонашин  дар  коргоҳи дӯзандагӣ  ба кори доимӣ ҷалб гардида,  то фарорасии соли хониш 2800 ҷуфт либоси ягонаи  мактабӣ омода намуданд.
Дар арафаи  «Рӯзи оила» озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин  оилаи ҳунарманд» баргузор гардид, ки дар муаррифии занони ҳунарманд саҳми назаррас гузошт.
Умеда САТТОРБЕКЗОДА,
муовини раиси ноҳияи Сангвор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2019    №: 19    Мутолиа карданд: 382
10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед