logo

суханрониҳо

Табрикоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Ҷашни Сада, шаҳри Душанбе, 26 январи соли 2019

Ҳамватанони азиз!
Ба шарофати Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон суннату анъанаҳои бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои миллии халқи куҳанбунёдамон эҳё гардида, имрӯз дар ҳаёти мардуми мо ҷойгоҳи арзишманд пайдо кардаанд.
Сада ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин оинҳои эҳёшудаи мо буда, дар ҳамаи манотиқи кишвар таҷлил карда мешавад. Имрӯз, ки мо дар остонаи Ҷашни Сада қарор дорем, ҳамаи ҳамватанони азизро ба ифтихори ин оини деринаи мардумамон самимона табрик мегӯям.
Ниёгони мо панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро то Ҷашни Наврӯз ҳисоб карда, Садаро таҷлил мекарданд. Яъне Сада ҷашни омодагӣ ба Наврӯз буда, ин ду ҷашни қадима бо ҳам тавъам мебошанд. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашн низ дар ҳамин аст.
Гузаштагони мо Ҷашни Садаро ҳамчун падидаи кашфи оташ низ таҷлил мекардаанд. Яке аз сабабҳои ситоиши ин ҷашн дар осори шоирону адибони маъруфи мо низ аз ҳамин иборат мебошад. Зеро оташ на танҳо гармӣ мебахшад, балки рамзи рӯшноӣ мебошад. Дар айёми Сада рӯзҳо торафт дароз ва шабҳо кӯтоҳ мешаванд. Яъне аз ҳамин шабу рӯзҳо пирӯзии равшанӣ бар торикӣ ва некиву накукорӣ бар ҷаҳолату бадкирдорӣ оғоз мегардад, ки ин рамзҳо аз замонҳои хеле қадим ҳамчун ҷузъи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии мардуми мо пазируфта шудаанд.
Сада, ки аслан ҷашни деҳқонону кишоварзон мебошад, дар байни тоҷикон бо хусусиятҳои мардумиаш маҳбубияти хосса касб кардааст. Маҳз дар ҳамин айём марди деҳқон омодагиро ба фасли баҳор оғоз менамояд, аз пайи таъмиру тайёр намудани таҷҳизоти кишоварзӣ мешавад, нақшаи бунёди боғу токзор ва дигар корҳои баҳориро тарҳрезӣ мекунад. Дар рӯзҳои мусоиди омодагӣ ба ин ҷашн тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо низ аз ҷумлаи корҳои зарурии кишоварзон мебошад.
Бовар дорам, ки кишоварзони асили мо дар баробари таҷлили ин ҷашн ба масъалаҳои сари вақт шурӯъ кардани корҳои саҳроӣ ва гузоштани заминаи мустаҳкам барои истеҳсоли маҳсулот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд.
Аслан, Ҷашни Сада ҷанбаи табиӣ дошта, мобайни зимистон - вақте сардии ҳаво паст шуда, имкони бо замин сару кор гирифтан муҳайё мешавад, фаро мерасад. Мардуми кишоварз ҳангоми ба ҷо овардани суннатҳои ин ҷашн бо шодиву хушҳолӣ омадани баҳорро интизор мешаванд ва орзу менамоянд, ки аз баракати Ҷашни Сада баҳори пурфайз насибашон гардад.
Оину таомулҳои Сада одамонро ба амалҳои хубу писандида, аз қабили ба ҳам сухани нек гуфтан, ҳамдигарро эҳтиром намудан, дар осоишу оромӣ умр ба сар бурдан, дар ҳама ҳолат шарики ҳамдигар будан, кори хайр кардан, заминро дӯст доштан, табиатро ҳифз кардан ва дигар кирдорҳои нек даъват мекунанд. Яъне ҷавҳари Сада аз ҷанбаҳои инсонпарварона, дӯст доштани табиат ва расидан ба қадри обу замини диёр иборат мебошад.
Вобаста ба ин, ба олимону донишмандон зарур аст, ки паҳлуҳои норавшан ва аҳамияти ин ҷашнро омӯзанд, арзишҳои онро ба мардум, хусусан ба наврасону ҷавонон ҳамчун мероси фарҳанги миллиамон ва омили худогоҳиву худшиносии наслҳо таблиғ намоянд.
Бахусус, дар шароити ҷаҳони бесуботу ноороми муосир ва равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки ба фарҳангу маънавиёти мо низ таъсири манфӣ расонда метавонад, омӯзиши суннату анъанаҳои миллӣ ва истифодаи онҳо ба хотири ҳифзи ҳувияти миллӣ ва манфиатҳои давлату миллат бисёр муҳим мебошад.
Ҳамчунин, зарур аст, ки суннатҳои Ҷашни Сада барои тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона, обод кардани маҳали зист, сарсабзу хуррам гардондани гулгашту хиёбонҳо, бунёди боғу токзорҳо ва боз ҳам пешрафтаву зебо гардондани Ватани азизамон васеъ истифода шаванд.
Бори дигар ҳамаи шумо - ҳамдиёрони азизро ба муносибати Ҷашни бостонии тоҷикон - Сада самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ, сулҳу субот ва файзу баракат орзу менамоям.
Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.01.2019    №: 20    Мутолиа карданд: 391

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед