logo

Хабарҳо

ВАРЗИШИ САБУК. Ду медали варзишгарони тоҷик

Варзишгарони риштаи варзиши сабуки Тоҷикистон дар мусобиқаи 5-уми байналмилалӣ барои дарёфти ҷоизаҳои қаҳрамони олимпӣ Олга Рипакова дар Уст-Каменогорски Қазоқистон сазовори ду медал гардиданд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпӣ иттилоъ доданд, дар давидан ба масофаи 800 метр миёни мардон Одилшоҳ Исматов бо натиҷаи 1:53.39 сазовори медали нуқра шуд.
Давандаи дигари мо Кристина Пронженко миёни бонувон (400 метр) соҳиби медали биринҷӣ гашт.


ФУТБОЛ. Шикасти Булғория аз мунтахаби Тоҷикистон
Тими мунтахаби наврасони 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд – 2019» дастаи Булғорияро аз рӯи силсилазарбаҳои 11 - метра шикаст дод.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, қисми асосии вохӯрӣ бо натиҷаи 1:1 ба анҷом расид. Дар задани силсилазарбаҳои 11-метра дарвозабони тими наврасони Тоҷикистон Муҳриддин Ҳасанов маҳорати баланд нишон дода, ғалабаи мунтахаби кишварро таъмин намуд.


ТЕННИС. Наоми Осака ғолиби  Australian open – 2019
Ракеткаи чоруми ҷаҳон миёни бонувон Наоми Осака (Ҷопон) ғолиби мусобиқаи «Тoскулоҳи бузург» Australian open – 2019 гардид.
Тибқи иттилои сомонаи Евроспорт, Осака дар финал бо теннисбози шинохтаи Чехия Петра Квитова рақобат кард. Кувваозмоӣ 2 соату 30 дақиқа идома ёфта, бо ҳисоби 7:6 (7:2), 5:7, 6:4 ба суди Наоми Осака ба анҷом расид.
Ёдовар мешавем, ки Осака бори аввал ба гирифтани ин ҷоиза мушарраф мешавад.


AUSTRALIAN OPEN – 2019. Дастоварди рекордии Ҷокович
Теннисбози шинохтаи сербиягӣ Новак Ҷокович ғолиби мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург» Australian Open – 2019 миёни мардон гардид.
Тибқи иттилои сомонаи Евроспорт, ӯ дар финал Рафаэл Надали испаниро дар се сет (6:3, 6:2, 6:3) мағлуб кард.
Боиси зикр аст, ки Ҷокович маротибаи 7-ум ин ҷоизаро ба даст меорад ва он дар таърихи ин мусобиқа рекордӣ мебошад.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 191

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед