logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. ВУСЪАТИ ОМОДАГИҲО БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ ФАРХУНДА

Имрӯз ҳар нафаре, ки вориди ноҳияи Восеъ мегардад, шоҳиди корҳои созандагиву бунёдкорӣ хоҳад шуд. Восеъ чун дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, зери сиёсати хирадмандона ва ташаббусу иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату талошҳои сокинони шарафмандаш, дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон  намои тоза касб карда, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ривоҷу равнақ пайдо кардааст. Пулу роҳҳои ҳамвору мумфарш, кӯчаву гулгаштҳо, корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонӣ ва иншооти хуштарҳу замонавиаш далели ин гуфтаҳоянд.
- Ҳоло ҳукумати ноҳияи Восеъ ва сокинони заҳматкашу меҳнатқаринаш ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба гирифта, бо вусъати фаъолияти бунёдкориву созандагӣ ният дорем, ки ин ҷашни бузурги умумимиллиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирем. Ба муносибати ин ҷашни фархунда, нақшаи чорабиниҳо таҳия гардид, ки тибқи он 230 иншоот бунёду навсозӣ мегардад, - изҳор дошт раиси ноҳия Мӯсо Ғафурзода.

ИФТИТОҲИ ИНШООТИ НАВ
Воқеан, соли 2018 дар ноҳия корҳои ободонӣ вусъати тоза ёфта, як қатор иншооти нави ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла, дар шаҳраки Ҳулбук бинои кумитаи идораи замини ноҳия ва тарабхонаи “Истиқлол” қомат афрохта, роҳҳои он аз ҷониби шахсони саховатпеша таъмиру навсозӣ гардиданд. Сохтмони бунгоҳи тиббии деҳаи Ғофилобод ва асфалтпӯшу сангфаршкунии беш аз 2 километр роҳи он ба итмом расида, беморхонаи рақами 3 тавассути панелҳои офтобӣ бо барқи доимӣ таъмин шуд. 
Дар деҳоти Гулистон майдончаи футбол эъмор ёфта, осоишгоҳи Абуалӣ ибни Сино ба фаъолият шурӯъ намуд. Инчунин, дар мавзеи Баҳористон ва деҳаи Гулистон қариб 3 ҳазор бех арча ва дигар ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда шинонда шуд. Дар Ҷамоати деҳоти Абдӣ Авазов бошад, соли гузашта бунгоҳи тиббӣ, панҷ синфхонаи иловагии муассисаи таълимии № 64 ба истифода дода шуда, як километр роҳи деҳаи Восеободи Калон асфалтпӯш ва як километр роҳи деҳаи Чорводорон сангфарш гардид. Ҳамчунин, дар деҳаи Қайнар боғчаи бачагон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ мактаб - интернати хонандагони лаёқатманди деҳаи Кадучӣ таъмир гашт. Дар деҳаҳои Заркорон ва Хоҷа Ғалтон аз тарафи соҳибкорон коргоҳи хиштрезӣ таъсис ёфта, муассисаи тандурустии деҳаи Чорбоғ ва китобхонаи деҳаи Кадучӣ таъмиру навсозӣ гардиданд. Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ҳавзи Қайнар барқарор ва дар деҳоти Тугарак боғчаи бачагон, майдончаи варзиш ва сардхона сохта шуданд.
Корҳои ободонию созандагӣ дар деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев тавсеа меёбанд. Аз ҷумла, соли сипаригашта дар деҳаи Селбур маркази савдо ва хизматрасонӣ бунёд ёфта, 2900 метр роҳҳои байни деҳаҳои Ҳулбек, Арал ва Тосқалъа асфалтпӯш ва 4 километри дигараш сангфарш гардид. Ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкорон 3 чоҳи амудӣ эъмор ва бо дарозии 3 километр хати оби ошомиданӣ кашида шуд.
Дар деҳоти Худоёр Раҷабов низ сокинон аз пайи созандагиву бунёдкорианд. Аз ҷумла, соли гузашта дар ин ҷо бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ корхонаи асфалтбарорӣ бунёд гашт. Дар баробари ин, соҳибкорони маҳаллӣ майдончаи варзиш ва нуқтаи фурӯши сӯзишвориро ба истифода доданд.
Ҳамзамон, барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълим аз ҷониби шахсони саховатпеша як қатор муассисаҳои таълимии ноҳия таъмиру навсозӣ шуда, бо лавозимоти дарсӣ таъмин гардиданд. Ҳоло сохтмони қисми дигари муассисаҳои таълимӣ оғоз ёфта, бо арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохтааст. 

ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ
Феълан, дар шаҳраку деҳоти ноҳия эъмору навсозии беш аз 100 иншооти дигар, аз ҷумла муассисаҳои маъмуриву хизматрасонӣ, таълимиву тиббӣ, қасри фарҳанг, варзишгоҳ бо 20 ҳазор ҷои нишаст, майдончаву толорҳои варзиш, боғчаву марказҳои дилхушии кӯдакон ва савдову хизматрасонӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ ва атласу адрасбофӣ, хонаҳои истиқоматӣ, гулгаштҳои фарҳангию истироҳатӣ, корхонаҳои саноатӣ, меҳмонхонаҳо, гармхонаҳо, марказҳои хизматрасонии маишиву техникӣ ва асфалтпӯшу сангфаршсозии роҳҳо ҷараён доранд.
Ба ҷуз ин, ҳоло масъулон ният доранд, ки ба муносибати Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои “Энсиклопедияи Восеъ”, “Қадршиносӣ”, “Шохаҳои навбаҳор”, “Қадамҳои устувор”, “Аз пайроҳа то шоҳроҳ”, “Роҳи пуршараф”, “Намаки зиндагӣ” ва “Ба сӯи рӯшанӣ” - ро таҳияву чоп намоянд, ки ба сокинони ноҳияву ҷумҳурӣ туҳфаи арзанда хоҳад буд.
Имрӯз мардуми меҳнаткаши ноҳияи Восеъ ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, бо азму иродаи қавӣ барои пешрафти  кишвари азизамон пайваста заҳмат мекашанд. Ҳамин аст, ки ноҳия рӯз ба рӯз ободу зеботар ва зиндагии сокинони он беш аз пеш беҳтар мегардад.
Бахтовар КАРИМ, Комрон САФАР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2019    №: 21-22    Мутолиа карданд: 211

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед