logo

иҷтимоиёт

ТИБ. ҶАВОБГАРӢ ДАР БАРОБАРИ МАСЪУЛИЯТ БЕШТАР МЕШАВАД

Мушкилоти соҳаи тандурустӣ аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи мо маҳсуб меёбад. Дар ин маврид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш махсус таъкид карданд, ки табибон набояд дар касби пурмасъулияти худ хунукназарӣ кунанд ва ба иштибоҳ роҳ диҳанд.
Дар ҳақиқат, риояи қоидаҳои санитарӣ ва тавсияи дорувории дуруст бояд барои ҳар як табиби ихтисосманд шарти аввалини фаъолият бошад. Пӯшида нест, ки баъзе табибон камаҳамиятиву бетаҷрибагӣ зоҳир намуда, дар рафти муолиҷа чанд беморӣ ё вируси дигарро ба беморон интиқол медиҳанд, ки ҷои таассуф аст.
Ин ҳама сабаб шуданд, ки 2 январи соли ҷорӣ ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардид. Аз ҷумла, ба моддаҳои 129, 207, 210 тағйирот ворид шуд. Мувофиқи он, барои вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон гардидааст, бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба аз панҷ то дувоздаҳ сол (қабл аз тағйирот аз се то ҳашт сол буд) ҷазо дода мешавад.
Тибқи тағйироти қисми 2 моддаи 210 табиб агар аз беэҳтиётӣ зарари вазнин ба саломатии шахс (бемор) расонад ё вайро мубталои вируси норасоии масъунияти одам гардонад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати панҷ сол ҷазо таъйин мегардад.
Бисёр мехостем, ки хадамоти давлатии санитарӣ ва дигар сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ назоратро аз болои ин нуқтаҳои доруфурӯшӣ ва ашхоси алоҳида пурзӯртар намоянд. Аз ҷумла, аз такмили ихтисос гузаштани ҳар як табиб талаби замон аст. Чун тибби ҷаҳон ҳар лаҳза рушд дорад, навгониҳои техникиву технологӣ дар он аз ҳама бештар татбиқ мешавад.
Аз рӯи мушоҳидаҳо чунин ба назар мерасад, ки аллакай дар аксари муассисаҳои тандурустӣ кор ранги дигар мегирад. Табибон, бахусус табибони ҷавон, масъулияти бештар ҳис карда, бо дилгармӣ фаъолият доранд.
Марзия МАВЛОДОДОВА,
табиб – озмоишгар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2019    №: 23    Мутолиа карданд: 318
27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед