logo

маориф

МАОРИФ. БА КАСБИ ХУД СОДИҚ БОШЕМ!

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, роҳнамои рӯзгори неку пурсаодат ва фарогири масъалаҳои гуногуни соҳаҳои мухталифи кишвар буда, барномаи амалии фаъолияти тамоми сохтору идораҳои давлативу ҷамъиятиро барои соли 2019 дар бар мегирад.
Пешвои миллат зимни ироаи Паём ба масъалаҳои таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардондани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам бештари истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд. Дар робита ба мушкилоти соҳаи маориф Пешвои миллат, инчунин, таъкид карданд, ки айни замон дар соҳаи маориф ду мушкилии асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар.
Доир ба мушкилоти дувум ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки дар баробари тақвияти фаъолияти курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон ҳамаи кормандони соҳаи маориф, аз дастгоҳи вазорат ва сохторҳои маҳаллии он то устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликият, дар тамоми қаламрави кишвар ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронда шаванд.
Таъкид гардид, ки пеш аз ҳама, бояд ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, шумораи муассисаҳои томактабӣ бамаротиб зиёд карда шаванд ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароит муҳайё гардад.
Ҳамчунин, Сарвари давлат бори дигар зарурати забономӯзии хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёни муассисаҳои олии касбиро хуб қайд намуда, таъкид  доштанд, ки мо бояд ба ғайр аз забони модарии худ, инчунин, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро беҳтар ба роҳ монем, зеро омӯзиши забонҳои русиву англисӣ тақози замони муосир аст.
Фармудаҳои Сарвари давлат мо – омӯзгоронро вазифадор менамояд, ки бо истифода аз шароити мавҷуда ва дастрасӣ ба техника ва технологияи муосири инноватсионӣ рақобатпазирии кишварро дар арсаи байналмилалӣ таъмин намоем. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат фаъолияти минбаъдаи худро дар самти таълиму тарбияи насли наврас хуб ба роҳ монда, баҳри пешрафту шукуфоии Ватани мaҳбyбaмoн  ҳиссаи арзанда гузорем.
Мафтуна РАҶАБОВА, омӯзгори МТМУ №1, ноҳияи Зафаробод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2019    №: 23    Мутолиа карданд: 494
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед