logo

иҷтимоиёт

СИМОИ НАВИ ИСФИСОРИ КУҲАН

Исфисор, зодгоҳи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, яке аз марказҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва қадимтарин деҳоти кишвар маҳсуб ёфта, дарвозаест ба водии Фарғона ва шаҳри бостонии Хуҷанд. Исфисор, ҳамчунин, аз минтақаҳоест, ки аввалин навгониҳои ҳокимияти шӯроҳо дар ҳамин ҷо ба вуқӯъ пайвастаанд:  аввалин қатора, аввалин трактор,  аввалин мактаби шӯравӣ, аввалин колхоз...
Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров дар бораи зодгоҳаш бо як меҳрубонию ифтихор мегуфт:
"Ман чун аз Исфисор сухан гӯям, номи онро бо як эҳсоси шодмониву ифтихор ҳамчун сарзамини ҷаннатӣ ба забон мегирам ва ин бе ваҷҳ ҳам нест, зеро ин деҳа, аслан, садсолаҳо миёни мардум ҳамчун сарзамин маълуму машҳур будааст. Исфисор як пораи хоки Ватани азизи ман - Тоҷикистон аст".
Мавқеи деҳоти Исфисор аз назари коршиносон барои ривоҷу равнақи кишоварзӣ басо мусоид буда, он дар ҳама давру замон чун макони намудҳои гуногуни зардолую ангурҳои шаҳдбор ва бо чорводорони  чашмикордонаш машҳур аст. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар деҳқонони исфисорӣ ҳам хирмани бобаракати пахта меороянду ҳам ҳосили фаровони зардолуву ангур ва шолӣ мегиранд.Табиист, ки подоши заҳмати шабонарӯзии мардум рӯзгори осудаву зиндагии шоиста ва албатта, ободии деҳа мебошад.
- Бо назардошти он ки Исфисор дар шафати маркази ноҳия - шаҳраки Ғафурову шаҳри сайёҳон - Гулистон қарор дорад ва зодгоҳи фарзанди машҳур Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, масъулияти ҷиддиеро ба дӯш дорем. Ҳамеша ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳадаф аз онҳо  ободию созандагӣ ва зиндагии осудаи аҳолӣ мебошад, дар талошем, тадбирҳои муассир андешему пайваста иқдом ва тасмимҳои тозаро роҳандозӣ мекунем, - гуфт Ҷалолиддин Мирзоев, раиси Ҷамоати деҳоти Исфисор.
Тавре раиси ҷамоат иброз дошт, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гаштани солҳои 2019-2021 аз ҷониби Президенти мамлакат бошандагони Исфисор, бавижа соҳибкорони деҳотро баҳри иқдомҳои созанда илҳоми нав бахшид. Муроҷиати мардум ба хотири ҷудо кардани қитъаи замин баҳри сохтмону бунёди иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ афзудааст. Тибқи иттилои раиси ҷамоат, то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо маблағгузории соҳибкорони деҳа ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия роҳҳои дохили деҳа дар маҳаллаҳои Зархок дар масофаи 3 километр, Одил Юлдошев 1,5 километр, кӯчаи Бобоҷон Ғафуров 2 километр, варзишгоҳи марказии деҳа барои 10 ҳазор ҷойи нишаст, сартарошхона, бунгоҳи тиббӣ, ҳаммом ва кошонаи ҳусн таъмиру тармим гашта, ҳамзамон дар минтақаи табобатии соҳили "Баҳри тоҷик" бинои муҳташами 12 - ошёнаи "Кохи малика" бунёд меёбад. Умуман, дар ҳудуди Исфисор то ҷашни бузурги миллӣ 74 иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ сохта мавриди истифода қарор мегирад ва аҳолии деҳот сад дар сад бо оби босифати ошомиданӣ таъмин мешавад.
- Таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати ҳаллу фасли масоили иҷтимоии деҳот, хусусан бо ҷойи кор таъмин кардани ҷавонону бонувон боз ҳам зиёдтар гашта, дар маҳалҳо бо маблағгузорию дастгирии соҳибкорон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ марказҳои омӯзиши ҳунарҳои атласу адрасбофӣ, коргоҳҳои хурди ҳунармандӣ, аз қабили қаннодӣ, дӯзандагӣ, дуконҳои косибӣ ва марказҳои хизматрасонӣ бунёд мегарданд, -  иброз дошт Зариф Вализода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. 
Ҷовиди АШТӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2019    №: 23    Мутолиа карданд: 228

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед