logo

иҷтимоиёт

БЕМОРХОНАИ НАВ. ИҚДОМИ ХАЙРИ ЯК ҶАВОНМАРД

Бо иқдоми хайрхоҳонаи сокини ноҳияи Деваштич Садрӣ Саъдиев дар деҳаи Далёни Поёни Ҷамоати деҳоти Далёни Боло беморхонаи нави дорои 40 кат сохта мешавад. Беморхона дар масоҳати 1,5 гектар сохта шуда, шуъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллудхона, касалиҳои даруниро дар бар мегирад. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, маблағи умумии сохтмон 1 миллиону 217 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Садрӣ Саъдиев барои ин амали хайр ҳамдиёронашро аз дохилу хориҷи кишвар ҷалб кард, ки бо соҳибкорӣ машғуланд. Онҳо ҳам ӯро дастгирӣ намуданд. Ҳоло корҳои сохтмон дар арафаи анҷомёбист.
Зикр бояд кард, ки ноҳияи Деваштич яке аз ноҳияҳои калони вилояти Суғд буда, аҳолиаш зиёд аст. Имрӯзҳо беморхонаи марказии ноҳия талаботи аҳолиро пурра қонеъ карда наметавонад.
Масъалаи ёдшуда шахсони саховатпеша, соҳибкорони маҳаллӣ ва мардони банангро бетараф нагузоштааст. Аз ҷумлаи чунин афроди соҳибдил Садрӣ Файзиев аст, ки ба бунёди беморхона камари ҳиммат баст. Номбурда табиби собиқадор буда, аллакай чанде аз шогирдонашро аз шаҳрҳои Душанбе, Истаравшан ва Хуҷанд барои  кор  дар  беморхонаи  нав  ҷалб кардааст. Беморхонаи мазкур дар арафаи 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад ва дар ноҳия боз як табобатгоҳи давлатии дигар ба фаъолият мепардозад.
Ин амали Садрӣ Файзиев сабаб мешавад, то мушкили чандин корафтодагон осон шавад. Вазниншавии ҳолати бемор ва дигар ҳолатҳои вобаста ба саломатии аҳолӣ пешгирӣ гардида, онҳо метавонанд хизматрасонии тиббиро дар маҳали худашон гиранд.
Бино ба гуфтаи С. Файзиев, ин иқдоми ӯ аз ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2019    №: 24    Мутолиа карданд: 277

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед