logo

иҷтимоиёт

МУШКИЛОТИ КАЛОНИ ВОСЕОБОДИ ХУРД

Баъзе сокинон андеша доранд, ки  Восеободи Хурд ном гирифтан боиси беаҳамиятии масъулон нисбат ба масъалаҳои доғи ин деҳаи Ҷамоати деҳоти Абдӣ  Авазови ноҳияи Восеъ гаштааст.
Ва ин бесабаб ҳам нест. Зиёда аз 150 хоҷагии деҳа мувоҷеҳи мушкилиҳоанд.  Восеободи Хурд то ҳол майдончаи варзиш надорад. Аҳли  деҳа чанд дафъа ба раиси ҷамоат  муроҷиат карда бошанд ҳам, ин масъала то ҳол ҳал нашудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохӯрӣ  бо варзишгарони мамлакат ба масъулон дастур доданд, ки дар ҳар деҳа майдончаҳои варзиш бунёд  намуда, ҷавонону наврасонро ба тарзи солими зиндагӣ раҳнамун созанд. Аммо роҳбарияти Ҷамоати деҳоти Абдӣ Авазов ба арзи сокинони деҳа ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди майдончаи варзиш бо ҳар баҳона бепарвоӣ мекунад.
Сокинон бобати мактаби деҳа ҳам арзу шикоят доранд.  Бинои мактаб дар паҳлуи беморхонаи касалиҳои сил ҷойгир аст.  Хонандагон то ҳол дар мактабе, ки бо беморхонаи сироятӣ ҳамшафат аст, дарс  мехонанду волидайн аз вазъи саломатии онҳо ҳамеша дар ташвишанд. Пули деҳа валангор ва роҳҳои мошингарди дохили он низ кайҳо боз таъмирталаб шудаанд.
Роҳбарон шикоятҳои бисёрдафъаинаи аҳли деҳаро нодида мегиранд. Шояд баъди дар Нашрияи расмии мамлакат чоп шудани арзи сокинони деҳа роҳбарону масъулони ҷамоати деҳот ва ноҳия ба хулосаи даркорӣ оянд? Ҳамчунин, умед дорем, ки матлаб соҳибкорону саховатпешагони ин деҳаро сари нангу номуси ватандорӣ меорад.
Зафар  АКРАМОВ, сокини деҳа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2019    №: 24    Мутолиа карданд: 221

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед